Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Ҳомии Роғун" ин бор ба дифоъ аз ТАЛКО садо баланд кард


Струан Стивенсон

Струан Стивенсон

Струан Стивенсон - ҳомии гарми тарҳи Роғун дар парлумони Аврупо дар матлаби навбатиаш ТАЛКО-ро "дурдонаи тоҷи Тоҷикистон" ном бурдааст.

Вакили парлумони Аврупо Струан Стивенсон, ки аз пуштибонони тарҳи нирӯгоҳи Роғун ва ибтикорҳои дигари давлати Тоҷикистон дар ин қора шинохта мешавад, дар як матлаби ҷадид навиштааст, “ба туфайли президент Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон шарики калидии Иттиҳоди Аврупо шуда," ба бовари ӯ, ба як рушди нисбӣ даст ёфтааст. Оқои Стивенсон ҳамин тавр, бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон “ТАЛКО”-ро “дурдонаи тоҷи Тоҷикистон” номида, аз он тавсиф кардааст, ки 13 000 нафарро бо ҷои кор таъмин мекунад.

Стивенсон аз ин ширкат, ки ба гуфтаи ӯ, “ба наздикӣ зери тозиёнаи танқиди бадхоҳон қарор гирифт,” дифоъ карда, даъвои ин “бадхоҳон” дар бораи асароти мудҳиши зистмуҳитии тавлидоти ин корхонаро бепоя мехонад. Ӯ бо тавсиф аз тарҳҳое, ки масъулони ТАЛКО дар роҳи коҳиш додани партоби маводи зарарнок аз ин корхона ба харҷ додаанд, меафзояд, "талабҳо барои аз кор баровардани корхона ва маҳдудсозии фаъолияти “ТАЛКО” бемаврид ва ғайри мутаносиб буда, ба таҳдидҳо ва суханпардозии пропагандистии ҷунбишҳои экологӣ дар кишварҳои зиёди ғарбӣ шабоҳат доранд."


ТАЛКО, воқеъ дар канори шаҳри Турсунзода, бо 400 0000 тонна тавлидоти алюминийи аввалия бузургтарин корхонаи саноати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Аммо мақомот ва созмонҳои ҳифзи муҳити зисти Узбакистони ҳамсоя иддао доранд, ки фаъолияти ТАЛКО барои навоҳии вилояти ҳаммарзи Сурхондарё паёмадҳои сахти зистмуҳитӣ ва тандурустӣ ба бор меорад. Созмонҳои зистмуҳитии Узбакистон ҳатто бастани ин корхонаро дархост кардаанд.

Струан Стивенсон дар мақолааш аз давлатҳои Осиёи Марказӣ мазаммат кардааст, ки ба ҷои дунбол кардани роҳи муколамаву ҳамкорӣ бархеаш аз масири ҷудоигароиву инзивоъгароӣ пеш мераванд: "Баҳсҳои сиёсӣ ва оштинопазирӣ танҳо ба бунбаст мебаранд, мушкилоти зиёдтар бунёд месозанд, хавфи оқибатҳои бебозгаштро барои муҳити зист афзун мекунанд ва сабаби якбора паст шудани шароити зиндагии миллионҳо одамон дар минтақа мешаванд."

Струан Стивенсон, ба намояндагӣ аз ҳизби муҳофизакорон вакили Шотландия дар парлумони Аврупо ва раҳбари гурӯҳи вижаи ин парлумон дар масоили тағйири иқлим, гуногуншаклии биологӣ ва рушди устувор аст.

Ӯ бо ҳимояти гармаш аз тарҳи Роғун маъруф шудааст. Дар маҳофил баёнияҳои мукаррари Стивенсон ба ҳимоят аз ибтикорҳои давлати Тоҷикистон, аз ҷумла дар масъалаи ҳассоси Роғунро натиҷаи аввалин қадамҳои мақомоти Душанбе дар роҳи "лоббӣ"-созӣ дар сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла дар ниҳодҳои мӯътабаре, чун парлумони Аврупо мешуморанд. Ташкили сафари ӯ ба Тоҷикистон, аз ҷумла боздиди ин вакили парлумони Аврупо аз Роғун дар се соли пеш низ ҷузъе аз маъракаи таблиғотии Душанбе барои таъмини ҳимояти байналмилалӣ аз ибтикорҳояш, аз ҷумла дар қиболи тарҳи Роғун дониста мешавад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG