Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Азиза Азизова, умеди 17-солаи варзиши тоҷик


Азиза Азизова
Азиза Азизова

Мавсими соли 2013 барои Азиза Азизова, варзишгардухтари тоҷик, соли бобарор буд. Ин гуштигири ҷавони тоҷик соли гузашта дар қаҳрамонии самбои Осиё дар Сеул ду медали биринҷӣ ба даст овард.

Хонандаи синфи 11-и мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 1-и шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон Азиза Азизова зимни сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки аз хурдсолӣ ба гуштӣ, ба вижа ба самбо ва дзюдо шавқи зиёд дошт ва дар ниҳоят ба ҳамин навъҳои варзиш рӯ овард.

Азиза Азизова мегӯяд: “Аз хурдсолӣ орзу мекардам, ки гуштигир шавам. Барои амалӣ шудани ин мақсади наҷиб бобою падарам маро дастгирӣ карданд. Ҳоло ман бо роҳбарии устодам Шарбат Маҷидов дар шаҳри Сарбанд тамрин мекунам. Аз соли 2012 дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти байналмилалӣ ширкат меварзам. Барои иштироки ман дар мусобиқаҳои қаҳрамонии Осиё дар шаҳрҳои Тошканд ва Сеул сарпараст Нурулло Ғозиев, сармуҳандиси НБО “Сангтӯда-1”, кӯмаки молӣ кард, ки аз он кас хеле миннатдорам. Орзу дорам, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ва Бозиҳои олимпӣ иштирок карда, Парчами миллии Тоҷикистонро баланд бардорам. Инчунин мақсад дорам, ки имсол баъди хатми мактаби миёна ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон дохил шавам.”
Азиза Азизова моҳи июни соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар риштаи самбои варзишӣ дар пойтахти Кореяи Ҷанубӣ - Сеул дар сабқати духтарон дар вазни то 65 кг дар байни навҷавонону наврасон ду медали биринҷӣ ба даст овард.

Вай, инчунин, порсол дар Бозиҳои дувуми ҷаҳонии ҳунарҳои размӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар мусобиқаи самбо миёни занон ширкат дошт. Вале Азизаи 17-сола дар рақобатҳо дар вазни то 68 кг дар даври ниманиҳоӣ барои медали биринҷӣ аз Алисе Шлесингери 25-сола аз Исроил мағлуб гашт.

Азиза Азизова дар Соли нави 2014 меҳмони барномаи “Ҷаҳони варзиш”-и Радиои Озодӣ буд. Сӯҳбати ӯро инҷо шунавед:

Азиза Азизова, варзишгардухтари тоҷик
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:47 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG