Пайвандҳои дастрасӣ

Президенти 61-солаи Русия Владимир Путин, ки ҳамсари собиқашро моҳи июн талоқ дод, ҳоло муҷаррад аст ва талабгори зиёд дорад.

Нашрияи "Эл Мундо"-и чопи Испания менависад, ҳудудан се моҳ баъд аз ҷудо шудани Владимир Путин аз ҳамсари аввалаш Людмила Путина, ки аз тариқи телевизион эълон шуд, овозаҳо дар бораи издивоҷи сарвари давлати Русия бо қаҳрамони бозиҳои Олимпӣ Алена Кабаева беш аз пеш доман зада мешаванд.

Акнун сухангӯи раисиҷумҳур Дмитрий Песков гаштаву баргашта ба хабарнигорон тавзеҳ медиҳад, ки ингуна хабарҳо дар бораи зиндагии хусусии Владимир Путин дурӯғе беш нест. "Эл Мундо" мегӯяд, фурӯкаш кардани овозаҳо имконпазир мебуд, агар зане, ки акнун ҳамаи таваҷҷӯҳро ба худ кашидааст, яъне Алена Кабаева, ин қадар ба матбуот сӯҳбат намекард ва намегуфт, ки ошиқи як марди мармуз аст ва намехоҳад исми ӯро бо баъзе сабабҳои ҷиддӣ ошкор кунад.

Аммо хабарнигори "Эл Мундо" сабаби дигари бештар шудани ин овозаҳоро шарҳ додаст. Ба навиштаи ӯ як сабаби аслӣ ҷаззоб будани худи Путин дар чашми занҳои Русия аст. Тибқи назарсанҷии моҳи октябри соли 2012, ҳар зани шашум дар Русия гуфтааст, ки мехоҳад ҳамсари Путин бошад.

Ин далел, ки Путини муҷаррад шеваи зиндагии солимро пеш мебарад ӯро дар назари занҳо ҷаззобтар кардааст. Раисҷумҳури Русия гоҳ дар нақши ҳомии турнаҳо зоҳир мешавад, гоҳо дар нақши сарнишини ҳавопаймои низомӣ ва гоҳи дигар савори асп бо шонаҳои урёни варзишӣ. Ба навиштаи "Эл Мундо", “ин обрӯи як инсонеро тақвият медиҳад, ки дар фосилаи кӯтоҳ аз нишастан ба курсии раёсатҷумҳурӣ шӯришгарони чеченро ба чолиш кашид.”

Владимир Путин ва ҳамсараш Людмила Путина шоми 6-уми июни соли 2013, баъди тамошои намоишномаи «Эсмералдо» дар Кохи давлатии Кремл аз поён ёфтани издивоҷи 30-солаи худ хабар доданд. Суханро аз боби талоқ Владимир Путин оғоз кард ва Людмила барои тасдиқи суханони шавҳараш гуфт: “Ин тасмими муштараки мост.”. Вай илова кард: “Мо тақрибан якдигарро намедидем. Ҳар кадоме аз мо зиндагии худро дорад. Ман баромадан ба мазҳари омро дӯст надорам ва парвозҳо аз як ҷо ба ҷои дигар барои ман душвор аст. Мо фарзандони худро хеле дӯст медорем, бо онҳо ифтихор мекунем, доим якдигарро мебинем.”

Матбуоти Русия дар бораи робитаи раисҷумҳур бо қаҳрамони бозиҳои Олимпӣ Алина Кабаева қиссаҳои зиёд нашр мекунад. Аммо то ҳол ҳеҷ нашрияе инро бо санад собит накардааст.

Дар таҳияи ин матлаб аз Inopressa истифода шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG