Пайвандҳои дастрасӣ

Дар озмуни мусиқии "Евровидение-2016" намояндаи Украина бо суруде бо номи "1944" ғолиб омад. Мавзӯи ин тарона кӯчонидани иҷбории тоторҳо дар замони шӯравӣ аз нимҷазираи Қрим ба Осиёи Миёна буд.

Дар даври ниҳоии озмуни сурудҳои «Евровидение 2016», ки рӯзи 14-уми май дар Шведсия баргузор шуд, овозхони 32-солаи тотори Қрим Ҷамола баранда шуд. Сусанна Ҷамолиддинова, ки бештар бо тахаллуси Ҷамола маъруф аст, суруди «1944»-ро иҷро кард. Озмуни мусиқии Евровидение, ки имсол дар Шведсия баргузор шуд, шоҳиди рақобати сахт миёни Украина ва Русия буд.

Ин суруд аз кӯчонидани маҷбурии тоторҳо ба Осиёи Марказӣ бо дастури Сталин дар соли 1944 қисса мекунад, ки дар ниҳоят боиси марги бисёре аз онҳо дар роҳ ва дар табъид шуд. Сталин тоторҳоро ба ҳимоят аз Гилтер -- раҳбари вақти Олмон муттаҳам карда буд. Ин суруд бо забони англисӣ садо дода, нақароташ ба забони тоторҳои қрим замзама шуданд. Ҷамола бо ин оҳангаш албатта ишорае ба ҳодисаҳо ва танишҳои имрӯзи миёни Маскав ва Киев накардааст, аммо ҳузури ин тарона дар ин озмун эътирози Русияро дар пай дошт.

Ҷамола дар шаҳри Ӯши Қирғизистон таваллуд шудааст, ки ба он ҷо хонаводааш ихроҷ шуда буд. Дар моҳи майи соли 1944 ба Осиёи Марказӣ беш аз 250 ҳазор тотори Қрим ихроҷ шуданд. Даҳҳо ҳазор дар роҳ ва ҳазорҳо нафар баъд аз ихроҷ аз гуруснагӣ ва бемориҳо фавтиданд. То соли 1980 бозгашти онҳо ба Қрим манъ буд. Бештаре аз онҳо тавонистанд ба Қрим баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ баргарданд.

Нимҷазираи Қрим Украина дар авҷи бӯҳрони он кишвар, бо имзои Владимир Путин, дар моҳи марти соли 2014 бо вуҷуди мухолифатҳои сахти Киев аз Украина ҷудо шуд ва дар пайи як референдум ба Русия ҳамроҳ карда шуд.

"Евровидение" таъкид дорад, ки набояд таронаҳо "сиёсӣ" бошанд ва Иттиҳодияи суханварони аврупоӣ овозеро, ки дар асл таърихро ривоят мекард, ғайрисиёсӣ дониста буд. Бо вуҷуди ин ҳама, расонаҳои аврупоӣ пеш аз ҳар чиз ба ин нуқта таваҷҷуҳ кардаанд, ки рақобатҳои ниҳоӣ дар Шведсия, миёни "Украина ва Русия" баргузор шуд ва сиёситарин рақобате аст, ки то ба ҳол дар ҷараён будааст.

Дар озмуни "Евровидение" ҷои дувум насиби Австралия ва мақоми савум насиби Русия шуд. Соли гузашта Украина ба бинобар бӯҳрони дохилӣ ва ҷанг миёни нерӯҳои давлатии он кишвар ва ҷудоиталабони тарафдори Русия дар шарқи он кишвар, дар ин мусобиқа ширкат накарда буд.

Мақомоти баргузоркунандаи мусобиқаи имсола гуфтаанд, ки бинандагони пахши зиндаи ин барнома 200 миллион нафар будааст. Мусобиқаи имсол барои аввалин бор ба таври зинда дар Амрико ва Чин ҳам пахш шуд, ки боз ҳам рекорди нав барои "Евровидение" аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG