Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз ду ҳазор адвокат дар Тоҷикистон 312 нафар боқӣ мондаанд


Лаҳзае аз имтиҳони вакилони мудофеъ

Лаҳзае аз имтиҳони вакилони мудофеъ

Дар Тоҷикистон қонуни нави адвокатҳо ба иҷро даромад. Бар асоси он танҳо вакилони дифое, ки аз имтиҳони тасдиқи касбият гузаштаанд, ҳаққи иштирок дар парвандаҳоро хоҳанд дошт.

Масъулони Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳоло дар тамоми қаламрави кишвар 312 нафар соҳиби мақоми адвокати ваколатдорро ба даст овардаанд. Аммо дар ин феҳрист, ки дар торнамои расмии Вазорати адлия нашр шудааст, исми вакилони дифое чун Файзиннисо Воҳидова, Раҳматулло Зоиров ва Солеҳҷон Ҷӯраев дида намешавад. Ин вакилони мудофеъ ё дар имтиҳони тахассусӣ иштирок накардаанд ва ё аз имтиҳон нагузаштаанд.

Имтиҳони тахассусӣ ё касбии вакилони мудофеъ баъд аз қабул ва ба иҷро даромадани қонуни нав дар бораи фаъолияти вакилони мудофеъ дар аввали соли ҷорӣ сурат гирифт. Талаби супурдани имтиҳоне, ки аз 1000 савол доир ба ҳуқуқ, таърих, сиёсат ва ҳатто фарҳанги миллӣ иборат аст, ба гуфтаи масъулони Вазорати адлия, ба хотири боло бурдани сатҳи касбияти вакилони дифоъ ва беҳтар кардани хидматрасниҳои ҳуқуқӣ ба мардум аст.

Аммо ҷорӣ кардани ин талабот дар асл натиҷае ба бор орвард, ки беш аз 700 вакили дифоъ дар ҳошия мондаанд. Коршинсон мегӯянд, ҳоло 312 вакиле, ки расман дар Тоҷикистон эътироф шудаанд, барои беш аз 8 миллион аҳолии кишвар кофӣ нест.

Ватан Абдураҳмонов, вакили мудофеъ, ки дар гузашта ба аҳйси судя ё додрас кор кардааст, мегӯяд, бо 312 адвокат таъмин кардани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон амри муҳол аст. Ӯ 30 март дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, “дар таҷрибаи байналмилалӣ сари ҳар 20 ҳазор нафар аҳолӣ бояд на камтар аз 5 адвокат рост ояд. Дар мо бошад, ҳамагӣ 312 адвокат, ки агар ба 8 миллион тақсим кунем, тақрибан ба сари ҳар 26 ҳазор нафар як адвокат рост меояд. Ин чи хел мешавад? Ин нокифоя аст. Дар Тоҷикистон ба камияш бояд 1500 адвокат фаъолият дошта бошанд.”

Ватанов мегӯяд, қонуни нави адвокатҳо, ки ҳамакнун ба иҷро даромад аслан ба Сарқонун ё Конститутсия мухолифат мекунад. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, “Конститутсия ба ҳар як шахс ҳуқуқ ба меҳнатро кафолат додааст, аммо дар қонуни адвокатҳо омадааст шахсе, ки доғи судӣ дорад, ҳаққи адвокат шуданро надорад ва ин нақзи ҳуқуқи меҳнатии шаҳрвандон аст.”

Ин додраси собиқ гуфт, мувофиқи муқаррароти қонуни нав, адвокатҳо ба ҷуз аз ин фаъолият ҳақ надоранд ба ҳайси ҳуқуқшинос дар ин ё он ширкат фаъолият кунанд, ки ин ҳам як навъ маҳдуд кардани дораи фаъолияти адвокатҳо будааст.

Абдуқаюм Юсуфӣ

Абдуқаюм Юсуфӣ

Аммо Абдуқаюм Юсуфов, узви раёсати Коллегияи адвокатҳои Тоҷикистон, мегӯяд, дар ояндаи наздик дар кишвар камбуди адвокатҳо набояд ба миён ояд, чунки комиссияи инимтиҳонгиранда сари чанд вақт фаъол мешавад ва адвокатҳое, ки дар имтиҳони нахустин ноком шуда буданд, метавонанд баъд аз шаш моҳ дубора имтиҳон супоранд. Ӯ гуфт, бисёре аз адвокатҳо дар оғоз ба имтиҳонҳо бе омодагии ҷиддӣ ҳозир шудаанд.

“Барои ҳамин 30-40 дарсади онҳо аз имтиҳон мегузаштанд. Аммо дар имтиҳонҳои охир адвокатҳо хубтар омода шуданд ва шумораи онҳое, ки аз имтиҳон гузаштанд, бештар шуд. Қариб аксарият аз имтиҳон гузаштанд,” – шарҳ дод ӯ.

Ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мегуянд, факти аслӣ дар ҳоли ҳозир ин аст, ки кишвар ҳамагӣ бо 312 адвокат боқӣ монд ва дар ин шароит таъмини ҳуқуқи озодиҳои шаҳрвандон аслан зери суол меравад.

Фаъолияти комиссияи санҷиши тахассусии адвокатҳо то рӯзи 28 март идома кард. Тибқи қонуни нави “Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ”, ки расо як сол қабл аз сӯи парлумон қабул шуд ва ҳамакнун ба иҷро даромад, комиссияи санҷиши тахассусии адвокатҳо дар як сол на камтар аз чор бор бояд фаъол шавад. Бори дигар ин комиссия дар нимаи аввали соли ҷорӣ бояд ба кор шуруъ кунад. То он замон кишвар бояд бо 312 адвокат иктифо варзад. То қабули ин қонун дар Тоҷикистон 8 коллегияи адвокатҳо ва ҳудуди 2 ҳазор адвокат ё вакили дифоъ фаъолият мекарданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG