Пайвандҳои дастрасӣ

Муфтии Маскав: Набояд исми Аллоҳ дар забон одам кушт! (ВИДЕО)


Илдар Аляутдинов

Илдар Аляутдинов

Раиси идораи мусалмонҳои шаҳри Маскав мегӯяд, мониагузориҳои ҳукуматҳои Тоҷикистону Узбакистон ба таҳсилоти динӣ боиси бе саводи исломӣ мондани мусалмонҳо ва ин халоъро пур кардани пайравони равияҳои ғайр шудааст.

Раиси идораи мусалмонҳои шаҳри Маскав, пойтахти Русия Илдар Аляутдинов дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Узбакистон ва Тоҷикистонро айбдор кард, ки дар роҳи таҳсилоти динӣ мониаҳои зиёд эҷод мекунанд ва дар натиҷа ин халоъро дигарон пур кардаанд.

Дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Маскав 4 масҷиди ҷомеъ ва даҳҳо масҷидҳои панҷвақта амал мекунанд. Бахши аъзами намозгузорон дар ин масҷидҳоро дар қатори зодагони ҷумҳуриҳои мусалмоннишини худи Русия, ба мисли Тотористону Бошқирдистон ва ҷумҳуриҳои Қафқози шимолӣ, муҳоҷирон аз кишварҳои мусалмонӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон ташкил медиҳанд.

Муфтии Маскав гуфт, кадом як тамоюли афзоиши тундгароии мазҳабӣ дар байни муҳоҷирони мусалмон дар Русия, аз ҷумла дар миёни намозгузорони масҷидҳои пойтахти ин кишварро мушоҳида намекунад, вале “гурӯҳҳое ҳастанд, ки ҳадафмандона машғули ҷалб ва интиқоли афрод ба Сурияву Ироқ мебошанд.”

Илдар Аляутдинов гуфт, мардуми муҳоҷир бо мушкилоте ки дорад, барои чунин гурӯҳҳо як “тӯъмаи осон” шудааст: “Муҳоҷирон беҳимоятанд, мушкилоти зиёде бо ҷои кору пул доранд. Ва онҳоро бо ваъдаи таъмини манзил, пул ва шароити дигар ҷалб мекунанд ва дар ниҳояти амр ин мардум дар Сурия ё Ироқ пайдо мешаванд.”

Аммо як иллати асосии тундгароӣ ва чунин осон ба доми гурӯҳҳои ташвиқкунандаи “ҷиҳод” афтодани муҳоҷирон дар Русияро муфтии шаҳри Маскав дар “бесаводии амиқи мусалмонони чӣ муҳоҷир ва чӣ маҳаллӣ” мебинад: “Ин ба ҳама дахл дорад – ҳам ба қирғизҳо, ҳам ба узбакҳо ва ҳам ба тоҷикҳо. Мутаассифона, ман мебинам, ки ҳукуматҳои ин кишварҳо, бахусус дар Узбакистон ва Тоҷикистон, ба мардум имкони амиқтар омӯхтану фаҳмидани динашонро намедиҳанд. Аз ин рӯ, халоъе ба вуҷуд меояд, ки дигарон пураш мекунанд.”

Илдар Аляутдинов дар мусоҳибааш бо Озодӣ гуфт, дини Исломро ба суннативу тундрав ва ифротӣ ҷудо намекунад, балки Ислом дар асл як аст: Ман мутлақо бо ин истилоҳҳо розӣ нестам. Танҳо масъалаи донистан ва надонистани қонунҳову анъанаҳои Ислом дар миён аст. Инҷо.”

Яъне тақрибан мисли ҳамон байти маъруфи:

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб ки ҳаст, дар мусалмонии мост.

Муфтии Маскав гурӯҳҳое, чун “Давлати исломӣ” ва Ал-Қоидаро “мева”-ҳои сиёсату бозиҳои геополитикӣ номид, ки ба онҳо “як навъ ранги исломӣ додаанд.” Ба ақидаи Иляутдинов, “рафтори нафари ҷанганда нишон медиҳад, ки ӯ рабета ба Ислом надлорад. Медонед, ин сиёсат аст, ки ба ҳадаф ва вазифаҳояш номи динро мечаспонанд. Дин ба ин ҳама рабте надорад.”

Яке аз масҷидҳои Маскав

Яке аз масҷидҳои Маскав

Дар посух ба ин суол, ки оё ҷангидан дар Сурия ва кишварҳои дигар то куҷо барои мусалмонон даркор аст?, муфтии Маскав гуфт, “Қуръон” ҳолатҳоеро, ки мусалмон бояд барои дифоъ аз худ ваё бо аҳдофи дигар силоҳ ба даст бигирад, мушаххас кардааст: “Ту метавонӣ барои дифоъ аз худат, аз хонаводаат ва аз Ватанат силоҳ ба даст бигирӣ. Ба гардани касе бор кардани чизеву бо мазҳаб пӯшондани ин амал ғайри қобили қабул аст. Набояд исми Аллоҳ дар забон одам кушт! Вақте инсон инсонро мекушад, ӯ бо чунин тааррух ба ҳаёти як каси дигар имонашро, виҷдонашро ва тамоми муқаддасотеро, ки дорад, аз даст медиҳад.”

Ба ақидаи муфтии Маскав, Худованд инсоро ақлу фаросат додааст, то ба рафтораш бияндешад, вале “ин созмонҳо (“Давлати исломӣ” ва Ал-Қоида) лӯхтакҳоеянд, ки аз боло идораашон мекунанд. Мардуми оддӣ меҷангад, вале идораи онҳо дар дасти афроди дигар аст. Агар ту ҷангидан ва бозичаи дасти дигарон будан бихоҳӣ, ки агар қилатро бикашанд, пеш биравӣ ва қилатро накашанд, дарбимонӣ, марҳамат! Вале суол ин аст, ки оё натиҷа чӣ хоҳад шуд – биҳишт ё дӯзах?”

Намози ид дар Маскав

Намози ид дар Маскав

Бино ба гузоришҳо, дар сафи ҷангиён дар Сурия ва Ироқ беш аз 1000 нафар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва садҳо тани дигар аз вилоятҳои мусалмоннишини Русия меҷанганд. Мақомоти амниятии кишварҳои Осиёи Марказӣ бар инанд, ки аксари шаҳрвандони онҳо дар Русия ба сафи гурӯҳҳои “ҷиҳодӣ”-е, чун “Давлати исломӣ” ҷалб мешаванд. Таҳқиқи роҳи чандин ҷангии дар Сурия кушташуда ва шаҳодати онҳое, ки аз он ҷо баргаштаанд, низ ба ин далолат мекунад, ки онҳоро маҳз ҳангоми муҳоҷират дар Русия ба “ҷиҳод” ҷалб кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG