Пайвандҳои дастрасӣ

Моҳрӯ Ҳалимова: Мақсади ман - роҳхат ба Олимпиадаи Рио-2016 (ВИДЕО)


Моҳрӯ Ҳалимова

Моҳрӯ Ҳалимова

Моҳрӯ Ҳалимова, ки дар Бозиҳои Осиё дар Кореяи ҷанубӣ дар сабқати таэквондо ҷои сеюмро гирифт, мегӯяд, барои роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар шаҳри Рио-де -Жанейрои Бразилия мубориза мебарад.

Дар Бозиҳои XVII Осиё дар Инчони Кореяи ҷанубӣ мунтахаби Тоҷикистон бо шумули 90 варзишгар дар 16 намуд рақобат карда, 5 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ ) ба даст овард. Як медали биринҷиро барои Тоҷикистон Моҳрӯ Ҳалимова аз сабқати таэквондо овард.

Моҳрӯ дар сабқати таэквондо WTF байни занон Моҳрӯ Ҳалимова дар вазни + 73 кило ҷои севумро гирифт. Баъди ин ӯро ба ҳайси парчамбардори тими Тоҷикистон дар расми анҷоми Бозиҳои Осиё ҳам интихоб карданд.

Бояд гуфт, ки Моҳрӯ Ҳалимова баъди Лидия Карамчакова, ки соли 2012 дар Бозиҳои XIV Осиё дар Бусани Кореяи Ҷанубӣ дар риштаи гуштии озод дар вазни то 48 кг медали нуқра ба даст оварда буд, дар байни занон дувумин варзишгари Тоҷикистон аст, ки барандаи ҷоизаи Бозиҳои Осиё гардидааст.

Моҳрӯи 19-сола донишҷӯи соли аввали факултаи таэквондои Донишкадаи варзиши Кореяи ҷанубӣ мебошад.

Радиои Озодӣ дар Деҳаи Бозиҳои XVII Осиё дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ бо Моҳрӯ Ҳалимова суҳбате анҷом дод, ки ин ҷо метавонед тамошо кунед.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG