Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Стратегияи нави Аврупо барои Осиёи Марказӣ: Авлавият ба ҳамкориҳои дуҷониба


Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои минтақа бо ҳазинаи беш аз 1 миллиард евро, ҳамкориҳои дуҷониба бо кишварҳои минтақаро дар авлавият қарор додааст.

Қаблан сиёсати Иттиҳоди Аврупо (ИА) бо иҷрои стратегия барои кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) бештар ҳамкориҳои минтақавӣ, яъне муштарак бо ҳама кишварҳоро дар назар дошт.

Ҳидоят Бишчевич, раҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 1 июл зимни нишасти хабарӣ дар робита ба қабули стратегияи нави ИА барои ОМ гуфт, ки “воқеан нисбат ба стратегияҳои қаблӣ, дар стратегияи нав ба густариши ҳамкориҳо бо кишварҳои ОМ дар сатҳи дуҷониба авлавият дода шудааст. Зеро ҳар кишваре, ки мехоҳад ҳамкории бештару зичтар бо ин созмонро дошта бошад, ИА низ аз он истиқбол мекунад. Албатта ин ба нафъи рушду пешрафти кишварҳои Осиёи Миёна аст.”

Ба гуфтаи ҷаноби Бишчевич, Шӯрои Иттиҳоди Аврупо стратегияи нав барои Қазоқистон, Қирғизистон, Турманистон, Узбакистон ва Тоҷикистонро дар таърихи 22 июн қабул кард, ки буҷаи он маблағи беш аз 1 миллиард евроро ташкил медиҳад. Аммо ба гуфтаи раҳбари ИА дар Тоҷикистон, кӯмак дар чорчӯби ин стратегия барои ин кишвари ОМ, маблағи 251 миллион евро ё ҳудуди 30 дар сади ҳаҷми умуми маблағи стратегияро ташкил медиҳад. Ин кӯмакҳо марҳилаи солҳои 2014 то 2020-ро дар бар мегиранд. Ба ин тартиб, ба таъкиди Ҳидоят Бишчевич, кӯмакҳо ба Тоҷикистон дар се бахш -- рушди соҳаи кишоварзӣ, беҳдошт ва маориф сурат хоҳад гирифт.

Оё маблағҳои кӯмак мақсаднок истифода мешаванд?

Раҳбари намояндагии ИА дар посух ба суоли хабарнигорон марбут ба ин ки “то куҷо кӯмакҳои ИА бамавқеъ ва самарнок истифода хоҳанд шуд?” гуфт, “назорат ба иҷрои лоиҳаҳои кӯмаки ИА ба арсаҳои мухталифи Тоҷикистон қатъӣ аст ва мо мутмаинем, ки маблағҳои кӯмаки ин созмон ба таври шаффоф ва самаранок мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт”.

Аммо Ҳолгер Грин, сафири Олмон, ки дар ин нишасти хабарӣ ширкат дошт, ба сад дар сад мақсаднок истифода шудани кӯмакҳои грантӣ” аз сӯи созмонҳои байналмилалӣ дар қаламрави Тоҷикистон боварӣ надорад.

Ҷаноби Грин гуфт, ки “ҳафтаи гузашта дар маросими мавриди баҳрабардории ду тарҳ дар вилояти Хатлон ширкат кардам. Албатта аксарияти маблағи кӯмак барои иҷрои ин тарҳҳо истифода шудааст, аммо маълум аст, ки бархе аз маболиғ тахаллуф шудааст ё ба истилоҳи дигар ба дигар ҷайб рафтааст.”

Таъмини суботу амният дар минтақа – ҳадафи ИА

Раҳбари ИА дар Тоҷикистон дар пасманзари таҳаввулоти кишварҳои Ховари Миёна, таъмини суботу амният дар ОМ, ба хусус Тоҷикистонро ҳадафи аслии ин созмон унвон кард. Ба гуфтаи вай, ”таҳаввулоте, ки дар Ховари Миёна ва аз ҷумла Афғонистон мегузарад, ба кишварҳои ОМ, аз ҷумла Тоҷикистон таъсир хоҳад дошт. Чун Тоҷикистон дар чорроҳа қарор дорад ва эҳтимолияти хатару таҳдидҳо бештар аст.”

Ба ин далел, ба гуфтаи Ҳидоят Бишчевич, дар ин марҳалаи ҳассос таъмини суботу амният аввалиндараҷа аст ва ИА ва шариконаш бо иҷрои тарҳҳои вижа, кӯмакҳоеро дар заминаи таҳкиму тақвияти марз, ба хусус сохтмон ва муҷаҳҳаз кардани дидбонгоҳҳои ҷадиди марзӣ ба Тоҷикистон, роҳандозӣ мекунад.

Ҳамзамон ҷаноби Бишчевич ба иддаоҳое, ки ИА дар пайи таҳкими нуфузи худ дар минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон аст, гуфт, “ИА манфиатдори рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аст. Мо ба Тоҷикистон дар заминаи ислоҳоти соҳаҳои мухталиф кӯмак мекунем ва аз ин тариқ рушди демократӣ низ таъмин хоҳад шуд. Рушди демократия омили пешравии ҷомеа хоҳад буд”, гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ҷаноби Бишчевич, “ҳарфҳое ҳам шунида мешавад, ки ИА дар рақобат бо Русия аст, аммо созмони мо рақобатеро дар минтақа намехоҳад ва аз абарқудратҳо низ даъват мекунад, то тавозунро риоя кунанд”.

Нобоварӣ миёни кишварҳои минтақа - мероси замони Шуравӣ

Раҳбари ИА дар Тоҷикистон дар ин нишасти хабарӣ ба мушкилоти миёни кишварҳои минтақаи ОМ низ ишора кард ва гуфт, ки "нобоварие, ки дар баъзе аз масоил, аз ҷумла дар мавриди истифодаи захираҳои обӣ миёни кишварҳо вуҷуд дорад, мероси даврони Шӯравӣ аст. Албатта ин ба менталитет ва мафкура бастагӣ дорад ва фурсат мехоҳад."

Дар ин робита ба таъкиди Ҳидоят Бишчевич, ИА аз кишварҳои минтақа даъват ба амал меорад, то "дар ҳалли мушкилоти шадид худ аз муколама ва гуфтугӯ кор бигиранд.”

Иттиҳоди Аврупо – пуле байни ҳукумат ва ҷомеаи маданӣ

Дар ҳамин ҳол бархе аз хабарнигорон аз тағйир кардани нақшаи ИА дар мавриди маҳдудиятҳо болои озодии баёну расонаҳо, ҳуқуқи башар ва фаъолияти ҷомеаи маданӣ интиқод карданд ва гуфтанд, ки ин созмон ба мушкилот дар ин заминаҳо расидагӣ намекунад. Ҳол он, ки мавқеаш дар чанд соли пеш ба маротиб беҳтар буд.

Ҳидоят Бишчевич дар посух ба ин эродҳо гуфт, ки “ҳадафи мо мудернсозии ҷомеа аст ва муколама миёни ҳукумат ва ҷомеаи маданӣ аст. Мо бисёр маворид пуле миёни ҳукумат ва ҷомеаи маданӣ ҳастем. Дар масоили озодии баёну эътиқод ва ҳуқуқи башар мавқеи рӯшани худро баён мекунем. Хоса дар нишасти ахири муколамаи сиёсии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар Бруссел ба таърихи 10-12 июни ҷорӣ ин мавзӯъҳо бо мақомоти Тоҷикистон матраҳ шудаанд.”

Ҳамчунин, ба таъкиди ҷаноби Бишчевич, зимни таҳияи қонунҳо дар бораи интихобот ва созмонҳои ҷамъиятӣ, ИА ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ будани ин қонунҳо таъкид кард. Ҳарчанд, ба гуфтаи раҳбари ИА "ба натиҷаи қабули ин қонунҳо чандон розӣ нестем, аммо муколама миёни намояндагони ҷомеаи маданӣ ва ҳукумат вуҷуд дошт, инро қабул дорем".

Аммо сафири Олмон дар Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки “муттаассифона ҳукумат чандон эътимоде ба ҷомеаи маданӣ надорад.”

Зимнан, Иттиҳодияи Аврупо аз кӯмакрасонҳои умдаи Тоҷикистон ба шумор рафта, ба ин кишвар то имрӯз тақрибан 900 миллион евро кӯмакҳои билоиваз расондааст. Ҳамкории Тоҷикистон бо ИА аз соли 1992 шурӯъ шудааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG