Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари собиқ додситони кулл ба маҳбаси сукунатӣ гузаронида шуд


Файзулло Бобохонов, писари собиқ додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов ба маҳбаси ислоҳии сукунат гузаронида шуд.

Парвина Ализода, сухангӯи Раёсати муассисаҳои ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон 2 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Файзулло Бобохонов фарзанди додситони кулли пешин Бобоҷон Бобохонов тибқи таъиноти додгоҳи Синои пойтахт дар таърихи 29-уми август аз муасcисаи ислоҳии 3/7 ба муассисаи ислоҳии сукунатӣ интиқол дода шуд.

Файзулло Бобохонов, собиқ додситони ноҳияи Ҳисор давраи ҷазоии худро дар шароити маҳбаси сукунатӣ ҳудуди 1 солу 5 моҳу 18 рӯзи дигар пушти сар хоҳад кард.

«Шароити маҳбаси ислоҳи сукунатӣ ба ин шакл аст, ки Файзулло Бобохонов дар дохили он кор мекунад ва метвонад ба назди хонаводааш биравад ва дар вақти сабти номи маҳбусҳо дар маҳбас ҳозир бошад, шароити маҳбаси сукунатӣ озодатар аст», мегӯяд Парвина Ализода.

Файзулло Бобохонов, писари собиқ додситони кулл Бобоҷон Бобохонов, дар моҳи августи соли 2011 ба 7 соли зиндон маҳкум шуда буд. Додгоҳи олии Тоҷикистон додситони собиқи ноҳияи Ҳисорро дар сӯиистифода аз мақом, тамаъҷӯӣ ва тақаллуби аснод муҷрим донист. Файзулло Бобохонов моҳи июли соли гузашта, ҳамагӣ ним сол баъд аз бознишаста шудани падараш бо иттиҳоми ришвахоҳӣ, тақаллуби аснод ва тиҷорати ғайриқонунии замин боздошт шуда буд.

Файзулло Бобохонов ин ҷиноётро замони кораш дар ниҳодҳои мухталифи додситонӣ содир кардааст. Файзулло Бобохонов, молу мулки зиёд аз ҷумла чаҳор хона ва се мошини гаронқиммат доштааст, ки бо қарори мақомот муомилот бо ҳамаи ин амвол муттавақиф шудааст.
XS
SM
MD
LG