Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як мурғ дар Тоҷикистон давоми як сол тибқи нақша ё дурнамои ҳукумат набояд камтар аз 55 дона тухм тавлид кунад.

Дар охирин ҳисоботи оморӣ беш аз 60 ҳазор мурғи сокинони Кӯлоб дақиқан ҳар кадоме 55 донаӣ тухм тавлид кардаанд. Гуфта мешавад, ин дар маҷмӯъ 3,3 миллион тухм мешавад ва нақшаи дурнамои рушд тавлиди ҳамин миқдор тухмро дар назар доштааст.

Маҳсиддин Мӯсоев, сардори Раёсати омори Кӯлоб мегӯяд, ин ҳисоби дақиқ аст ва онҳо шумораи миёнаро нишон додаанд, дар ҳоле ки мурғони Кӯлоб аз ин бештар ҳам тухм мекунанд. Ӯ мегӯяд, онҳо бо кӯмаки кормандони ҷамоатҳо мурғони сокинонро шумурдаанд ва бар пояи сӯҳбатҳо бо соҳибони мурғон хулоса баровардаанд, ки ин ҳисоботашон воқеият дорад.

Ҷаноби Мӯсоев мегӯяд: «Масалан, дар деҳот мо 11 ҳазор аҳолӣ дорем. Агар ҳар хоҷагӣ як мурғ дошта бошад, пас 11 ҳазор мешавад. Лекин барои ин таҳқиқот мегузаронанд ва дар таҳқиқот на ҳамаи хонаҳо, балки як хона пас ҳисоб мекунанд ва дар охир хулоса мекунанд, ки дар ҷамъ аҳолӣ чанд мурғу гов дорад ва чӣ қадар ширу тухм медиҳанд. Як мурғ дар як сол аз 88 то 120 дона тухм медиҳад, вале мо ҳисоби миёнаашро гирифтем.»
Маҳсиддин Мӯсоев

Маҳсиддин Мӯсоев

Дар ҳоле ки тибқи ҳисоби оморӣ мурғони сокинони Кӯлоб беш аз 3,3 миллион тухм кардаанд, тухми мурғи маҳаллӣ дар бозорҳои минтақа ба “тухми анқо” табдил ёфта, қариб дар тамоми дӯконҳо тухми мурғи эронӣ ба фурӯш гузошта шудааст. Аммо масъулони Раёсати омор мегӯянд, тухмҳои мурғони маҳаллиро сокинон барои эҳтиёҷи худ сарф мекунанд ва ба фурӯш намегузоранд.

Ҳарчанд, аз рӯи мантиқ дар 365 рӯзи сол мумкин аст, ки як мурғ аз 55 тухм бештар, яъне ба ҳисоби миёна, дар як ҳафта дастикам як тухм тавлид кунад, аммо баъзе сокинон ба ин ҳисоботи оморӣ розӣ нестанд.

Ниҳолбӣ, як сокини Кӯлоб мегӯяд, аз 8 мурғе, ки ӯ дар хонааш парвариш мекунад, ягонтоаш дар 4-5 моҳи сардӣ тухм накардааст: «Мурғ дар зимистон дар ин шароите, ки мо дорем, тухм намекунад. Вақте гармӣ мешавад, ду рӯз пас тухм мекунад, вале боз курук мешавад ва мо ӯро ҷӯҷа мехобонем, ки боз то тирамоҳ тухм намекунад. Шароит хуб бошад, аз 50 тухм ҳам зиёд мекунад, лекин обу дони хуб, ки надоранд, тухм камтар мекунанд.»
Дар ин миён, ба гуфтаи сокинон бемориҳои хоси мурғон пайдо мешавад, ки тамоми мурғон ба ҳалокат мерасанд. Зайнаб, як сокини дигар мегӯяд: «Чанд намуд беморӣ аст, ки ҳар сол паррандаҳои кӯчӣ меоранд. Агар мурғҳо бемор шаванд, дигар ягон намуд доруе нест, ки ба онҳо диҳӣ. Қариб ҳар сол чунин бемориҳо мешавад, ки одамони зиёде мурғҳояшонро аз даст медиҳанд.»

Мо ягон сокинонеро пайдо накардем, ки ёд дошта бошанд, касе барои омор дар бораи шумораи мурғу тухми онҳо пурсида бошад.

Аҳмади Иброҳим, рӯзноманигори маҳаллӣ мегӯяд, бештари ҳисоботи оморӣ пур аз иштибоҳу тахминӣ ва дур аз воқеият навишта мешаванд. Ӯ мегӯяд, агар ҳисоботи оморӣ дуруст бошад, тибқи он дар Тоҷикистон истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар маҳсулоти ниёзи мардум сол то сол афзоиш ёфтааст ва агар ба ин бовар кунем, пас бояд зиндагии мардум хеле беҳбуд ёфта бошад. Ба гуфти ӯ, дурӯғи ҳисоботи омориро сари ҳар қадам дар зиндагии оддии сокинон метавон исбот кард, ки сатҳи зиндагӣ чандон хуб нест.

Аҳмад Иброҳим афзуд: «Тухм аз Эрон, картошка бо нархи гарон аз Покистон, орд аз Қазоқистон, пас куҷост он истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ, ки дар ҳисоботи оморӣ нишон дода мешавад? Бештари ҳисоботи оморӣ, мисли истеҳсоли пашму гӯшт, тухму шир тахминиву ҳавоиянд. Дар чанд матлаб муқоиса кардем, ки ҳисоботи ҷамоат ба ноҳия, аз ноҳия ба шаҳр ва аз шаҳр ба минтақа як нест. Нақшагузорӣ ҳаст, ки аз рӯи он ҳар сол чандрақамӣ зиёд кардан мегиранд.»

Ҳар як корхонаву идора дар Тоҷикистон вазифадор аст, пас аз ҷамъбасти ҳар се моҳи фаъолият ба Раёсати омор аз натиҷаи кораш ҳисобот бидиҳад. Аз корхонаҳо талаб мешавад, то ҳар сол истеҳсолоти онҳо дар қиёс ба соли гузашта бояд бештар бошад. Воқеан, дар ҳисоботи омори сол то сол афзоиш ёфтани истеҳсолот нишон дода мешавад, аммо дар асл ин омор то кадом андоза воқеият доранд, номаълум аст. Ҳоло тасмим аст, дар Кӯлоб ду корхонаи мурғпарварӣ ба фаъолият оғоз кунад. Масъулон умедворанд, ки пас аз оғози фаъолити ин ду мурғхона тавлиди тухм дар минтақа боз ҳам бештар хоҳад шуд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG