Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

5 соли сӯхтаи умр. Саргузаштҳои Наимҷон дар зиндони Русия (ВИДЕО)


Наимҷон Ёқубов

Наимҷон Ёқубов

Мусоҳибаи Озодӣ бо Наимҷон Ёқубов, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки 5 соли зиндон дар Русия натавонистааст рӯҳияашро бишиканад.

Шаҳрванди Тоҷикистон Наимҷон Ёқубов охири соли 2014 баъди 5 соли зиндон дар Русия ба озодӣ баромад.

Ӯро соли 2009 барои иттиҳоми ҳифзу нигаҳдорӣ ва ҳам интиқоли маводи мухаддир аз озодӣ маҳрум карданд, вале ин иттиҳомро ӯ аз лаҳзаи нахустини боздошташ ҳамеша рад кардааст. Замоне, ки сохторҳои қудратии Русия Ёқубовро боздошт карданд, ӯ ронандаи таксӣ буд ва дар мошинаш як шаҳрванди дигари Тоҷикистонро ба маҳалле дар Маскав интиқол медод.

Наимҷон Ёқубов замони боздошташ аз боздоштгоҳи муваққатӣ дар вилояти Маскав бо Радиои Озодӣ чандин бор дар тамос шуда, дар бораи тафсилоти боздошташ, пойфишориаш ба бегуноҳӣ ва мушкилаш дар исботи ин қисса карда буд. Бо ин вуҷуд, додгоҳ ӯро ба 5 соли зиндон маҳкум кард. Ӯ ин 5 солро дар зиндонҳои вилояти Саратов сипарӣ кард.

Ҳоло баъди баромадан ба озодӣ ӯ талош дорад тавассути додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо дар Страссбурги Фаронса бегуноҳии худро исбот кунад.

Наимҷон Ёқубов, ки ҳоло 41 сол дорад, дар Тоҷикистон асосан дар Душанбеву Рӯшон зиндагӣ карда, миёнаҳои солҳои 1990-ум муддате дар факултаи забони англисии донишгоҳи омӯзгории Душанбе таҳсил кардаву баъдан бо сабаби ноамниҳо дар Тоҷикистон ба Русия муҳоҷират кард.

Дар як сӯҳбати видеоӣ тавассути Скайп аз шаҳри Маскав Наимҷон Ёқубов ба Радиои Озодӣ дар бораи саргузаштҳои худ дар зиндони Русия нақл кард.

Наимҷон Ёқубов: Рӯзе, ки маро боздошт карда дар нигаҳдории маводи мухаддир айбдор карданд, ман таксиронӣ мекардам. Ман бегуноҳ будам ва талош кардам барои исботи бегуноҳии худ аз созмонҳои байналмилалии мудофеи ҳуқуқи инсон ва ҳам сафорати Тоҷикистон кӯмакхоҳӣ кардам.

Озодӣ: Чаро, фикр мекунед, дар исботи бегуноҳии худ ноком шудед?

Наимҷон Ёқубов: Ман ҳамин тавр фаҳмидам, ки дар низоми сохторҳои қудратии Русия қонуни нонавиштае амал мекунад, ки ҳар ҷинояти марбут ба маводи мухаддир таҳқиқу кофтукоби зиёдро талаб намекунад. Барои онҳо муҳим ин аст, ки нишондодҳои кашфу ошкорсозии ҷиноятҳоро дар омор боло баранд. Ҳаминро ба ман як муфаттиш ҳам гуфт, ки “ту як воҳиди статистикие ҳастӣ, ки дар гузоришҳои госнаркоконтроли Федератсияи Русия бояд ворид шавӣ”. Аз сӯи дигар, матбуот он давра як тасаввуре эҷод карда буд, ки агар ин шахс тоҷик бошад, пас ҳатман қочоқчӣ аст. Ман аз ҳамин хотир ҳеҷ коре карда натавонистам

Озодӣ: Аммо чӣ хел шуд, ки дар мошини шумо маводи мухаддир пайдо шуд?

Наимҷон Ёқубов: Ин як провокатсияи сохторҳои қудратӣ буд. Ҳамон рӯзе, ки боздошт шудам, як амалиёти махсуси сохторҳои қудратии Русия ҷараён дошт. Ман он рӯз бо мошини худ аз бозори Черкизов, ки он ҷо ҳамватанони зиёди мо кор мекунанд, нафареро бо исми Бахтибеков Ҷӯрабек Беномович гирифта ба ҷои гуфтаи ӯ мебурдам. Моро нигоҳ доштанд ва баъди чанд лаҳза гуфтанд, ки маводи мухаддир пайдо шуд. Онҳо гуфтанд, ки ин мол моли ӯ аст ва ман шарики ҷиноятиаш ҳастам. Бахтибеков ба мӯҳлати 8,5 сол зиндонӣ шуд, ӯ ҳам, ки худро бегуноҳ меномид, чизе карда натавонист. Тафтишот гуфт, ки гӯё нафаре, ки ба Бахтибеков маводи мухаддир додааст, аз ҷои ҳодиса фирор кард. Вале мо мутаминем, ки ин доми сохтаи полис буд.

Озодӣ: Хуб, ба сари шумо ин балоҳо омад. Дар зиндон рӯзатон чӣ хел гузашт?

Шиор дар девори яке аз зиндонҳои Русия

Шиор дар девори яке аз зиндонҳои Русия

Наимҷон Ёқубов: Метавонам бо тамоми масъулият гӯям, ки он ҷо як фазои табъиз вуҷуд дорад, табъизи миллӣ, мазҳабӣ ва иҷтимоӣ. Масалан, ман тавонистам як ҳуҷҷатро ҳамроҳи худ аз зиндон берун барам. Ин ҷо навишта шудааст, ки “Ёқубов мехоҳад бо хешовандонаш телефонӣ ба забони модарии худ ҳарф занад, ки инро қонун иҷозат медиҳад”. Ходиме, ки масъули додани иҷозати ин санад аст, онро хат мезанад ва менависад, ки бояд бо забони русӣ сӯҳбат кунад. Боз иловатан менависад, ки дар сурати ғайр, дигар иҷозати сӯҳбатҳои телефонӣ дода намешавад.

Озодӣ: Чанд рӯз пеш як оморе нашр шуд, ки мегӯяд, дар зиндонҳои Русия беш аз 7,5 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд ва онҳо дар миёни хориҷиҳо аксариятро ташкил медиҳанд. Дар зиндоне, ки шумо нигаҳдорӣ мешудед, тоҷикон ҳам буданд?

Наимҷон Ёқубов: Бале, он ҷо ҳамватанони мо ҳастанд ва ман ҳоло барои сарнавишти онҳо ғам мехӯрам, намедонам, чӣ хел кӯмакашон кунам. Яке аз онҳо Сайнуров Хайрулло Абдуллоевичи 40-сола аст, ки ман баёноти ӯро аз зиндони шаҳри Пугачев бо худ берун баровардам. Ӯро ҳам бо роҳҳои сохта ба интиқоли маводи мухаддир ба мӯҳлати 8,5 соли зиндон маҳкум карданд. Вай дар ин ҷо худаш менависад, ки вақте ӯро боздошт карда дар ҳифзу нигаҳдории маводи мухаддир айбдор карданд, таҳдидаш карданд, ки агар гуноҳро довталабона ба гардан нагирад, ба мӯҳлати ҳадди аксар маҳкум мешавад. Дар зиндони рақами 17 шаҳри Пугачев, ки ман аз он ҷо берун шудам, тақрибан 20 шаҳрванди Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд, аз ин пеш ман дар зиндони рақами 4-и ҳамин шаҳр будам. Дар ин зиндон тақрибан 150 шаҳрванди Тоҷикистон буд. Дар байни онҳо шахсони воқеан ҳам қочоқбар ҳастанд, вале шуморашон назар ба онҳое, ки худро бегуноҳ ва қазияи худро сохтакоришуда меноманд, хеле зиёданд. Яке аз мушкилоти умдаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар зиндонҳои Русия ин аст, ки барои онҳо ҳақи тамоси телефонӣ ё хаттӣ бо сафорат ё консулгарии Тоҷикистон дода намешавад. Ман инро ҳам аз таҷрибаи худам медонам, ҳам аз зиндониҳое, ки ҳамроҳашон дар Саратов будам, ва ҳам аз ҳамватаноне, ки дар ҳолатҳои мухталиф ба ҳангоми интиқол аз як ҷо ба ҷои дигар бо онҳо вомехӯрдам. Бисёр мехоҳам, ки сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҳамин масъаларо ҳал кунад. Ирсоли ҳама номаҳо боздошта мешаванд. Масалан, ман худам вақте талош мекардам барои ҳақи конститутсионии худ дар дохили зиндон мубориза барам, маро қариб барои 2 сол ба боздоштгоҳи ҷазоӣ (штрафной изолятор) гузаронданд. Бо амри масъулини зиндон бинӣ ва устухонҳои қабурғаамро шикастанд.

Озодӣ: Ҳоло шумо ният доред, ки муборизаро барои пок кардани исми худ идома диҳед?

Наимҷон Ёқубов: Бале, идома медиҳам. Соли 2013 додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо (дар ш. Страсбург) номаи шикоятии маро зидди Русия қабул кард ва гуфт, ки дар нисбати ман бахшҳои 5 ва 6 Эъломияи Аврупо нақз шудааст ва ман бисёр умедворам, ки имсол ҳукми ниҳоӣ аз рӯи қазияи ман содир мешавад.

БАРОИ МАЪЛУМОТ: Аз 28,5 ҳазор маҳбусони хориҷӣ дар зиндонҳои Русия 7 786 нафар ва ё беш аз чорякаш шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Тоҷикон дар Русия аксаран бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ваё тақаллуби аснод ва поймол кардани қоидаҳои кору зиндагӣ дар ин кишвар маҳкум ба зиндон мешаванд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG