Пайвандҳои дастрасӣ

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд, мизони гирифторӣ бемориҳои диққи нафас ва шуш ва фишори баланди хун дар Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст.

Дар баёнияи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфта мешавад, дар Тоҷикистон афзоиши ҷиддии шумораи беморони диққи нафас ва шуш мушоҳида мешавад.
Ҳамчунин дар ин баёния омадааст, бемори фишори баланди хун низ дар Тоҷикистон афзуда, 22 дарсади аҳолии калонсоли ҷумҳури аз ин дард азият мекашанд. Мизони гирифторӣ ба фишори баланди хун дар байни мардон 21 фоиз ва дар байни занҳо 25 дарсад будааст.

Ин баёния рӯзи 4 июл дар Душанбе дар ҷараёни баррасии нақшаи пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ барои солҳои 2013- 2023 миёни намояндагони Созмони ҷаҳонии ҳифзи сиҳҳат ва вазорати тандурустии Тоҷикистон ба хабарнигорон ироа шуд.




Рустам Турсунов, устоди Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон мегӯяд, қаблан афроди солманд одатан гирифтори фишорбаландӣ мешуданд, вале солҳои охир миёнсолон ҳам бештар мубталои ин беморӣ гаштаанд, ки тамоюли нав ва нигаронкунанда аст: «Сабабҳои афзоиши ин беморӣ вазъи экологӣ, иҷтимоӣ ва тиббӣ аст. Омили асосии афзоиши ин беморӣ дар Тоҷикистон асосан аз ҳисоби стресс ва асабоният мебошад. Шояд вазнинии зиндагӣ низ таъсири худро ба хуруҷи ин беморӣ мерасонад.» Ӯ афзуд, барои пешгирӣ аз ин маризӣ бурдани тарзи ҳаёти солим ва машғул шудан ба варзиш ниҳоят муҳим аст.

Дар баёнияи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳамчунин гуфта мешавад, ҳар сол дар кишвар ҳудуди 3 ҳазор мавриди нави гирифтории одамон ба касалии саратон мушоҳида мешавад ва ҳарчи бештар афроди ҷавонтар мубталои ин беморӣ мегарданд. Миёни афроде, ки тоза гирифтори бемории саратон шудаанд, 65 дарсадаш сокинони русто будаанд.

Професор Раҳимов - масъули маркази кардиологии Тоҷикистон мегӯяд, 60 дарсади беморони касалиҳои ғайрисироятӣ гирифтори бемориҳои дилу рагҳои хунгард ва саратон ҳастанд: «Дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 14 дарсади беморони мубталои касалиҳои дилу рагҳои хунгард ва фишорбаландӣ, ки дар беморхона табобат мегиранд, мефавтанд. Солҳои қаблӣ ин рақам 11 дарсад буд. Ҳар сол ин рақам болову поин меравад, вале ба ҳисоби миёна дар даҳсолаи охир, мизони фавти беморон дар беморхона 11 дарсад аст.»

Профессор Раҳимов афзуд, ки онҳо талош доранд то мизони фавти беморонро ба 4 ва ё 3 дарсад мисли кишварҳои Аврупо поин бубуранд.

Дар ҳамин ҳол, Саида Ҷобирова - муовини вазири тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, афзоиши шумори мубталоёни бемориҳои ғайрисироятӣ танҳо хоси Тоҷикистон нест ва дар дигар кишварҳои ҷаҳон низ айни чунин раванд мушоҳида мешавад: «Ин вазъият ҷомиаи ҷаҳониро низ ба ташвиш овардааст. Чунки сифати зиндагӣ дар кул паст шуда истодааст. Вале ҳаст омилҳое, ки ба тиб вобаста нест. Масалан фарбеҳии аз ҳад зиёди одамон, афзоиши холестерин дар рагҳо».

Хонум Ҷобирова афзуд, баҳри муборизаи пурсамар алйҳи густариши ин бемориҳо Тоҷикистон барномаи назорати бемориҳои ғайрисироятӣ барои солҳои 2013- 2023-ро бо созмонҳои байналмилалӣ ҳамоҳанг сохта истодааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG