Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Р.Собиров: "Онҳое ки мани бегуноҳро зиндонӣ карданд, бояд муҷозот шаванд"


Равшанбек Собиров

Равшанбек Собиров

Равшан Собиров-вазири пешини рушди иҷтимоии Қирғизистон, ки ахиран аз зиндон бадар шуд мегӯяд, барои адолати додгоҳӣ мубориза хоҳад кард.

Вай мегӯяд, дар порламони Қирғизистон гурӯҳе пешниҳод карда буданд, ки Равшан Собиров-узви пешини порламон на танҳо аз зиндон раҳо, балки барои ҳабси ғайриодилона аз вай бояд узрхоҳӣ низ шавад. Худи Собиров мегӯяд, яке аз аввалин корҳое, ки вай хоҳад кард, навиштани нома ба Алмазбек Атамбоев-раиси ҷумҳур дар ҳамин бора хоҳад буд.

Собиров то моҳи декабри соли 2011 ягона вазири тоҷиктабор дар кишвараш буд. 13 марти соли 2013 вайро барои ришваситонӣ 5 сол маҳкум ба зиндон карданд. Баъд аз шикояти вакилони мудофеъ додгоҳи олӣ 25 маи ҳамон сол ин ҳукмро тағйир надод. Рӯзи панҷшанбе, 20 март дар остонаи Наврӯз Собиров бар асоси афв аз зиндон раҳо шуд. Радиои Озодӣ дар оғоз вайро бо фарорасии Наврӯз ва раҳоиаш дар ин рӯз табрик кард. Собиров баъд аз изҳори сипос чунин гуфт:

Собиров: Ман ба худои муттаол сипос мегузорам, ки манро дар ин рӯз ба аҳли хонаводаам, хешовандонам, ба ҳамватанонам, ба интихобкунандагонам ва дӯстонам баргардонд. Ман дирӯз (20 март) аз зиндон раҳо шудам ва ба озодӣ баромадам. Ҳар шахсе, ки бо парвандаи ман ошност, хуб медонад, иттиҳоме, ки ба ман бор карданд, комилан сохта ва таҳрикромез буд. Манро бо моддае маҳкум карданд, ки вуҷуд надорад. Имрӯз ин масъала дар порламони кишвар низ матраҳ шудааст. Дар кумитаи порламон баррасӣ шудааст. Мо имрӯз пагондорони беинсофе дорем, ки дар додгоҳҳо ва дар додситониҳо кор мекунанд. Ман фикр мекунам, ки онҳо барои чунин ҷиноят бояд ба сазои аъмолашон бирасанд. Ман барои ин ба президент Алмазбек Шаршенбаевич Атамбоев ва ба Жогорку Кенеш (порламон) муроҷиат мекунам. Суол ин аст, ки чаро ман ин корро мекунам? Барои он ки ман бар асоси афв раҳо шудам. Ин афвро порламон ба тасвиб расонд ва раиси ҷумҳур 27 январи соли 2014 дар он имзо гузошт. Бо вуҷуди ин баъзе монеаҳо пеш омад ва намехостанд, ки манро раҳо кунанд. Ҳатто вақте, ки ин масъала дар порламон баррасӣ мешуд, ҳуқуқдонони муътабар ва огоҳ ин масъаларо матраҳ карданд, ки бар асоси моддаи дар қонун вуҷуднадошта, яъне бо моддаи 310 манро маҳкум кардаанд. Ин 7 марти соли 2013 буд. Он вақт ин модда дигар вуҷуд надошт. Онро 10 августи соли 2012 зери шумораи 164 бекор карда буданд. Мантиқ ин аст, ки манро нодуруст ва ғайриқонунӣ маҳкум ба зиндон кардаанд. Ҳоло, ки мо бо шумо сӯҳбат мекунем, дар саросари ҷаҳон Наврӯзро ҷашн мегиранд, Рӯзи Нав, Соли Нав ва оғози навро. Ҳамаи ононеро, ки манро медонанд ва Наврӯзро ҷашн мегиранд, табрик мегӯям. Ин рӯз ба одамон хушбахтиву комёбӣ меорад. Мехоҳам ин Соли Нав беҳтарин сол бошад ва беҳтарин натиҷаҳо ба бор орад.

Озодӣ: Ташакур ҷаноби Собиров, суоли дигар ин аст, ки шуморо бар асоси афв раҳо карданд, ин бад-он маъност, ки шумо гунаҳгор будед ва гуноҳи шуморо бахшиданд. Шумо бо ин ҳолат розӣ ҳастед?

Собиров: Медонед, то имрӯз Кумитаи Жогорку Кенеш оид ба масъалаҳои додгоҳи ва ҳуқуқӣ аризаи маро баррасӣ кардааст ва чунин қарор баровардааст: Аввал, Собиров бояд фавран раҳо шавад ва дуввум, дар ин қарор омадааст, ки додситонҳо ва додгоҳҳое, ки ҳукми нодурусту ғайриқонунӣ содир кардаанд, ба муҷозот кашонда шаванд. Чунин қарор ҳоло вуҷуд дорад. Вале ҷонибе низ ҳаст, ки ба ин кор монеа эҷод мекунад. Ба назарам, адолат пирӯз мешавад. Ман бори дигар такрор мекунам, ки гунаҳгор набудам, иттиҳомоте, ки ба ман бор карданд, дурӯғ аст. Ман аз ин гуна корҳо ва ин гуна фикрҳо дур будам. Барои ҳамин Туратбек Мадилбеков-намояндаи ҳизби “Ата-Мекен” дар порламон гуфт, ки “ин иштибоҳи ниҳодҳои интизомист, ин иштибоҳи низоми додгоҳист. Бо вуҷуди он ки дер шудааст, мо бояд аз Собиров узр хоҳем ва вайро раҳо кунем”.

Озодӣ: Шумо бовар доред, ки дар шароити кунунӣ нисбат ба шумо адолатро барқарор мекунанд?

Собиров: Муборизаро идома медиҳам. Он чиро, ки ба ман бор карданд, набуд ва буда ҳам наметавонад. Барои адолат мубориза мекунам”.

Озодӣ: Барномаҳои шумо барои оянда чӣ аст?

Собиров: Медонед, ман то ҳол узви раёсати Анҷумани мардумони Қирғизистон ҳастам. Ҳамчунин раҳбарии Анҷумани тоҷикони Қирғизистон ба номи Рӯдакиро бар ӯҳда дорам. Дар Қирғизистон бештар аз 50 ҳазор тоҷикон, хешовандони мо зиндагӣ мекунанд. Мо дар ин ҷо нашрияи “Паёми Алатоу” чоп мекунем. Дар чопи китобҳо барои мактабҳои тоҷикӣ кӯмак мекунем. Дар ин самт ман фаъолияти худро давом медиҳам. Ман фикр мекунам, ки ҳатман дубора ба порламони кишварам бармегардам ва барои ворид овардани баъзе ислоҳот дар низоми додгоҳӣ ва додситонӣ талош мекунам, барои он ки ман ҳамаи онро аз дохил дидам ва мушоҳида кардам, ки беадолатиҳои зиёд вуҷуд дорад”.

Озодӣ: Дар ин муддате, ки шумо дар зиндон будед, тирандозие дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон сабаби бад шудани муносиботи ду кишвар гардид. Шумо ҳамчун чеҳраи шинохтаи Қирғизистон барои барқарор кардани муносиботи пешини ин ду кишвар талош хоҳед кард?

Собиров: Ҳатман. Дар ин кор пеш аз ҳама бояд аз дипломатияи мардумӣ истифода кард. Фақат аз роҳи музокирот бояд мушкил ҳал шавад, чунки мардумони тоҷику қирғиз мардумони кӯҳистониву мағрур ҳастанд. Хонуми Манас тоҷик буд, бо номи Робиа. Баъд аз арусӣ бо Манас вай Қаникей ном гирифт ва ҳоло Қаникейро модари миллати қирғиз медонанд, вайро чун самбули модари қирғиз мешиносанд. Барои ҳамин ман мулоқотҳое дар назар дорам ва дар ин самт кӯмаки худро пешниҳод мекунам”.

Озодӣ: Суоли ахир. Баъд аз раҳоӣ аввалин корҳое, ки мехоҳед анҷом диҳед ва ё дӯст доред, ки анҷом диҳед, чӣ аст?

Собиров: Ман имрӯз бо фарзандонам, бо оилаам хоҳам буд. Бо хешовандонам дидорбиниҳо дорем. Баъд аз он ба зодгоҳам деҳаи Ҷани Ариқи вилояти Ӯш меравам, бо мардум мулоқот мекунам. Сипас ба ноҳияҳое, ки шӯъбаҳои Анҷумани тоҷикон ҳаст сафар мекунам, бо онҳо мулоқотҳо баргузор мекунем. Дар Ҷани Ариқ маҳаллае ҳаст бо номи “Правда”, ки бештар аз 2 ҳазор тоҷикон зиндагӣ мекунанд. Ман дар ҳамон ҷо зода шудаам”.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG