Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лоббигарӣ - марҳилаи тоза дар сарнавишти "Роғун"


Стивенсон, узви парлумони Аврупо ва аз пуштибонони тарҳи Роғун
Стивенсон, узви парлумони Аврупо ва аз пуштибонони тарҳи Роғун

Ба гуфтаи таҳлилгарон, акнун сарнавишти Роғун бо вуҷуди мухолифатҳо, ба як марҳилаи тоза ворид шудааст.

Ба назар мерасад, ки дар симои вакилони порлумони аврупоӣ ва Амрико ба гунае пуштибон пайдо кардани Роғун, гардишеро дар ин тарҳ ба оҳистагӣ падид овардааст.

ПУШТИБОНИИ АВРУПО АЗ РОҒУН ДАР СИМОИ СТИВЕНСОН

Номи Струан Стивенсон вақте сари забонҳо ва мавриди гуфтугӯҳо дар расонаҳои миллӣ ва минтақӣ қарор гирифт, ки ба унвони раҳбари гурӯҳи зистмуҳитии парлумони Аврупо дар гузорише ба раиси ин порлумон Йержӣ Бузек ва сарвазири Бритониё Девид Камерон аз тарҳҳои энержии Тоҷикистон пуштибонӣ кард.


Оқои Стивенсон дар ин гузориши худ, содироти нерӯи барқи Тоҷикистон ба кишварҳои минтақаро саҳми муҳиме дар истиқрори субот дар Афғонистони ҷангзада хонда, иддаои Узбакистон дар мавриди паёмадҳои манфии бунёди нерӯгоҳи азими Роғун барои кишварҳои бебунёд унвон карда буд.

Ин вакили парлумони Аврупо аз маҳофили ғарбӣ даъват намуда буд, ки аз тарҳҳои энержӣ ва обии Тоҷикистон истиқбол кунанд. Албатта қабл аз он ҳам Кумитаи равобити байналмилалии Сенати Амрико дар гузорише аз ин тарҳ пуштибонӣ намуда буд. Аммо гузориши раҳбари ҳайати зистмуҳитии порлумони Аврупо ва посухи радди Бонки ҷаҳонӣ ба дархости Узбакистон, гардиши муҳиме ба назари коршиносон дар рӯёрӯии иттилоотӣ дар масъалаи Роғун маҳсуб мешуд.

БАРТАРИИ ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИК?

Баъди иқдоми ин вакили порлумони Аврупо, бархе аз коршиносон гуфтанд, ки Тоҷикистон дар ҷанги иттилоотии марбути Роғун бар Узбакистон ба навъе бартарӣ ёфт. Агарчанд ин бархурди иттилоотӣ ҳамчунон идома дорад ва ба поёни худ нарасидааст.


Аммо паллаи тарозу ба гуфтаи соҳибназарон баъди ин ҳама таҳаввулот дар талошу фишорҳои иттилоотӣ ва дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон, акнун як андоза ба нафъи Тоҷикистон моил шудааст.

Иқдом ба сохтмони Роғун намудани Тоҷикистон аз соли 2004 ба ин сӯ равобити Тоҷикистон бо Узбакистон ва ҳамин тавр бо Русияро ба сурати бесобиқа ба сардӣ дучор кардааст. Узбакистон ба сохтмони ин тарҳ ба шиддат мухолиф аст. Ва баъди он, ки дар соли 2007 Тоҷикистон ин сохтмонро моли истисноии давлат эълон кард, Русия, ки мехост саҳми аслӣ дар ин нерӯгоҳро дошта бошад, аз ин тарҳ худро канор гирифт ва эълон кард, ки Тоҷикистон бояд барномаҳои энержии худро бо Узбакистон ҳамоҳанг кунад. Дар ғайри сурат дар ин тарҳҳои Тоҷикистон сармоягузорӣ нахоҳад кард.

ЧАРОҒАКИ САБЗИ БОНКИ ҶАҲОНӢ

Аз ин лиҳоз Тоҷикистон ба пуштибон, сармоягузор, ва лобистҳои байналмилалӣ барои иҷрои тарҳҳои энержии худ беш аз ҳар вақти дигар ниёз эҳсос мекунад. Ва ин лоббӣ ва ё таблиғгар дар симои Струан Стивенсон акнун зуҳур кардааст.

Дар ҷараёни охирин сафари худ ба Тоҷикистон дар ҳафтаи равон низ Струан Стивенсон ҳамроҳ бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз маҳалли бунёди нерӯгоҳи Роғун дидан кард ва ба мавзеъи худ таъкид намуд.

Оқои Стивенсон гуфт, ки Бонки Ҷаҳонӣ талош дорад, бо баргузории ташхиси зистмуҳитӣ ва фанниву иқтисодӣ дар роҳи сохтмони нерӯгоҳи Роғун, чароғаки сабзро рӯшан кунад.

Сафари Струан Стивенсон дар замоне сурат мегирад, ки қарор аст, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба кишварҳои аврупоӣ сафар намуда ва суханронии ӯ дар
Мулоқоти ҷониби аврупоӣ бо мақомоти тоҷик
порумони Аврупо анҷом шавад. Ва оқои Стивенсон мегӯяд, ки қасд дорад афкори порлумони Аврупо ва маҳофили аврупоиро ба ин масъала ҷалб кунад. Ва Роғун яке аз ҳадафҳои сафари қарибулвуқӯи президент Раҳмон ба Аврупо ва дидору гуфтугӯ бо раҳбарони ин кишварҳо хоҳад буд.

Ӯ мегӯяд: «Ҳадаф аз сафари кӯтоҳи ман ба Тоҷикистон ва гуфтугӯ бо президент Раҳмон низ ҳамин буд. Ман хостам пеш аз сафари президент ба Аврупо дар бораи сохтмони ин нерӯгоҳ иттилои бештар ва дақиқе ба даст оварам ва порлумони Аврупоро дар ҷараёни аҳамияти ин нерӯгоҳ дар рушди кишварҳои минтақа қарор бидиҳам. Ба ин далел, ки на ҳама вакилони порлумони Аврупо дар бораи аҳамияти нерӯгоҳи Роғун иттилои кофӣ дар даст доранд. Гузашта аз ин, ман барои баргузории дидору гуфтугӯҳои раҳбарони кишварҳои Аврупо бо Раҳмон мусоидат хоҳам кард.»

"УЗБАКИСТОН ДАЛЕЛЕ БАРОИ МУХОЛИФАТ НАДОРАД"


Сратун Стивенсон қабл аз ин аз Узбакистон низ боздид намуда буд. Ва далели мухолифати Узбакистон аз назари оқои Стивенсон ба тарҳи Роғун дар чист? Дар ҳоле, ки агар агар сохтмони Роғун барои пешрафти иқтисоди ҳамаи минтақа аз аҳамияти вижа бархӯрдор бошад?

Ӯ мегӯяд: «Ман мавқеи Узбакистон ва далели мухолифаташро нафаҳмидам. Ман барои навиштани гузориши худ дар робита ба аҳамияти Роғун мушкилоти панҷ кишвари минтақаро омӯхтам ва сохтмони обанбори Роғун барои таъмини обу обёрӣ дар минтақа муҳим аст. Гузашта аз ин сохтмони нерӯгоҳ барои Узбакистон низ фоидаовар аст. Зеро метавонад нерӯи барқи арзонро аз Тоҷикистон ворид кунад ва нафту гази худро барои тавлиди нерӯи барқ масраф накунад ва ин нафту газро бифурӯшад ва аз он даромад ба даст орад.
Струан Стивенсон бо намояндагони Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон

Узбакистон бояд бифаҳмад, ки нерӯгоҳи Роғун на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои пешрафти иқтисоди тиҷорати кишварҳои поёноб низ аҳамияти бузург дорад.»

Струан Стивенсон ҳамчунин дар гуфтугӯи вижаи худ таъкид кардааст, ки Русия ҳақ надорад, барои корҳои дар замони шуравӣ анҷмошуда дар сохтмони Роғун ҷубронпулӣ ё товон талаб кунад.

МАРҲИЛАИ ТОЗА ДАР САРНАВИШТИ РОҒУН

Ба ҳар сурат, ба гуфтаи таҳлилгарон акнун сарнавишти Роғун бо вуҷуди мухолифтаҳо, ба як марҳилаи тоза ворид шудааст. Русия то кунун аз сармоягузории ин тарҳ худдорӣ кардааст ва ба далели дар миён будани манофеи Русия аз соли 1991 то кунун кишварҳои дигаре ҳам имкони иҷрои ин тарҳро доштанд, аз анҷоми он худдорӣ мекарданд. Вале акнун ба назар мерасад, ки дар симои вакилони порлумони аврупоӣ ва Амрико ба гунае пуштибон пайдо кардани Роғун гардишеро дар ин тарҳ ба оҳистагӣ падид овардааст. Ва ба нафъи сохтмони Роғун анҷом шудани хулосаи коршиносии Бонки ҷаҳонӣ низ дигар баъид нест. Инро таҳлилгарон навъе пешрафти дипломатия ва сиёсати Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ унвон мекунанд, ки бо ёфтани лоббиҳои байналмилалӣ мумкин шудааст.

Тоҷикистон дар замони шӯравӣ ҳам яке аз ҷумҳуриҳои нисбатан ақибмонда буд ва аз як сӯ роҳбарони он ҷуръати талаби ҳаққи бештар аз Маскавро надоштанд. Аз сӯи дигар бисёр масоили иқтисодӣ ва сармоягузории тарҳҳои миллӣ дар Маскав ҳал мешуд, вале Тоҷикистон дар сатҳи роҳбарон ва ё вакилони саросарии шуравӣ низ пуштибонӣ ва ё лоббӣ надошт. Агарчанд ҷумҳуриҳои дигар, аз ҷумла Узбакистон бо воситаҳои мухталиф аз чунин усулҳои дар ҳамон замон ҳам истифода мекард.

ФАРҲАНГИ ЛОБбИГАРӢ

Бӯрӣ Каримов, муовини аввали сарвазири Тоҷикистон дар замони шӯравӣ ва ва раиси кумитаи тарҳрезии кишвар мегӯяд: ««Ин гуна лоббигариҳо тақрибан, ки набуданд. Агар ҳам буданд, дар доираи
Бӯрӣ Каримов
ҳамон вакилони Шӯрои Олӣ каму беш ба назар мерасиданд. Вале Шӯравӣ ба ҳадде абарқудрат буд, ки метавонист дар шахси худаш масъалаҳоро барои ҷумҳуриҳои ҷудогонаи миллӣ ҳал кунад. Барои ҳамин ин чизҳо хеле кам ба назар мерасид. Вале аз замоне, ки масъалаи Роғун аз як масъалаи иқтисодӣ ба масъалаи сиёсӣ табдил шуд, акнун маҷбур ҳастем, ки ба вакилони порлумони Аврупо ва порлумонҳои дигари ҳамсояву порлумони худамон рӯ биорем ва гӯш биандозем.»

Аммо акнун фарҳанги лоббигарӣ дар замони муосир ба як амри муқаррарӣ дар омадааст. Ва Тоҷикистон низ ба навъи аҳсан метавонад аз ин усул истифода кунад, ва он ҳам дар ҳар сатҳе, ки хоста ва имкон дошта бошад.

Зафар Абдуллоев, таҳлилгари тоҷик мегӯяд: «Ба назари ман ин иқдоми вакили порлумони Аврупо ва сафари ӯ ба Тоҷикистон натиҷаи мусбат дар пай хоҳад дошт. Ҳадди ақал аз ин ҷиҳат, ки ӯ метавонад хеле аз маҳофил ва шахсиятҳоро дар Аврупо итминон диҳад, ки Тоҷикистон кишварест, ки рушд мекунад ва авзоъ ба он ҳади баде, ки дар Аврупо тасаввур мекунанд нест. Он ҷо умдатан ин тасаввур ҳоким аст, дар Тоҷикистон дар ҳолати бади сиёсӣ ва ҳатто вазъияти ҷангӣ қарор дорад. Сафари Стивенсон ва иқдомоти ӯ дар ҷиҳати муаррифии Тоҷикистон дар дигар шудани ин фикр дар Аврупо кӯмак кунад.»

УЗБАКИСТОН ҲАМ ЛОбБИСТҲОИ ХУДРО ДОРАД


Аммо тарафи мухолифони Роғун низ албатта дар сатҳи байналмилалӣ лоббистҳои худро доранд. Ва сатҳу имкони онҳо низ ба назари коршиносон болотар аз сатҳ ва имкони лоббистҳои ҷонибдори Роғун аст. Ба ин далел ҳоло метавон як сабқати пуршиддатро интизор дошт.

Бӯрӣ Карим, муовини собиқи раиси ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, бо вуҷуди ин ҳама Тоҷикистон дар амри ин сохтмон бояд ба ҳар ҳол кишварҳои манфиатдор ва бонуфуз дар ин тарҳ ва аз ҷумла ҳамсояҳои худро итминон бидиҳад.

Оқои Каримов мегӯд: «Мо ҳоло дар як вазъияте қарор гирифтаем, ки бояд ба ҳар роҳе, ки набошад ҳамкорҳоро дар дигар кишварҳо биёбем ва ақиб наравем. Ба ин масъала аз назари ҳамсоя низ бояд нигоҳ кунем. Зеро бояд коре накунем, ки саранҷом бунёди Роғун ба мушкили ҷиддӣ мувоҷеҳ шавад. Масалан мо наметавонем агрегат ё чархаҳои ин нерӯгоҳро бо осмон ё ҳавопаймо биорем. Онҳоро бояд бо замон ва роҳи оҳан биорем. Аз Чин ҳам овардани онҳо мушкил аст, зеро аз марзи Чин то Роғун роҳҳо мушкил дорад, солҳо мебояд ин роҳҳо таъмир шавад ва интиқоли ин дастгоҳҳои бузург аз ин тариқ мумкин гардад. Вақе агрегатҳои Норакро оварданд, гар ёди касоне, ки шоҳид буданд, бошад, мо роҳҳо ва пулҳоро тақвият намудем, ки бардошт карда тавонанд. Барои ҳамин хеле муҳим аст, ки ҳамкорон пайдо кунем.»

ТАЛОШҲОИ МУФИД ВАЛЕ НА ҲАЛКУНАНАДА


Аммо боз ҳам сулое, ки матраҳ мемонад ин аст, ки ин талошҳо бо чӣ анҷом хоҳанд шуд? Ва саранҷом талошҳои таблиғгарони порлумонии Аврупо ва Амрико чӣ натиҷа хоҳад дошт? Зафар Абдуллоев мегӯяд, ин талошҳо муфид хоҳад буд, аммо ҳалкунанда воқеъ нахоҳанд шуд. Зеро масъала аз чаҳорчӯби меёърҳои ҳуқуқӣ ва байналмилалӣ хориҷ шудааст.

Зафар Абдуллоев, коршиноси тоҷик
Ӯ мегӯяд: «Тоҷикистон ва Узбакистон кайҳо омодаанд, ки ҳеҷ гуна ҳаллеро дар масъалаи Роғун, ҳатто файсалаи СММ қабул надошта бошанд. Ин масъала ба унвони як қартаи сиёсӣ дар дасти раҳбарони ҳарду кишвар қарор гирифитааст. Ва ҳар кадоме аз ин ду гузашт дар баробари ин масъаларо барои худ бохти сиёсӣ ва аз даст додани қудрат медонанд. Ба назари ман ин қазия ба як масъалаи сарбастае табдил шудааст, ки дар марҳилаи кунунӣ роҳи ҳалле барои он ба назар намерасад. Шояд ба як миёнҷии билқуввае ниёз бошад, ки ҳарду раҳбар ба ҳарфи ӯ гӯш диҳанд, аммо чунин шахси мунҳасир ба ҳардуро ҳам феълан намешавад дид. Агар он пайдо шавад, масъала ҳал ва ҳарду кишвар ба суръат рушд хоҳанд кард.»

Аз ҷониби дигар, ба гуфтаи коршиносон ҷиҳатгирии ниҳодҳои байналмилалии сиёсӣ ва молӣ ва ҳамчунин Бонки ҷаҳонӣ низ дар ниҳояти амр ба нафъи комили яке аз ҷонибҳо анҷом нахоҳад шуд. Ва онҳо бештар манофеъи хоси худро думбол мекунанд. Ба ин далел, мегӯянд коршиносон, бояд ҳам Тоҷикистон ва ҳам Узбакистон дар ҳар гуна муносибат бо ниҳодҳои молӣ ва байналмилалӣ аз ниҳояти эҳтиёт кор бигиранд.

МУХОЛИФАТИ РУСИЯ ВА УЗБАКИСТОН БА РОҒУН

Бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар миёнаҳои солҳои 1970-уми шӯравӣ шурӯъ шуда, вале баъди суқути шуравӣ сохтмони он ниматамом монд.

Тоҷикистон дар соли 2004 барои сохтмони ин нерӯгоҳ ба сурати ҷиддӣ иқдом намуд ва бо ширкати «Русал»-и Русия қарордод ба имзо расонид. Аммо дар соли 2007 аз ин қарордод ба далели он, ки "Русал" ба тааҳҳуди

худ амал накардааст, хориҷ шуд. Тоҷикистон муътақид аст, ки «Русал» бо муомила бо Узбакистон, аз сармоягузории тарҳи Роғун сарфи назар кардааст.

Ӯзбакистон мегӯяд, бунёди обанбори азим барои Роғун сабаби коҳиши маҷрои об ба кишварҳои поёноб шуда ва ба вазъи муҳити зист ва зиндагии мардум дар Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ мегузорад.

Аммо Тоҷикистон ин иддаъоро беасос хонда ва мегӯяд, зимни тақсими об бо ҳамсояҳояш беадолатӣ нахоҳад кард. Дар сурати такмил, нерӯгоҳи Роғун бо иқтидори 3600 мегават соат, қодир ба тавлиди бештар аз 13 миллиард киловат соат нерӯи барқ дар як сол хоҳад буд. Аммо кай?

Шарҳи ҳоли Струан Стивенсон

Струан Стивенсон 63 сол дорад ва 4 арпели соли 1948 дар Шотландия таваллуд шудааст. Ӯ узви раёсати ҳизби муҳофизакори Шотландия ва муовини раиси Кумитаи моҳидории порлумони Аврупо, раҳбари ҳайати робита бо Ироқ ва раҳбари гуруҳи «Дӯстони Ирони озод» дар порлумони Аврупо мебошад.

Стивенсон то соли 1999 се навбат узви порлумони миллии Британия интихоб шудааст. Ва яке аз фаъолони ҳаркати зистмуҳитӣ дар Аврупо мебошад. Ӯ аз соли 1999 то кунун узви порлумони аврупоӣ мебошад.
XS
SM
MD
LG