Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи мусаллаҳона ба саррофон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, шаби 15 ноябр як нафари мусаллаҳ бо корд ба як нуқтаи саррофӣ дар шаҳри Душанбе ҳамла карда, ду нафарро маҷрӯҳ ва 7400 долларр ғорат кардааст.

Бино ба гузориши вазорати умури дохилии Тоҷикистон, шаби 15 ноябр як нуқтаи табодули асъор дар шаҳри Душанбе мавриди ҳамлаи як марди мусаллаҳ бо корд қарор гирифтааст. Дар сомонаи расмии ин вазорат дар ин робита аз ҷумла гуфта мешввад: “Рӯзи 15.11.с.2014, тахминан соати 21.10 дақиқа шахси номаълум мусаллаҳ бо корд бо роҳи зӯроварӣ вориди нуқтаи мубодилаи асъор, воқеъ дар кӯчаи Синои ш. Душанбе шуда, 3 маротиба ба бадани корманди коргоҳи мазкур Баллаев Саймуъмин, соли таваллудаш 1981 ва 1 маротиба ба бадани шаҳрванд Ҳайитов Алишер, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Шаҳринав бо корд зада, аз он ҷо ҷамъ 7400 доллари ИМА маблағи пулиро тасурруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа шаҳрванд Баллаев С. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.»

Пулис мегӯяд, дар ҷараёни таҳқиқот маъмурони шӯъаи аввали корҳои дохилии ноҳияи Синои пойтати Тоҷикистон бо гумони даст доштан дар содир намудани ҷинояти роҳзанӣ Игамбердиев Шӯҳрат, соли таваллудаш 1977, сокини ноҳияи Шуғнонро дастгир кардаанд. Гуфта мешавад, «далелҳои шайъӣ - 1 адад корд ва 7400 доллари ИМА гирифта шуд. Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.»

Ин нахустин мавриди ҳамла ба саррофон ва нуқтаҳои саррофӣ дар Тоҷикистон нест. Дар моҳи апрели соли равон дар ноҳияи Ашт як саррофи “Амонатбонк” бо истифода аз аслиҳаи оташфишони ҳамкораш кушта шуда, пулис гумонбари аслӣ дар ин кушторро дастгир кард. Дар моҳи июни соли 2013 афроди мусаллаҳ 5 узви хонаводаи як ҷавоҳирфурӯш ва сарроф дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба қатл расонданд. Дар соли 2012 як сарроф дар Истараҳвшан ва якеи дигар бо номи Манучеҳр Мирзоев дар Душанбе кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG