Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонуми ришдор ба Eurovision меравад


Баъди он ки хонуми ришдоре барои намояндагии Австрия дар озмуни мусиқии Eurovision баранда эълон шуд, ин мавзӯъ баҳсҳои доғеро ба миён овард.

Исми ӯ Кончита Вӯрст буда, вай 25 сол дорад. Аҷибаш ин ки номзади ин овозхонро ин шабу рӯз дар Ҷумҳурии Беларус хеле зиёд интиқод карда, ҳатто талош доранд, аз намоиши ӯ дар телевизион пешгирӣ кунанд.

Баҳсҳои доғ баъди он шурӯъ шуд, ки моҳи сентябр Австрия Кончита Вӯрстро барандаи озмуни Eurovision эълон кард. Ин кишвар мегӯяд, ки бо ризоияти аъзои ҳакамон ва ҳам раъйпурсии мардумӣ омода аст, аз ин хонуми ришдор ҳимоят кунад. Даври навбатии озмуни мусиқии Eurovision соли оянда дар Дания баргузор шавад. Худи Кончита Вӯрст, ки зодаи Австрия аст, бо садои хуб ва симои комилан ғайрианавиаш маъруф аст, вай маъмулан таронаҳои хеле самимиву дилнишин иҷро карда, бо сару либоси шинам ва ба тан часпидаи саҳнавӣ, ороиши чашму абрӯ, мӯи дароз ва риши кӯтоҳ тарошидашуда рӯи саҳна меояд.



Вӯрст дар асл 6 ноябри соли 1988 чун писаре ба дунё омада волидонаш ба ӯ Томас Нёвирс ном гузоштанд. Вале бо гузашти вақт ӯ дарк кардааст, ки дучори бӯҳрони ҳуввияти ҷинсӣ шудааст ва гоҳе худро зан ва гоҳи дигар мард эҳсос мекунад ва ошкоро мегӯяд, ки узви ҷомеаи транссексуалҳо аст.

Вале интихоби ӯ ба унвони намояндаи Австрия дар озмуни Eurovision баҳси зиёдро ба миён овард. Мунаққидон ба ин назаранд, ки як давлати баобрӯе наметавонад дар озмун як “нарумодаро” чун чеҳраи худ муаррифӣ кунад, чун ин масъала ҳамчунин ба обурӯи озмуни мусиқии маҳбуби милёнҳо сокинони қораи Аврупо ва атрофи он латма мезанад. Маъракае, ки аз ҳоло дар шабакаи Фейсбук бар зидди Вӯрст ба роҳ монда шудааст, беш аз 40 ҳазор Like гирифтааст, айни замон, ҳудудан 4500 ҳазор нафар имзои худро зери аризае гузоштаанд, ки тақозои берун шудани ин хонумро аз озмун талаб доранд.


Садои мухолифат аз хориҷ ҳам меояд. Онҳо мегӯянд, ки Австрия интихоби “бадтарин” кардааст. Дар ҷумҳурии Белорус бошад, ҳудудан 2000 нафар ба унвонии вазорати иттилооташон нома навишта, дархост кардаанд, ки дар сурати дар озмуни соли ояндаи Eurovision ширкат кардани ин хонуми ришдор, маърака набояд дар телевизионҳои маҳаллӣ намоиш дода шавад.





Вале худи Вӯрст, зоҳиран, ба мавҷи интиқодҳое, ки нисбаташ садо медиҳад, бетафовут аст. Дар як сӯҳбат бо радиои Озодӣ ӯ гуфт:


- Ман ба ин гапҳо чандон аҳамият намедиҳам. Мавқеи ман ин аст, ки бояд барои як чизи хуб, на зидди як чизи бад мубориза барам.


Вӯрст мегӯяд, ки мехоҳад бо ҳузури худ дар саҳна эҳсоси таҳаммулпазириро дар мардум тарбия ва ҳам зидди ҳама гуна табъизи ҷинсӣ мубориза кунад.


- Медонед, хеле зиёд шудааст, ки нафароне, ки ҳаводори ман нестанд, баъди як сӯҳбату муошират бо ман мегӯянд, ки ман инсони хуб будаам. Ин чиз муҳимтар аз ҳар чизи дигар аст. Одамон бояд талош кунанд, ки чизи воқеиеро, ки дар пушти як сурат ниҳон аст, дида тавонанд. Аз ҳамин хотир ҳам, ман кори худро идома медиҳам. Ман ҳаминро гуфтаниям, ки симои зоҳирии кас ҳанӯз ба маънои инсони хуб ё бад будани ӯ нест.


Озмуни мусиқии Eurovision, ки дар ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ маъруфият касб мекунад, ба андешаи Вӯрст, бо ҳузури овозхонҳои мисли ӯ, метавонад дар тарбияи таҳаммулпазириву эҳтиром ба аққалиятҳои ҷинсӣ саҳмгузор шавад.
Том Нёвирс бори аввал дар саҳнаи калони озмуни Starmania соли 2006 дар ҳайати як гурӯҳи мусиқии писарона ҳузур кард ва соли 2011 ниҳоят тасмимашро дигар ва симои занона касб кард. Исми саҳнавии ӯ ҳам баъди ин дигар шуд. Зимнан вожаи “wurst” аз олмонӣ чун “ҳасиб” тарҷума мешавад ва худи овозхон мегӯяд, ки ин калима ба тақлид аз шакли либоспӯшии саҳнавиаш гирифта шудааст. Вӯрст мегӯяд, ки ин кораш дуруст буд, чун, ба андешаи ӯ, имиҷи писаронае, ки дошт, “як дилгиркунандаву ғайри қобили таваҷҷӯҳ” будааст.
XS
SM
MD
LG