Пайвандҳои дастрасӣ

Future Leaders Exchange Programm (FLEX) барои ҷалби хонандагони синфи 11-уми мактабҳои Тоҷикистон барои таҳсилу зиндагии яксола дар Амрико озмун эълон кардааст.

FLEX (Future Leaders Exchange Programm) хонандагони синфи 11 ва наврасони маълули 17-соларо, ки хоҳиши зиндагиву таҳсили яксола дар Амрикоро доранд, ба озмун даъват кардааст. Ин барнома ҳар сол аз тарафи Шӯроҳои амрикоӣ оид ба маорифи байналмилалӣ роҳандозӣ мешавад

Уктам Абдуллоев, ҳамоҳангсози барномаи FLEX, дар Тоҷикистон, гуфт, намояндагони Шӯроҳои амрикоӣ оид ба маорифи байналмилалӣ баъди як ҳафта барои гузаронидани тестҳо ба манотиқи Тоҷикистон хоҳанд рафт. “Як шарти асосии озмун ин аст, ки дар он танҳо муҳассилини синфҳои 11 ва он ҳам шаҳрванди Тоҷикистон иштирок мекунанд. Инчунин, талабаҳои имконияти ҷисмониашон маҳдуд, вале ба дархости озмун ҷавобгӯ низ даъват карда мешаванд. Аз довталабон нишондоди хуби академикӣ, дониши хуби забони англисӣ мутобиқи барномаи мактабӣ, ҷавобгӯ будан ба талаботи гирифтани визаи Амрико хоста мешавад”,-афзуд Абдуллоев.

Масъулони ин барнома мегӯянд, ҷараёни гузарондани имтиҳон, интихоби номзадон, шиносоӣ ва ташкили сафар дар доираи Барнома аз ҷониби Шӯроҳои амрикоӣ оид ба маорифи байналмилалӣ ташкил карда мешавад. Интихоби хонандагон бар асоси анкетаҳои пешниҳодгардида, тавсияномаи омӯзгорон сурат гирифта, номзадҳо бояд омодагии худро барои тибқи барнома дар муддати як сол зиндагӣ кардан нишон диҳанд.

Холмати Холиқ, ки бахши муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст, мегӯяд, ба ҳайси ғолиби озмуни FLEX соли хониши 2008–2009–ро дар иёлати Мичиган гузарондааст. Ӯ гуфт, беҳтарин баҳрае, ки аз як соли зиндагӣ дар Амрико бардошт, касби мустақилият буд, ки дар интихоби роҳи ояндаи зиндагӣ ба вай кумак мерасонад. “Аввал ин ки забони англисиро хеле хуб омӯхтам. Баъдан, фарҳанги тоҷиконро ба мурдуми Амрико ошно кардем. Зиндагӣ дар оилаи амрикоӣ ҳам бароям беҳтарин хотираҳоро мондааст. Фикр мекунам, ин гуна имкониятро барои мактабиёни тоҷик танҳо барномаи FLEX фароҳам месозад”,-нақл кард мусоҳиби мо.

Дар зимн, ин ягона барномаест, ки ба мактабиёни болаёқати тоҷик ба тариқи ройгон ё бепул имкони барои як сол зиндагиву таҳсил дар Иёлоти Муттаҳидаро муҳайё месозад. Дар чанд соли пеш дар Тоҷикистон барои ширкат дар барномаи FLEX, ки хонандагони синфҳои 9, 10 ва 11 интихоб мешуданд. Аммо давоми ду соли охир аст, ки дар озмун танҳо хонандагони синфҳои 11 имкони иштирокро доранд. Ва аз даҳҳо тане, ки барои санҷидани бахташон ҳуҷҷат месупорад, танҳо 26 нафар имкони таҳсил дар Амрикоро ба даст меоранду бас.

Давоми 23 соли фаъолияташ барномаи FLEX ба бештар аз 23 ҳазор хонандаи мактабҳои миёна стипендия додааст. Ҳар гирандаи стипендия муддати як сол дар оилаи мизбони амрикоӣ зиндагӣ ва дар мактаби миёнаи амрикоӣ таҳсил мекунад. Соли хониши 2014-2015 зиёда аз 900 хонандаи мактаб, бо шумули тахминан 20 мактаббачаи қобилияташон маҳдуд ва 26 донишомӯзи тоҷик, дар чорчӯбаи барномаи FLEX дар Амрико таҳсил доранд. Аммо намояндаҳоии барномаи FLEX дар Тоҷикистон мегӯяд, теъдоди довталабони соли таҳсили 2015-2016-ро дар моҳи апрели соли оянда дақиқ ва эълон хоҳанд кард.

Ҳукумати Амрико тамоми харҷи сафар, зиндагӣ ва таҳсили ин хонандагонро, ки барои ҳар кадомашон то 18 ҳазор доллар харҷ мешавад, бар зиммаи худ гирифтааст. Бар илова, барномаи FLEX барои ҳар кадом аз ин хонандагон дар давоми сафар ҳар моҳ 125 доллар стипендия ва 300 доллар ҷубронпулӣ таъин кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG