Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Амрикову Аврупо ҳарчӣ бештар пиромуни фарзия аз таркиши бомб суқут кардани ҳавопаймои мусофирбари Русия бо 224 сарнишинаш дар Миср сӯҳбат мекунанд.

Ба гуфтаи манобеи амниятии Амрикову Аврупо, далелҳои нав аломат медиҳанд, ки зоҳиран бомби гузоштаи созмони тундрави “Давлати исломӣ” сабаби суқути ҳавопаймои Русия дар нимҷазираи Синайи Миср шудааст. Як мақоми амрикоӣ рӯзи 4 ноябр ба CNN гуфт, “як эҳсоси қавие ҳаст, ки дар бордон ваё ягон ҷои дигари ҳавопаймо маводи мунфаҷира гузошта шуда буд. Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, чунин натиҷагирӣ, ки як гурӯҳи марбути “Давлати исломӣ” дар ҳавопаймо бомб гузоштааст, бар асоси иртибототи сабтшуда аст.

Агар ин фарзия собит шавад, ин нахустин мавриди ҳамлаи “Давлати исломӣ” ба ҳавопаймоҳо хоҳад буд. Таҳлилгарони масоили кашф бовар надоранд, ки дастури ин ҳамла аз маркази раҳбарони “Давлати исломӣ” дар Раққаи Сурия омада бошад. Ба бовари онҳо, ин ҳамларо як гурӯҳи ба ин созмон марбут, ки дар Синай фаъолият мекунад, мустақилона барномарезӣ ва иҷро кардааст. Ин гурӯҳи мисрӣ ба даст доштан дар рӯёрӯиҳои хунин дар шимоли Синай, ки мунҷар ба ҳалокати садҳо сарбози афсари пулис шудааст, айбдор мешавад.

Як мақоми амрикоӣ ба Франс Пресс гуфт, суқути ҳавопаймо бо сайёҳони рус дар ҳоле сурат гирифт, ки Русия мавқеъҳои “Давлати исломӣ”-ро дар Сурия бомбборон мекунад ва ин ҳамла “чизест, ки “Давлати исломӣ мехост анҷом диҳад.”

Ин гурӯҳи ифротӣ исрор дорад, ки он ҳавопаймои Русияро суқут додааст. Ин гурӯҳ рӯзи 4 ноябр гуфт, ҳамла ба ҳавопайморо ба хотири таҷлили солгарди байъаташ ба “Давлати исломӣ” анҷом додааст. Ин гурӯҳ гуфтааст, ҷузъиёти чигуна суқут додани ҳавопаймои русиро дар вақте ки худи онҳо муносиб бидонанд, нашр хоҳанд кард.

Ҳавопаймои Airbus 321-200-и ширкати “Когалимавиа”, ки таҳти брензди Metrojet парвоз мекард, рӯзи 31 октябр дар фазои нимҷазираи Синай суқут дода шуд. Бар асари ин сониҳа, ҳамаи 224 сарнишини ҳавопаймо - 7 узви экипаж ва 217 мусофир, бо шумули 17 кӯдак, кушта шуданд. Ин мусофирон сайёҳоне буданд, ки баъди истироҳат дар осоишгоҳҳои соҳили баҳри Сурх аз Шармулшайхи Миср ба Санкт-Петербург бармегаштанд.

Вазири хориҷаи Бритониё Филип Ҳаммонд гуфт, “эҳтимоли қобили мулоҳиза”-е вуҷуд дорад, ки ҳавопаймо ба далели дар дохилаш гузоштани бомб суқут карда бошад ва Бритониё аз ҷумла ба ин далел парвозҳо ба Шармулшайхро бозмедорад. Ирландия низ тамоми парвозҳо ба ин осоишгоҳи маъруфро мутаваққиф кардааст.

Ҳаммонд гуфт, Бритонё ба шаҳрвандонаш машварат медиҳад, ки барои истироҳат ба Шармулшайх нараванд. Осоишгоҳҳои воқеъ дар ин минтақа дар соҳили баҳри Сурх яке аз маконҳои умдаи сайёҳии Миср ба шумор рафта, ҳарсол миллионҳо нафар аз саросари олам, аз ҷумла аз Русия ва Аврупоро ҷалб мекунад.

Муфаттишони Русияву Миср рӯзи 4 ноябр гуфтанд, зоҳиран дар дохили ҳавопаймо таркиш рух дода ва дастгоҳи сабти садои аъзои экипаж ҷиддан тахриб шудааст.

Дафтари сарвазири Бритониё Девид Камерон гуфт, коршиносони риштаи ҳавопаймоии ин кишвар низ ба Бритониё фиристода шудаанд, то қабл аз шурӯи дубораи парвозҳои ҳавопаймоҳои Бритониё вазъи амниятиро таҳқиқ кунанд. Баъди тасмими тавқифи парвозҳо сандин ҳавопаймои Бритониё натавонистанд аз Шармулшайх парвоз кунанд ва ин боиси дармондани садҳо сайёҳ дар фурудгоҳи ин минтақа шуд.

Камерон дар як тамоси телефонӣ бо раисиҷумҳури Миср Абдулфаттоҳ Сисӣ мавзӯи зарурати иттихози тадобири шадидтари амниятӣ дар фурудгоҳи Шармулшайхро баррасӣ кардааст. Сисӣ рӯзи 4 ноябр бо як сафари расмӣ ба Бритониё омадааст.

Иттилооти ифшокардаи Бритониё бар хилофи иддаои қаблии Сисӣ буд, ки даст доштани “Давлати исломӣ” дар суқауи ҳавопаймои Русияро “таблиғот” номида, рад карда буд ва гуфт, вазъи амниятӣ дар нимҷазираи Синай “таҳти назорати комил” қарор дорад. Вале гумонҳои афзоянда дар бораи эҳтимоли таркиши бомб дар дохили ҳавопаймо мақомоти Мисрро маҷбур кард, то раҳбари фурудгоҳи Шармулшайхро аз мақом барканор кунанд.

Дар ҳамин ҳол, гурӯҳҳои наҷотбахш дар Миср биёбони Синайро ба хотири ҷустуҷӯи боқимондаҳои бештари ҳавопаймои суқуткарда тагӯрӯ доранд ва дар Санкт-Петербург пайвандони ҳалокшудагон бесаброна мунтазиранд, ки оё кай бозмондаҳои азизони ҳалокшудаашонро барои гӯручӯб ба онҳо хоҳанд супурд.

То ҳол танҳо як ҷасадро барои дафн ба наздиконаш супурдаанд. Наздикон то имрӯз 33 ҷасадро шиносоӣ кардаанд ва таҳияи асноди 22 ҷасад, ба гуфтаи Игор Албин, муовини шаҳрдори Петербург, ба зудтарин фурсат бояд анҷом шавад.

Наҷотбахшони Русияву Миср майдони ҷустуҷӯи худро дар маҳалли суқути ҳавопаймо дар Синай то 40 километри мураббаъ густариш додаанд. Телевизиони давлатии Русия гузориш дод, ки думи ҳавопайморо 5 километр дуртар аз маҳалли кашфи пораҳои асосии он пайдо кардаанд.

Коршиносони маводи тарканда дар ҷои ҳодиса ҳамчунин осори чунин маводро меҷӯянд, то иддаоҳову гумонҳои афзоянда дар бораи ба далели таркиши бомб суқут кардани ин ҳавопаймои мусофирбар бо 224 сарнишинашро тасдиқ ваё рад кунанд.

XS
SM
MD
LG