Пайвандҳои дастрасӣ

Таърифу танқиди ИА аз вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон


ИА аз интихоботи парлумонии Тоҷикистон, маҳдуд кардани озодиҳои мазҳабӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ, ва ҳам аз масдуд кардани сомонаҳо дар ин кишвар изҳори нигаронӣ кардааст.

Мақомоти Аврупо дар иҷлоси ҳафтуми Муколамаи ҳуқуқи башари ИА ва Тоҷикистон, ки рӯзи 11 июн дар қароргоҳи Иттиҳодияи Аврупо (ИА) дар шаҳри Брюссел доир шуд, аз чигуна баргузор шудани интихоботи парлумонии 1 март, маҳдудиятҳо дар роҳи фаъолияти ҷомиаи шаҳрвандӣ, масдуд кардани сомонаҳои интернетӣ ва танг кардани озодии дин дар ин кишвари Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ кардаанд.

Бино ба гузориши дафтари ҳамкориҳои берунаи ИА, ҳайати Аврупоро дар ин нишасти солона Элизабет Тисон, раҳбари бахши сиёсати ҳуқуқи инсони дафтари ҳамкориҳои беруна ва ҷониби Тоҷикистонро Музаффар

Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи башар дар таркиби ҳайати Тоҷикистон дар ин гуфтугӯҳо ширкат дошт.

Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи башар дар таркиби ҳайати Тоҷикистон дар ин гуфтугӯҳо ширкат дошт.

Ашӯриён, раҳбари раёсати кафолатҳои конститутсионӣ ва ҳуқуқи инсони дастгоҳи раёсатҷумҳурии ин кишвари Осиёи Марказӣ раҳбарӣ мекарданд. Аз ҷониби Тоҷикистон омбудсмен Зариф Ализода ва мақомоти аршади вазоратҳои умури хориҷӣ ва адлияи ин кишвар низ дар нишасти Брюссел ширкат кардаанд.

Элизабет Тисон, раҳбари ҳайати ИА дар Муколамаи ҳуқуқи башари ин созмон бо Тоҷикистон рӯзи 12 июн дар як сӯҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ гуфт, “таъбири вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон хеле мушкил аст. Дар баъзе соҳот пешравӣ дида мешавад ва як муколамаи созанда ҳам байни мо сурат гирифт. Онҳо бояд пешрафт кунанд ва гуфтанд, ки барои пешрафт дар масоили ҳуқуқи башар омодаанд. Мо ба ҷониби Душанбе як силсила тавсияҳо додем ва бештар аз ҳама рӯи масоили озодии баён ва ҳамчунин озодии Интернет.”

Аммо хонум Тисон аз шарҳи ин, ки оё дар ин нишаст парвандаҳои алоҳидае, чун қазияҳои Шӯҳрат Қудратов, Зайд Саидов ва парвандаҳои марбут ба шиканҷа баҳс шудааст ё на?, худдорӣ кард.

Дафтари ҳамкориҳои берунаи ИА мегӯяд, бар сари як силсила масоили марбут ба ҳуқуқи инсон, бо шумули интихобот, озодии баён, ҳуқуқи занон, шиканҷа, озодии мазҳаб ва вазъи ҷомиаи шаҳрвандӣ, байни ҷонибҳо “бар пояи таҷрибаи солҳои гузашта як баҳси бозу созанда” доир шуд. ИА бо истиқбол аз фаъолияти омбудсмен мақомоти Тоҷикистонро ба тақвияти ин ниҳод, аз ҷумла ба таъсиси барномарезишудаи мақоми омбудсмени ҳуқуқи кӯдак ташвиқ кардааст.

Тасвиби барномаи давлатии ҷилавгирӣ аз хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон низ қадами мусбат арзёбӣ шудааст. ИА ҳамчунин бо истиқбол аз иқдомоти ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бо шиканҷа, аз Душанбе хостааст, то ҷиҳати мубориза бо беҷазо мондани омилони шиканҷа ва бадрафториҳои дигар талоши бештар ба харҷ бидиҳад.

ИА ҳамзамон пиромуни гузоришҳо дар бораи фишор ба хабарнигорони мустақил изҳори нигаронӣ карда, аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, то масдуд кардани сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоиро қатъ кунад. Аз Душанбе ҳамчунин хостаанд, то тавсияҳои ироашуда дар семинари марбути масоили ҷомиаи шаҳрвандӣ байни ИА ва Тоҷикистонро, ки моҳи декабри соли 2014 дар Душанбе доир шуда, махсуси масоили озодии баён буд, иҷро кунад.

ИА ҳамин тавр аз гузоришҳои расида дар бораи кӯтоҳиҳо дар интихоботи парлумонии рӯзи 1 март дар Тоҷикистон изҳори таассуф кардааст, вале гуфтааст, барои кумак ба мутобиқ кардани раванди интихоботҳои Тоҷикистон ба меъёрҳои САҲА ва дигар меъёрҳои қабулшудаи байналмилалӣ омода ҳаст.

Ҳайати Аврупо тағйиру иловаҳои пешниҳодӣ ба қонунгузории Тоҷикистонро, ки дар роҳи фаъолияти созмонҳои ҷомиаи шаҳрвандӣ талабҳои нав эҷод мекунанд, низ мояи нигаронӣ хондааст.

Ду ҷониб ҷиҳати дақиқ кардани соҳоти ҳамкориҳои фаннӣ ва кумакҳои имконпазир барои ҳалли мушкилоти мавҷуда дар масоили ҳуқуқи башар тавофуқ кардаанд. Қарор шуда, ки ин соҳоти ҳамкорӣ то нишасти ҳаштуми Муколамаи ҳуқуқи башари ИА ва Тоҷикистон, ки соли 2016 дар Душанбе баргузор хоҳад шуд, маълум карда шаванд.

Рӯзи 11 июн, қабл аз шурӯи Муколамаи ҳуқуқи башари ИА ва Тоҷикистон, 3 созмони ҳомии ҳуқуқи инсон - Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, Бунёди Ҳелсинки барои ҳуқуқи башар, марказаш дар Полша ва Мушорикати байналмилалӣ барои ҳуқуқи башар, марказаш дар Белгия – бо нашри як муроҷиатнома аз намояндагони Иттиҳодияи Аврупо хостаанд, то дар музокирот бо ҳайати Тоҷикистон чанд мавриди пурсарусадои шиканҷа дар ин кишвари пасошӯравиро дар миён гузоранд.

Шамсиддин Зайдуллоевро дар моҳи апрели соли 2015 дар шароити мармузе дар боздоштгоҳи пулис вафот кард.

Шамсиддин Зайдуллоевро дар моҳи апрели соли 2015 дар шароити мармузе дар боздоштгоҳи пулис вафот кард.

Ҳомиёни ҳуқуқ аз ҷумла баррасии парвандаҳои Хушвақт Қаюмов, як сокини 17-солаи ноҳияи Ёвонро, ки баъди шиканҷа шуданаш дар пулис қасди худкушӣ кардааст, Шаҳбол Мирзоевро, ки дар пайи бадрафтории ҳамхидматаш маъюб шуд, ва Шамсиддин Зайдуллоевро, ки дар моҳи апрели соли 2015 дар шароити мармузе дар боздоштгоҳи пулис вафот кард, зикр кардаанд.

Ин се созмон ин се қазияро баёнгари таҷрубаи доимии боздоштҳои махфӣ дар рӯзҳои аввали боздошт, набуди механизми таҳқиқоти мустақил ва бархӯрди беш аз ҳад нарми қонунҳои Тоҷикистон ба омилони шиканҷа номида, гуфтааст, аз соли 2011 то поёни 2014, танҳо Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ҳар сол беш аз 20 мавриди шиканҷаву бадрафториро аз сӯи мақомоти ин кишвар сабт кардааст.

Муколамаи солонаи ИА ва Тоҷикистон дар Брюссел рӯзи 10 июн бо иҷлоси чоруми Кумитаи ҳамкории ин созмон бо Тоҷикистон оғоз ёфт. Нишастҳои дутарафа рӯи масоили мухталиф дар қароргоҳи ИА, ба гуфтаи сафири Тоҷикистон дар ИА Рустам Солиев, то поёни ҳафтаи равон давом хоҳанд кард.

Иттиҳодияи Аврупо аз кӯмакрасонҳои умдаи Тоҷикистон ба шумор рафта, ба ин кишвар то имрӯз тақрибан 900 миллион евро кумакҳои билоиваз расондааст. Ин созмон соли гузашта ваъда дод, ки тайи давраи солҳои 2014-2020 барои рушди Тоҷикистон боз 251 миллион евро кумаки иловагӣ ҷудо хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG