Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

А. Азимов: Мардум фирефтаи ғояҳои ба ном "демократия" нашавад! (ВИДЕО)


Раиси кумитаи амният ва дифои порлумони Тоҷикистон дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Озодӣ аз ҳузури шаҳрвандони тоҷик дар ҷанги Сурия, хатари толибон ва бӯҳрони Украина сӯҳбат кардааст.

Рӯзи 21-уми май порлумони Тоҷикистон бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонуни ҷиноии кишвар банди алоҳидаеро ба ин қонун шомил кард, ки бар асоси он шаҳрвандони тоҷике, ки ба низоъҳои мусаллаҳона дар хориҷи кишвар ҷалб мешавад ва ширкат мекунанд, муҷозот пешбинӣ менамояд. Мақомоти Тоҷикистон ҳадаф аз ин иқдомро ҷилавгирӣ аз ҷалбу ширкати ҷавонони тоҷик дар ҷангҳои кишварҳои хориҷӣ унвон карданд ва гуфтанд, ки "танҳо дар соли гузашта нисбати 6 нафар барои ширкат дар низоъҳои мусаллаҳона дар хориҷи кишвар парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва дар нисбати 3 нафари онҳо ҳукми додгоҳ содир шудааст."

Амирқул Азимов, собиқ котиби Шӯрои амният ва ҳоло раиси Кумитаи амният ва дифои порлумони Тоҷикистон рӯзи 21-уми май дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ нахуст аз зарурати ворид кардани банди алоҳида ба Кодекси ҷиноӣ сӯҳбат кард:

Амирқул Азимов: Албатта, дар асоси дигаргуниҳо ва тағйироте, ки дар ҳаёт ва муҳит ба вуҷуд меояд, қонун низ ин муносибатҳоро танзим мекунад. Тағйиру иловаҳои ахир ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон низ талаботи ҷомеа аст ва ин хеле зарур аст. Чун пеш аз ҳама мо шоҳиди он ҳастем, ки на танҳо шаҳрвандони мо, балки кишварҳои дигар дар иттиҳодияҳои ҷиноятӣ ҳамроҳ шуда ва дар кишварҳои хориҷӣ даст ба ҷиноят, ба хусус ҷиноятҳои вазнин мезананд. Ба ин хотир миқдоми ахир, дар заминаи тағйир додани муносибат ба ҷинояткориҳо қадами муҳим аст. Ҳамчунин мо ҳама шоҳиди он ҳастем, ки имрӯз дар минтақаҳои ҷангӣ, аз ҷумла дар Сурия, баъзе шаҳрвандони на танҳо худи Сурия, балки шаҳрвандони кишварҳое, ки бо ин ё он гуруҳҳои террористӣ алоқаманданд, дар бесуботии вазъ ва нотинҷ гардонидани он кишвар даст доранд. Ин қонун барои пешгирӣ кардани ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин гуна низоъҳо пешбинӣ шудааст.

Радиои Озодӣ: Воқеан агар қаблан хабарҳо дар мавриди ҷалб ва ширкати ҷавонони минтақаи Кӯлоб дар ҷангҳо алайҳи режими Башор Асад ва ҳатто кушта шудани дасти кам панҷ нафари онҳо садо дода бошад, ҳоло ҳатто аз ширкати ҷавонони минтақаи шимоли Тоҷикистон низ дар ҷанги Сурия хабарҳо шунида мешавад. Назари шумо ба ин тамоюл, яъне ҷалб ва ширкати ҷавонони тоҷик дар ҷанги Сурия чӣ аст?

Амирқул Азимов: Албатта дар бесарусомониҳои Сурия на танҳо ҷавонони тоҷик, балки аз дигар кишварҳо ҳам ширкат доранд. Ва яке аз сабабҳои нооромӣ дар ин кишвар пеш аз ҳама ҷалби чунин шаҳрвандон аз тарафи хадамотҳои махсуси давлатҳои хориҷӣ, ки ба нотинҷ кардани ин ё он давлат замина мегузоранд, мебошад. Агар яке аз омилҳои аслии ҷалб шудани ҷавонони тоҷик ба ҷанг дар Сурия камсаводии ин ҷавонон ва берун мондани онҳо аз назорати волидайн бошад, далели дигар он аст, ки хадамотҳои махсуси давлатҳои хориҷӣ дар ҷалби ҷавонони тоҷик ба ҷанг дар ин кишвар даст доранд ва ба ин манфитдор ҳастанд.

Радиои Озодӣ: Аммо дар канори сабабҳое, ки шумо фармудед, соҳибназарон маҳз мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ба хусус афзоиши бекорӣ, набуди ҷойи кор ва амсоли инро ангезаҳои ба истилоҳ сафарбар шудани иддае аз ҷавонони тоҷик ба ҷанг дар Сурия ба хотири дарёфти маблағ медонанд. Оё замоне фаро нарасидааст, ки ҳукумат барномаҳои мушаххаси амалиеро руи даст бигирад, то ҷавонони мо ба ин гуна гуруҳҳо напайванданд ва паёмадаш барои Тоҷикистон хатарзо набошад?

Амирқул Азимов: Иқдомоти давлати Тоҷикистон дар заминаи ҷилавгирӣ аз ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, ба хусус дар кишварҳои хориҷӣ ҳанӯз аввали соли 2010 шурӯъ шуда буд ва аввалин маротиба раисиҷумҳур дар мулоқот бо мардум дар вилояти Хатлон ба тамоми волидайни фарзандоне, ки дар донишгоҳҳои кишварҳои исломӣ таҳсил мекарданд, муроҷиат карда буд, то онҳоро ба ватан баргардонанд. Яъне аллакай дар ҳамон шабу рӯзҳо зарурати таваҷҷӯҳ кардан ба ин масъала пайдо шуда буд. Ба ғайр аз ин он чизе, ки имрӯз ҳукумат дар мавриди бо ҷойи кор таъмин намудани ҷавонон дар кишвар чорабиниҳо мегузаронад, ин ҳам як барномаи мушаххасест, ки барои пешгирӣ кардани ширкати ҷавонон дар амалиётҳои зидди давлатҳои беруна равона шудааст.

Радиои Озодӣ: Шумо фикр мекунед, ки ин кифоя аст?

Амирқул Азимов: Мавриди таъкид аст, ки танҳо бекорӣ сабаби гаравидани ҷавонон ба чунин гурӯҳҳо нест. Ин ҷо масъала бисёр мураккаб аст ва ман итминон дорам, ки ин масъалаи комплексӣ ё маҷмӯӣ асосан ба тарбияи фарзандон вобастагӣ дорад. Ҳатто бо ҷойи кор таъмин кардан ҳам намеатавон ин мушкилро аз байн бурд. Чун ин масъала танҳо хоси Тоҷикистон набуда, он дар замони имрӯза ба вуҷуд омадааст ва онро бояд ба кулли ҳаматарафа ҳал намуд. Дар ин кор на танҳо падару модар, балки тамоми шохаҳои ҳокимияту давлатдорӣ дар нисбати ба тартиб даровардани ҷомеа кор кунанд.
Амирқул Азимов дар бораи ҳузури ҷавонон дар чангҳои хориҷа
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:49 0:00

Радиои Озодӣ: Оё фикр намекунед, ки агар ин гуна идома кунад, манзур ҷалб ва ширкати ҷавонони тоҷик дар ҷанг дар Сурия аст, Тоҷикистон макони сафарбаркунии ҷавонон ба низоъҳо дар манотиқи ҷангзада мешавад?

Амирқул Азимов: Агар мо умуман вазъияти ҷаҳони имрӯзаро пеши назар орем, на танҳо дар Тоҷикистон балки қариб дар тамоми давлатҳои дар ҳоли рушд ва ҳам аз лиҳози иқтисодӣ пешқадам ҳамин гуна ҳаракатҳои зидди давлативу терористӣ вуҷуд доранд. Масъалаи мубориза бар зидди терроризм, яке аз масъалҳои бисёр ҳам зарурӣ дар муносибатҳои байни давлатҳо мебошад. Ман бар ин фикрам, ки дар ин робита пеш аз ҳама муҳити зидди террористӣ, ки имрӯз ҷаҳонро пахш кардааст бояд тағйир ёбад. Бояд тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ, талош ба он кунад, ки заминаи тероризм аз байн равад. Лозим аст, ки ҳамаи кишварҳо дар бораи ин зуҳурот фаҳмиши ягона дошта бошанд. Ин фаҳмиши ягонаи муборизаи зидди терроризм гардад. То он вақте, ҳамин фаҳмиши ягонаро амалӣ накунем, ин масъалаҳо ҳеҷ гоҳ ҳалли худро нахоҳад ёфт.

Радиои Озодӣ: Яъне манзур аз гуфтаҳои шумо дар мавриди набуди фаҳмиши ягона чӣ аст?

Амирқул Азимов: Худатон қазоват кунед, дар Сурия чӣ ҳодисаҳо мегузарад ва оиди ин масъалаҳо чӣ гуна баҳодиҳӣ аст. Яъне баҳогузориҳо мухталифанд ва то он даме, ки чунин бархӯрд идома мекунад, муваффақ шудан дар ин замина даргумон аст.

Радиои Озодӣ: Аз нигоҳи шумо чаро сохторҳои марбута барои ҷилавгирӣ аз ширкати ҷавонони тоҷик дар нооромиҳои Сурия дастёб намешаванд? Заъф дар чист?

Амирқул Азимов: На ҳамаи ҳодисаҳое, ки дар дунё рух медиҳанд, пешгӯишавандаанд. Ба ҳамин хотир, на ҳамеша сари вақт чора дидан имкон дорад. Тоҷикистони мо бо як идеологияи махсуси худ, бо низоме, ки ҳаматарафа аллакай сохта шуда буд, зиндагӣ мекард. Шароити дигаргуниҳо пеш омад ва дар ин ҷо бояд ҳамаи масъалаҳо тағийр меёфтанд. Лекин мо ки ба ин масъалаҳо дар вақташ омода набудем ва натавонистем пеши роҳи инро бигирем. Мардуми мо тайёр набуданд. Ҳодисаҳои солҳои 90-умро ба ёд орем, ки чи вазъиятро мо пушти сар кардем. На ҳама мардуми мо хоҳишманд ва тарафдори он дигаргуниҳое, ки баъзе пешвоҳо мекарданд, буданд ва бархеҳо намефаҳмиданд, ки мафҳуми ин дигаргуниҳо дар чист.Мо дар ҳамин давра худамон натавонистем роҳеро интихоб кунем ва бо он қадам бизанем. Ҳамин буд, ки мардум гумроҳ ва ба ҳар ҷарён шомил шуд. Мо бояд руирост гӯем, агар мо хоҳем, ки дар оянда давлатдорӣ кунем, бояд ба мардум фаҳмонем. ки ба он ғояҳои ба ном демократия фирефта нашаванд. Мо имрӯз танҳо нестем. Давлатҳои абарқудрате вуҷуд доранд, ки на ҳама вақт тарафдори тинҷиву амонӣ дар Тоҷикистонанд. Мо бисёр маъалаҳоро бо чашми ҳол дидем, дар минтақаҳои мо ҷудоиандозиҳо шуданд. Имрӯз бинед, ки намояндагони Иттиҳоди Аврупо дар Бадахшон рафта бо яке аз қумандонҳои пештара Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров сӯҳбат карданд. Суол ба миён меояд ин чӣ маъно дорад? Имрӯз мо ҳама медонем, баъзеҳо тавонистанд мардуми моро қариб ба минтакаҳо ҷудо кунанд. Бо талошҳои зиёди раҳбарияти давлат ва сохторҳои марбута мо тавонистем, ки каме оромиро дар кишвар ҷорӣ созем. Ҳоло бинед, бозиҳову найрангбозиҳо аз тарафи ин сохторҳои байналмилалӣ сурат мегирад. Мақсади онҳо аз сӯҳбат бо Маҳмадбоқир дар чист? Ман ин бародарро хуб мешиносам, магар чунин сӯҳбатҳо боз маънои нотинҷ кардани Бадахшонро надорад? Тинҷиву оромӣ дар Тоҷикистон на танҳо ба худи кишвар вобаста аст. Бояд мардум аз гузаштаи сахти худ хулоса барорад ва ба ҳар гуна Иттиҳоди Аврупову ҳар гуна шахсиятҳое, ки мехоҳанд Тоҷикистонро боз як бори дигар ба вартаи нотинҷӣ баранд, ҳушёр бошанд.

Радиои Озодӣ: Шумо, ки дар гузашта солҳо ба унвони котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон кор кардед, ҳамакнун вазъи амниятӣ дар кишварро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Амирқул Азимов: Вазъи амниятӣ ҳоло хуб аст. Вазъ ба чӣ бастагӣ дорад: Пеш аз ҳама ба ягонагӣ ва оромии мардум. Ман равшан мегӯям, мо ҳеҷ вақт ба он демократиябозӣ ба он созмонҳое, ки зери ливои ба ном демократия дар Тоҷикистон баъзе амалҳоро пиёда карда истодаанд, фирефта нашавем. Бояд ҳаматарафа, хунсардона пеши роҳи чунин иқдомоте, ки аз тарафи хадамотҳои махсуси баъзе кишварҳо мешавад, бигирем. Маҳз ҳаминҳо мехоҳанд, ки бо ҷалби фарзандони тоҷик ба ин ё он гурӯҳҳо баъзе ҳадафҳои худро амалӣ кунанд. Мардуми тоҷик ҳеҷ вақт ҷангара ё ҷангҷӯ набуд, вале барои ҳифзи ватану миллат метавонад ҳама чораҳоро бубинад. Барои ҳамин ҳам ман мегӯям, ки мардуми Тоҷикистон бояд дигар ба дасисаҳои созмонҳои хориҷӣ, ки гуё демократия месозанд бовар накунанд, чун ҷаҳон имрӯз дигар аст. Ба дигар мамлакатҳо назар кунед. Сурия ё Украина. Кӣ дар ин масаъалҳо даст доранд? Чаро созмонҳои бонуфуз дар ҳалли масаъалаҳои оид ба оромии ин кишварҳо мавқеъҳои якхела надоранд. Манфиатҳо ҳастанд. Ва имрӯз мардум кӯр нестанд ва мефаҳманд, ки ин манфиатҳои чӣ ҳастанд. Дар урфият як мақоли хуби тоҷикист: "Кӯр як бор асояшро гум мекунад." Мо бояд дигар асоямонро гум накунем.

Радиои Озодӣ: Аз нигоҳи шумо барои Тоҷикистон чӣ хатарҳои дохилӣ ва берунӣ вуҷуд дорад?

Амирқул Азимов: Дар дохили кишвар барои Тоҷикистон ҳеҷ хатаре вуҷуд надорад. Заминаи оромӣ дар кишвар ваҳдати миллӣ аст. Агар мо то охир ба ҳамин ваҳдат содиқ монем, ҳеҷ гоҳ Тоҷикистон нотинҷ намешавад.

Радиои Озодӣ: Аммо бо таваҷҷӯҳ ба хуруҷи нируҳои НАТО аз қаламрави Афғонистон ин ҳадсу гумонҳо аст, ки паёмади он метавонад барои кишварҳои ҳамсояи Афғонистон таҳдидовар бошад. Манзур фаъол шудани гуруҳҳои терористӣ ва ифротгаро дар қаламрави Афғонистон, ки ҳамакнун дар шимоли ин кишвар низ пайдо шудаанд?

Амирқул Азимов: Ман як чиз мегӯям, агар ҳар чӣ тезтар нерӯҳои НАТО аз Афғонитсон берун ояд, ҳамин қадар оромӣ дар минтақа ҳукмфармо мешавад. Бузургвори мо Фирдавсӣ дар бораи яке аз шоҳҳои золим Султон Маҳмуди Ғазнавӣ мефармояд, ки "Қадами номубораки Маҳмуд, гар ба дарё расад барорад дуд." Маҳмуди имрӯза НАТО ва нирӯҳои он аст. Ҳар қадар тезтар онҳо аз Афғонистон берун оянд, оромӣ дар Тоҷикистон ва минтақа ҳукмфармо мешавад.

Радиои Озодӣ: Яъне шумо бар ин боваред, ки гурӯҳҳои терорристӣ ҳеҷ хатаре ба амният нахоҳанд дошт, оре?

Амирқул Азимов: Агар дар робита ба Афғонистон ва Толибон бигӯем, Толиб кист?Вай фарзандони Афғонистонанд, ки бояд дар ватани худаш зиндагӣ кунад. Сулҳи тоҷиконро ба назар гиред. Мо солҳои сол ҷангу ҷидол кардем, лекин оқибат сулҳ кардем, фақат бо баргардонидани фарзандони Тоҷикистон ба ватан сулҳи пурра барқарор шуд. Иқдоми Ҳомид Карзай низ хеле хуб аст, ки бо Толибон гуфтугуро сар кард ва ин нақши бениҳоят муҳимро дар сулҳи Афғонистон мебозад.

Радиои Озодӣ: Пештар ба ҳаводиси Украина низ ишора кардед. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ дар нишасти ахири сарони ОДКБ ё СПАД ба таҳаввулоти Украина таваҷҷӯҳи амиқ кард. Шумо ба унвони собиқадори амниятӣ ба бӯҳрони Украина чӣ назар доред?

Амирқул Азимов: Он ҳаводисе, ки дар Украина мегузарад, мо бояд як нуктаро ба назар гирем, ки ин мардум бояд мушкилашро худ ҳал кунад. Дахолат ба ҳаёти ин ё он кишвар аз берун бояд набошад. Имрӯз мо ҳама мебинем, ки дар баъзе минтақаҳои Украина мардум, зидди сиёсати феълии бархе раҳбарони нави Украина шудаанд. Моро зарур аст, ки дар ин қазия фикри худи мардуми Украинаро гирем. На фикри баъзе созмонҳое, ки роҷеъ ба масъалаи ин кишвар, андешаҳои мухталиф доранд.

Радиои Озодӣ: Аммо Тоҷикистон аз чӣ мавқеъе дар қиболи бӯҳрони Украина кор бигирад? Ҳамроҳи Русия бошад ё чӣ?

Амирқул Азимов: Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр аст, дар ҳалли масоили байналмилалӣ фикри худашро дорад. Он чизе ки доир ба ҳаводиси Украина аст аллакай аз тарафи раҳбари кишвар зикр шуд, дигар духӯрагӣ оиди ин мавзӯъ нест ва намешавад.
XS
SM
MD
LG