Пайвандҳои дастрасӣ

Феликс Кёрли: “Давои ифротгароӣ дар Осиёи Марказӣ демократия аст”


Сардабири "Форум-18" мегӯяд, режимҳои Осиёи Марказӣ аз мубориза бо ифротгароии мазҳабӣ танҳо як ҳадаф - ҳифзи қудратро дунбол мекунанд. Ӯ озодиҳои демократиро беҳтарин давои ифротгароӣ дар ин минтақа меномад.

Як таҳлилгари ғарбии масоили мазҳабии Осиёи Марказӣ мегӯяд, режимҳои ҳоким дар кишварҳои ин минтақа дар асл ягон сиёсати мушаххаси ҷилавгирӣ аз ифротгароии диниро надоранд, балки мубориза бо чунин равандҳоро боз ба як василаи дигари ҳифзи қудрати худ табдил додаанд.

Феликс Кёрли, сардабири сомонаи хабаргузории “Форум-18”, ки ахбору таҳаввулоти марбут ба ҳаёти мазҳабӣ дар кишварҳои дунёро пайгирӣ мекунад, рӯзи 22 октябр дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, тамоми талошҳои ҳокимони Осиёи Марказӣ дар роҳи мубориза бо ифротгароии мазҳабӣ танҳо як ҳадаф дорад – ҳифзи қудрат.

Феликс Кёрли, ки бо Озодӣ аз шаҳри Лондон сӯҳбат мекард, гуфт: “Сиёсати ин давлатҳо танҳо ба ҳифзи қудрат равона шудааст. Барои ҳамин ба онҳо на озодии баён лозхим аст, на озодии эътиқод, на демократия, на озодии гирдиҳамоиҳо ва на озодиҳои дигар. Ифротгароӣ барои онҳо танҳо баҳонаест барои эҷоди чунин маҳдудиятҳо дар ҷомиа.”

Кёрли мегӯяд, дар аксарияти кулли кишварҳои Осиёи Марказӣ, бо шумули Тоҷикистон, тақрибан аз маҳдудиятҳои яксон чӣ барои диндорон ва чӣ барои матбуот ва сиёсатмадорони мухолиф кор мегиранд. Бино ба мушоҳидаҳои хабаргузории “Форум-18”, тайи 23 соли гузашта аз суқути Шӯравӣ ва касби истиқлол кардани кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар ин минтақа садҳо нафар бо иттиҳоми ифротгароии мазҳабӣ ба зиндон андохта шудаанд.

Феликс Кёрли

Феликс Кёрли

Феликс Кёрли мегӯяд: “Ба далели набуди озодиҳои демократӣ, бахусус дар Узбакистон, касе шумори воқеъии афроди моил ба ифротгароиро намедонад. Мақомот пайваста дар бораи вуҷуди гурӯҳҳои пинҳонкори ифротгаро гузориш медиҳанд, вале дар шароити набуди демократия ва озодии матбуот, касе намедонад, ки то куҷо онҳо дар воқеъ хатарноканд. Шояд ҳукуматҳо пулу талоши худро барои онҳое харҷ мекунанд, ки дар асл имкон дорад, ки хатаре барои ҷамъият надошта бошанд. Дар чунин сурат, барои мубориза бо онҳое, ки дар воқеъ хатар доранд, пулу вақту нирӯи камтаре дар ихтиёри онҳо боқӣ мемонад.”

Ба ақидаи ин таҳлилгар, мақомоти интизомӣ дар Осиёи Марказӣ аксар вақт ба зидди гурӯҳҳои диние мубориза мебаранд, ки таҳдиде барои ҷомиа ба бор намеоранд: “Онҳо одамони одианд, ки танҳо мехоҳанд дар маконҳо ҷамъ шуда, намози худро, тавре ки худи онҳо мехоҳанд, бигузоранд.”

Сардабири сомонаи “Форум-18” бар ин бовар аст, ки мубориза бо ифротгароии мазҳабӣ бояд бар пояи унсурҳое, чун демократия, шаффофият ва ошкорбаёнӣ асос биёбад. Дар ғайри ин сурат, режимҳои ҳокими Осиёи Маркказӣ, ба назари Феликс Кёрли, дар ин арса муваффақ нахоҳанд шуд, балки дар муқобили хатарҳои воқеъӣ аз сӯи созмонҳои дар воқеъ ифротгарои мазҳабӣ бидуни пуштибонии кофии ҷомиа хоҳанд монд.

Ин сӯҳбат дар ҳоле анҷом шуд, ки дар Осиёи Марказӣ чӣ дар маҳфилҳо ва чӣ мақомот ҳама аз хатари созмони нави “Давлати исломӣ” ҳарф мезананд. Ин гурӯҳи ҷангӣ қаламравҳои бузурге дар Ироқу Сурияро тасарруф карда, андешаи сохтани як “хилофат”-и воҳиди исломиро ба гунаи хилофати асрҳои аввали зуҳури Ислом дар сар дорад.

Дар харитаи ин “хилофат” тамоми Осиёи Марказӣ бахше аз устони “Хуросон” зикр шудааст, ки бино ба нақшаи исломгароҳо, бояд ҳамчунин қисмате аз Эрон, Афғонистону Покистон ва Ҳиндро ҳам фаро бигирад. Гуфта мешавад, дар ҳайати “Давлати исломӣ” беш аз 1000 нафар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла то 200 нафар аз Тоҷикистон ҳам меҷанганд.

Феликс Кёрли дар посух ба суоли Озодӣ ки оё таҳдиди ношӣ аз “Давлати исломӣ” ва қасдаш барои тасарруфи қаламравҳои бузург, бо шумули Осиёи Марказӣ, то куҷо воқеъист?, гуфт: “Инро шояд касе надонад. Ҳукуматҳо дар кишварҳои ғайридемократӣ заифанд, чунки ҳамеша ба хатари табаддулот ва низои низомӣ рӯбарӯ мебошанд. Дар ҷомиаҳои демократӣ, бубинед, ҷанги шаҳрвандӣ ё низоъҳои мусаллаҳона ками андар кам дучор мешаванд. Табаддулоти низомӣ бештар дар ҷомиаҳои ғайридемократӣ рух медиҳанд, то дар ҷомиаҳои демократӣ.”

Аксари аҳолии кишварҳои Осиёи Марказиро мусалмонон ташкил медиҳанд. Феликс Кёрли мегӯяд, дар ин паҳно бештар аз ҳамабоз ҳам мусалмонҳо таҳти фишор қарор доранд: “Дар ҳар яки ин кишварҳо танҳо як равиши Исломро “давлатӣ” қарор додаанд. Пас онҳ мусалмонҳое, ки хориҷ аз итоати муфтиётҳои расмӣ қарор доранд, кистанд? Мухолифон? Ё одамони хатарнок?”

Бино ба гузориши “Форум-18”, ахиран дар Туркманистон 9 нафарро маҳкум ба зиндон карданд, чунки дини онҳо - “Шоҳидони Яҳво” – ба пайравонаш ба даст гирифтани силоҳро манъ мекунад. Дар Қазоқистон чанд мардро барои узвият дар созмоне бо номи “Сабри ҷамоат” мҳукми зиндон доданд. Дар Тоҷикистон ҳар сол даҳҳо нафар бо иттиҳоми узвият ё ҳамкорӣ бо созмону ҳаракатҳое, чун Ҳизб-ут-Таҳрир, Ҳаракати исломии Узбакистон, Ҷундуллоҳ, Ансоруллоҳ, Ҷамоати Таблиғ, Салафия равонаи зиндон мешаванд.

Феликс Кёрли аммо аз миёни ин ҳама хайли созмонҳои мазҳабие, ки дар Осиёи Марказӣ ифротӣ ҳукм шудаанд, хатари Ҳаракати исломии Узбакистон ва ҷунбиши Толибонро бузургтар ва ҷиддитар мешуморад, вале мегӯяд: “Аммо таҳдиди аз ҳамаи хатарнок ба диндорон дар Осиёи Марказӣ ҳукуматҳои онҳост. Намояндагони ҳукумат онҳоро мезананд, таҳдид мекунанд, молу мулкашонро мусодира мекунанд, ғайриқонунӣ ба зиндон мешинонанд, мавриди шиканҷа қарорашон медиҳанд.”

Хабаргузории “Форум-18” рӯйдоду таҳаввулоти марбут ба озодиҳои мазҳабӣ ва озодии баён дар кишварҳои дунё, аз ҷумла дар Шӯравии собиқро пайгирӣ ва гузориш мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG