Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, ба ваъдааш ҷиҳати ироаи 251 миллион евро, муодили тақрибан 280 миллион доллар ба Тоҷикистон содиқ боқӣ мемонад.

Ҳомиёни ҳуқуқ аз Иттиҳоди Аврупо хостаанд, то бо мақомоти Душанбе масоили ҳуқуқи инсонро ҳам баҳс кунанд. Иттиҳоди Аврупо мегӯяд,ба ваъдааш ҷиҳати расондани 251 миллион евро, муодили тақрибан 280 миллион доллар кумак барои рушди Тоҷикистон содиқ боқӣ мемонад. Ин кумакҳо барои давраи аз соли 2014 то 2020-ро дар бар мегиранд.

Сомонаи расмии Europe Union External Action – як ниҳоди масъули ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо бо кишварҳое, ки узви ин созмон нестанд, рӯзи 11 июн хабар дод, ки ин тааҳҳуд рӯзи 10 июн дар ҷаласаи чоруми Кумитаи ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар Брюссел, пойтахти Белгия ва қароргоҳи Иттиҳодияи Аврупо, баён шудааст.

Рустам Солиев, сафири Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо рӯзи 11 июн ба Радиои Озодӣ низ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ҷаласаи Кумитаи ҳамкорӣ дар Брюссел то поёни ҳафта давом хоҳад кард ва имрӯз низ ҷаласаҳо идома доранд. Ваъдаи ироаи 251 миллион евро кумак ба Тоҷикистон моҳи июни соли 2014 дар иҷлоси сеюми Кумитаи ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе эълон шуда буд.

Ҳайати Тоҷикистонро дар нишасти Бруссел муовини вазири рушди иқтисодӣ ва тиҷорат Саидраҳмон Назриев раҳбарӣ мекунад.

Ҳайати Тоҷикистонро дар нишасти Бруссел муовини вазири рушди иқтисодӣ ва тиҷорат Саидраҳмон Назриев раҳбарӣ мекунад.

Ҳайати Тоҷикистонро дар нишасти Бруссел муовини вазири рушди иқтисодӣ ва тиҷорат Саидраҳмон Назриев раҳбарӣ мекунад. Europe Union External Action мегӯяд, 251 миллион евро кумакҳои Иттиҳоди Аврупо ба соҳоти калидии рушд ва суботи иҷтимоии Тоҷикистон, аз ҷумла ба рушди манотиқи рустоӣ ва ба риштаҳои тандурустӣ ва маориф тамаркуз хоҳанд кард. Бино бар ин манбаъ, пуштибонӣ аз ин соҳот ба далели кунд шудани рушди иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус дар пайи коҳиш ёфтани ҳаҷми пулҳои интиқолии муҳоҷирони корӣ аз Русия зарурати боз ҳам оҷилтаре пайдо кардааст.

Иттиҳоди Аврупо ҳамзамон ба зарурати тазмини риояи ҳуқуқи башар, озодиҳои аслии инсон ва ислоҳоти демократӣ дар Тоҷикистон таъкид кардааст. Кумитаҳои ҳамкорӣ ҳамчунин ҳамоиши бештари Тоҷикистон бо иқтисоди ҷаҳонӣ, беҳтар кардани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар ин кишвар, тазмини масрафоти муносиби иҷтимоӣ барои таъмини хадамоти бунёдии иҷтимоӣ дар шароити мушкилоти иқтисодиро зарур хонда, хостори таҳияи шароит барои таъмини рушди миёнамуддат ва дарозмуддати Тоҷикистон шудааст.

Иттиҳоди Аврупо бо тавсиф аз нақши Тоҷикистон дар ҳамкориҳои минтақаавӣ, бахусус дар масоили танзими марзҳо, гумрук, таъсисоти тиҷоратӣ ва мубориза бо маводи мухаддир, аз ҳамкоронаш дар Осиёи Марказӣ хостааст, то роҳҳалҳои собите дар масъалаҳои ҳассосе, чун баҳсҳои обу нирӯи барқ ва мушкилоти муҳити зистро “бо дарназардошти манфиатҳои тамоми мардуми Осиёи Марказӣ” пайдо кунанд.

Дар ҳамин ҳол, 3 созмони ҳомии ҳуқуқи инсон - Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, Бунёди Ҳелсинки барои ҳуқуқи башар, марказаш дар Полша ва Мушорикати байналмилалӣ барои ҳуқуқи башар, марказаш дар Белгия – рӯзи 11 июн бо нашри як муроҷиатнома аз намояндагони Иттиҳоди Аврупо хостаанд, то дар музокирот бо ҳайати Тоҷикистон чанд мавриди пурсарусадои шиканҷа дар ин кишвари пасошӯравиро дар миён гузоранд.

Шаҳбол Мирзоев

Шаҳбол Мирзоев

Ҳомиёни ҳуқуқ аз ҷумла баррасии парвандаҳои Хушвақт Қаюмов, як сокинии 17-солаи ноҳияи Ёвонро, ки баъди шиканҷа шуданаш дар пулис қасди худкушӣ кардааст, Шаҳбол Мирзоевро, ки дар пайи бадрафтории ҳамхидматаш маъюб шуд, ва Шамсиддин Зайдуллоевро, ки дар моҳи апрели соли 2015 дар шароити мармузе дар боздоштгоҳи пулис вафот кард, зикр кардаанд.

Ин се созмон ин се қазияро баёнгари таҷрубаи доимии боздоштҳои махфӣ дар рӯзҳои аввали боздошт, набуди механизми таҳқиқоти мустақил ва бархӯрди беш аз ҳад нарми қонунҳои Тоҷикистон ба омилони шииканҷа номида, гуфтааст, аз соли 2011 то поёни 2014, танҳо Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ҳар сол беш аз 20 мавриди шиканҷаву бадрафториро аз сӯи мақомоти ин кишвар сабт кардааст.

Иттиҳоди Аврупо аз кӯмакрасонҳои умдаи Тоҷикистон ба шумор рафта, ба ин кишвар то имрӯз тақрибан 900 миллион евро кумакҳои билоиваз расондааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG