Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узви ҲНИТ барои парчами ДИИШ боздошт шуд


Акс аз Фейсбуки Исломов гирифта шудааст
Акс аз Фейсбуки Исломов гирифта шудааст

Мақомоти амниятӣ дар шаҳри Кӯлоб як сокини 32-соларо бо иттиҳоми барафрохтани парчами сиёҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар дарвозаи даромадгоҳи ин шаҳр боздошт карданд.

Мақомоти амниятӣ дар шаҳри Кӯлоб як сокини 32-соларо бо иттиҳоми барафрохтани парчами сиёҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар дарвозаи ин шаҳр боздошт кардаанд. Маҳмадалӣ Исломов, ба гуфтаи наздиконаш, ду ҳафта пеш аз ҷониби кормандони Кумитаи амнияти миллӣ боздошт шуд. Ба иттилои дарёфтӣ, ҳодисаи барафроштани парчами гурӯҳи мамнӯи ифротгаро дар дарвозаи шаҳри Кӯлоб аввалҳои моҳи сентябр мушоҳида шудааст.

Як корманди мақомоти интизомӣ дар сӯҳбати бидуни микрофон ба Радиои Озодӣ боздошт шудани Исломовро тасдиқ кард ва гуфт, ки ин шахс сокини маҳаллаи Ориёнои шаҳри Кӯлоб ва як узви собиқи ҲНИТ мебошад. Ҳоло ӯ дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешавад. Ин манбаъ аз додани тафсилоти бештар дар бораи ин қазия худдорӣ кард.

Як узви ДИИШ дар Ироқ парчами ин гурӯҳи ифротиро дар даст дорад
Як узви ДИИШ дар Ироқ парчами ин гурӯҳи ифротиро дар даст дорад

Як шоҳиди эҳтимолии барафрошта шудани парчами сиёҳи “Давлати исломӣ” дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки саҳнаи аз дарвоза барчидани байрақро бо чашми худ дидааст. Мудири мактаби маҳаллии рақами 30 Маҳмадзоир Бобоев дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, яке аз рӯзҳои аввали сентябр дидааст, ки мақомоти интизомӣ аз болои дарвозаи шаҳри Кӯлоб бо крани сохтмонӣ матои сиёҳеро берун меоранд.

Ӯ гуфт, соат наздики намози шом буд ва шумори зиёди ходимони полис дар назди дарвоза буданд. Омӯзгори мактаб гуфт, вақте аз онҳо пурсидааст, ки “чӣ гап аст?”, яке аз онҳо барояш матои сиёҳеро нишон дод, ки навиштаҷоти арабӣ дошт. Ӯ мегӯяд, баъди шунидааст, ки як рӯҳонии ҷавон, писари сокини маҳаллӣ Хумбӣ Абдуллоева боздошт шудааст. Хумбӣ Абдуллоева ба Радиои Озодӣ гуфт, ки баъди боздошти писараш, ду ҳафта пеш, дигар аз сарнавишти ӯ хабар надорад. Хонум Абдуллоева гуфт, ки писараш воқеан ҳам узви Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон буд, вале баъдан бо аризаи худ аз ин ҳизб хориҷ шуд. Абдуллева мегӯяд, ки сабаби боздошти писараш ва иттиҳоми алайҳи ӯро намедонад.

Ба гуфтаи наздиконаш, Маҳмадалӣ Исломов як муддат дар масҷид имоматӣ мекард, аммо баъдан ин мақомро аз даст дод ва ба таксиронӣ гузашт. Ба нақли модараш, Маҳмадалӣ баъди марги бародараш саробони аслии хонавода буд ва дар ҳақи 8 нафар, аз ҷумла кӯдакони худу бародараш ғамхорӣ мекард. Ӯ гуфт, ки дар бораи машғулиятҳои дигари фарзандаш чизе намедонад, аз ҷумла, ӯ намедонад, ки писараш бо гурӯҳҳои мамнӯи беруна иртибот дошт ё не. Ҳаммаҳаллаҳои Маҳмадалӣ Исломов гуфтанд, ки узвияти ӯ дар ҳизби исломӣ ошкоро буд ва ӯ то тобистони соли ҷорӣ дар масҷиди маҳаллӣ кор мекард. Вале аз моҳи август ба ин сӯ дигар аз кори имоматӣ ҳам маҳрум шуд.

Шокир, як сокини маҳаллаи Ориёно гуфт, ки тахминан ду ҳафта пеш Маҳмадалӣ боздошт шуд ва онҳо дигар аз ӯ ҳеҷ хабаре надоранд. Зимнан, масъулини Кумитаи дини шаҳри Кӯлоб мегӯянд, ки масҷиди маҳаллаи Ориёно дар қайди расмӣ набуд ва ба таври ғайриқонунӣ амал мекард. Имомхатибони ин масҷид, ба гуфтаи мудири бахши дини

Ин сокинони Норак дар барафроштани парчами ДИИШ муттаҳам мешаванд
Ин сокинони Норак дар барафроштани парчами ДИИШ муттаҳам мешаванд

ҳукумати шаҳри Кӯлоб Холназар Қаландаров, муваққатан аз сӯи вакилони маҳалла пешниҳод мешавад. Ин намояндаи ҳукумат дақиқ гуфта натавонист, ки Маҳмадалӣ Исломов чанд муддат дар масҷид имоматӣ кардааст.

Дар ҳоле, ки тасдиқи иттиҳоми Исломов дар барафроштани парчами гурӯҳи “Давлати исломӣ” феълан имкон надорад, мақомоти Тоҷикистон дар моҳи июл аз боздошти ду гурӯҳи ҷавонҳо бо айни ҳамин иттиҳом хабар доданд. Дар ду ҳодисаи ҷудогона дар моҳи августи имсол дар шаҳри Норак ва ноҳияи Шаҳритуз гурӯҳи 14 ва 8-нафараи ҷавонҳо боздошт шуда барои тарафдорӣ аз ақидаҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва барафроштани парчами ин гурӯҳ дар маркази ин манотиқ муттаҳам шуданд. Мақомоти Тоҷикистон, ки мегӯянд, на камтар аз 500 шаҳрванди ин кишвар ба сафи “Давлати Исломӣ” пайвастааст, ҳамаҷониба зидди ақидаҳои ифротӣ мубориза мебаранд ва камтарин нишонаҳои тарафдорӣ аз ин ақидаҳоро бо роҳи боздошту ҳабс пешгирӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG