Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳуқуқшинос Шокирҷон Ҳакимов баъди бозгашт аз Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, аврупоиҳо мехоҳанд, ки Тоҷикистон бо ҳамаи давлатҳо ҳамкории баробар ба роҳ монад.

Фаъоли ҷомеаи мадании Тоҷикистон, донишманди соҳаи ҳуқуқ Шокирҷон Ҳакимов, ки охири моҳи январ аз дидору гуфтугӯ бо намояндагони парлумони Иттиҳоди Аврупо баргаштааст, мегӯяд, аврупоиҳо мехоҳанд, ки ҳукумати Тоҷикистон танҳо бо Русия не, балки бо ҳамаи давлатҳо ҳамкории баробарро ба роҳ монад.

"Мо аз замони Шӯравӣ таҳти назорати Маскав будем. Ҳоло ҳам аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ ва зиёд будани нерӯҳои низомӣ мо вобастаи Русия ҳастем. Чунин як вобастагӣ чандон имкони рушди беҳтареро намедиҳад. Аз ин рӯ, бояд бо Чину Эрон, кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ҳамкории баробар дошта бошем ва кӯшиш кунем, ки аз ҳеч кишвар вобаста набошем," - гуфт Шокирҷон Ҳакимов.

Дар ҷамъомади парлумонии Иттиҳоди Аврупо, ки "Мусоидат барои беҳтар гардондани фазо барои фаъолияти ҷомеаи шахрвандӣ дар Осиёи Марказӣ" ном дошт ва аз 25 то 29 январ дар Брюссел, пойтахти Белгия ҷараён гирифт, вакили мудофеъ аз Тоҷикистон Файзиниссо Воҳидова, намояндагони кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ва гурӯҳҳои мухолифин аз хориҷи Тоҷикистон низ иштирок карданд.

Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, вакилони Иттиҳоди Аврупо то ҳол гумон доштанд, ки ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон рушд кардааст ва дар мубориза бо фасодкорӣ чашмрас дорад. Аммо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба аврупоиҳо гуфтаанд, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ ҳеч нақш надорад ва саҳмаш дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва харҷи мақсадноки ин маблағҳо низ ночиз аст.

Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеъ аз Тоҷикистон гуфт, агарчӣ Иттиҳоди Аврупо то ҳол бештар ба ҳамкориҳои иқтисодӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ афзалият медод, аммо ҳоло мехоҳад, ин ҳамкориҳоро бар пояи то куҷо риоя шудани ҳуқуқи инсон ба роҳ монад.

"Онҳо аз вазъи кишварҳои мо хеле хуб огаҳанд. Ҳатто муносибатҳои байни панҷ кишвари пасошӯравӣ, ки миёни худ равобити озоди сиёсию иҷтимоӣ надоранд ва реҷаи виза миёнашон ҷорӣ аст, барояшон нигаронкунанда мебошад. Аз сӯҳбатҳое, ки мо бо шахсони масъули парлумони Иттиҳоди Аврупо доштем, бароямон рӯшан шуд, ки онҳо мехоҳанд, ин кишварҳо аз хатари терроризм эмин бошанд, миёни ҳам рафтуомади озод дошта бошанд ва дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ иқтисоди худро боло бубаранд," - гуфт Воҳидова.

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ давоми панҷ рӯз бо масъулони парлумони Иттиҳоди Аврупо дидору мулоқот доштанд.

Тоҷикистонро дар ин нишаст Файзиниссо Воҳидова, вакили мудофеъ, Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик намояндагӣ мекард. Инчунин, дар ин нишаст Додоҷони Атовулло, рӯзноманигори фирорӣ ва Собир Валиев, узви “Гурӯҳи 24”, ки ҳарду дар Тоҷикистон таҳти пайгард қарор доранд, ширкат доштанд. Аммо сӯҳбатҳо бештар бо Воҳидова ва Ҳакимов, ки вазъи Тоҷикистонро аз дохил медонанд, сурат гирифтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG