Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози «Ҳафтаи Аврупо» дар Душанбе


Имрӯз, сешанбеи 30-юми октябр дар толори Консерваторияи миллии ба номи Талабшоҳ Сатторови шаҳри Душанбе, маросими оғози «Ҳафтаи Аврупо» баргузор мешавад.

Маросими оғози ин ҳафта бо баргузории консерти бастакорони Аврупо, аммо дар иҷрои ҳунармандони тоҷик сурат гирифт. «Даст ба даст» ба оянда» шиори ин чорабинии фарҳангӣ аст, ки дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо ва созмони фарҳангии «Бохтар» мубтакирони аслии он мебошанд

Амалхонум Гаҷиева, раиси созмони фарҳангии «Бохтар» ҳадафи аслии «Ҳафтаи Аврупо» -ро ошноии бештари мардуми тоҷик ба фарҳанги Аврупо унвон кард ва гуфт, дар чорчуби ин чорабинӣ, ки то таърихи 4-уми ноябр идома хоҳад кард, як силсила барномаҳои фарҳангӣ, тафреҳӣ ва маърифатӣ баргузор мешавад.

Бону Гаҷиева афзуд, ки муддати панҷ рӯзи оянда дар «Хонаи синамо»-и Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон ҷашнвораи синамои Аврупо низ доир мешавад, ки ҳар рӯз филмҳои сохти кишварҳои аврупоӣ ба маърази тамошо гузошта мешавад.

Ин аст, ки Екатерина Иванова, фарҳангшиноси аврупоӣ дар мавзӯи «Таъсири синамои Аврупо ба синамои тоҷик» дар созмони фарҳангии «Бохтар» дар ҷамъи ҳаводорон ва иштирокдорони «Ҳафтаи Аврупо» сӯҳбат хоҳад кард.

Амалхонум Гаҷиева ҳамчунин афзуд, ки дар чорчӯби «Ҳафтаи Аврупо» маҳфили мунозираи ҷавонон бо ҳузури ҷавонони Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя баргузор хоҳад шуд, ки имкон медиҳад, то ҷавонон назару андешаҳои худро дар робита ба фарҳангу тамаддун ва дастовардҳои Аврупо ва истифодаи он барои кишварҳои худ ба баррасӣ мегиранд.

Раиси созмони фарҳангии «Бохтар» низ вижагии «ҳафта» -и имсоларо аз солҳои пеш дар он медонад, ки ҷавонон ва таваҷҷӯҳ ба онҳо дар меҳвари ин иқдоми фарҳангӣ қарор гирифтааст.

Интизор меравад, «Ҳафтаи Аврупо» ба таърихи 4 ноябр дар театри академӣ — драмавии ба номи Абулқосим Лоҳӯтӣ бо консерти гурӯҳи ҳунармандони ҷавон аз шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат ба поён расад. Зимнан, «Ҳафтаи Аврупо» аз ҷумлаи барномаҳои фарҳангиест, ки Иттиҳоди Аврупо аз соли 2005 ба ин сӯ дар Тоҷикистон баргузор мекунад.

Агар дар солҳои аввал ин барнома танҳо шаҳри Душанберо фаро мегирифт, ҳамакнун дар чанд соли ахир доираи ин барнома то ба Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, марказҳои вилояти Суғду Хатлон тавсеа пайдо кардааст.
XS
SM
MD
LG