Пайвандҳои дастрасӣ

Сафирони Бритониёву Олмон ва Иттиҳодияи Аврупо субҳи 18-уми октябр боздиди худ аз шаҳри Хоруғро шурӯъ карданд.

Ин нахустин сафари дипломатҳои баландпояи аврупоӣ ба маркази вилояти Бадахшон баъд аз амалиёти вижа ё махсуси нерӯҳои қудратии Тоҷикистон аст, ки пас аз кушта шудани сардори раёсати амнияти вилояти Бадахшон, Абдулло Назаров, шурӯъ шуд.

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ сафирони Олмону Бритониё гуфтанд, ҳадафи онҳо ошноӣ бо вазъи минтақа буда, дар ҷараёни сафари чандрӯзаашон онҳо бо раиси вилоят, шаҳрдори Хоруғ, гурӯҳи миёнарави 20-нафарӣ мулоқот мекунанд. Ҳамчунин, ният доранд, омодагӣ барои маблағгузории чанд тарҳеро дар вилоят эълон кунанд.

Сафири Олмон дар Тоҷикистон Анна Дорис Ҳертзамф дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ изҳор дошт, ки онҳо дар бораи ҳаводиси Хоруғ иттилои зиёде гирифтанд, вале акнун бо истифода аз сафар мехоҳанд, бо мардуми бештаре мулоқот кунанд ва фикри ҷонибҳоро дар бораи ин рӯйдодҳо бишнаванд.

"Умедворам, тамоми мушкилот дар ин ҷо ва дигар манотиқи Тоҷикистон аз роҳи тақвияти ҳокимияти қонун бартараф мешавад. Рӯйдодҳои Бадахшон нишон доданд, ки ҳокимияти қонун ба хотири адолат фавқулода муҳим аст, то ҷинояткорӣ то ба ин сатҳ тавсеа наёбад ва эътимоди мардум ба ҳукумат афзоиш ёбад",-афзуд ӯ.

Олмон дар қатори давлатҳое буд, ки сафираш дар рӯзҳои аввали амалиёти низомӣ дар Хоруғ бо президенти Тоҷикистон мулоқот карда, хостори ҷилавгирӣ аз талафот дар байни шаҳрвандони мулкӣ шуд. Сафири Олмон изҳори умедворӣ кард, рӯйдодҳои назири Бадахшон дигар такор нахоҳанд ёфт.

Робин Орд-Смит

Робин Орд-Смит

Сафири Британиё Робин Орд-Смит дар посух ба саволи Радиои Озодӣ оид ба ин ки оё ташрифи гурӯҳи сафирон ба Бадахшон ба маънои эътидоли пурраи вазъ дар вилоят аст, гуфт, онҳо ҳанӯз моҳи июл, вақте низоъ сарз зад, мехостанд ба вилоят биёянд. Вале он вақт сафар барояшон муяссар нашуд ва бо пайдо шудани имконият дарҳол аз он истифода карданд. Ба гуфтаи сафир, бардошта шудани маҳдудияти сафар ба минтақа шаҳодат медиҳад, ки ҳукумат бовар дорад, ба амнияти дипломатҳои хориҷӣ таҳдиде вуҷуд надорад.

Айни замон Орд-Смит гуфт, наметавонад вазъиятро “идеалӣ” тасвир кунад ва гӯяд, ки низоъ пурра ҳал шудааст. Сафир изҳор дошт, онҳо дар мулоқот бо намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ нуктаҳоеро таъкид хоҳанд кард, ки қаблан аз ҷониби онҳо дар марказ садо доданд. Ӯ афзуд, "мо ин ҷо на барои танқиду муттаҳам кардани касе омадаем. Мо барои пуштибонӣ аз корҳои барқарорсозӣ ва ваҳдат омадем ва бубинем, ки барои пешрафти мусбати кор чӣ саҳме дошта метавонем."

Сафири Бритониё гуфт, дар Бадахшон пеш аз ҳама бояд волоияти қонун риоят шавад ва афроде, ки дар робита ба ҳаводиси ахири Хоруғ боздошт шуданд, бояд дар мурофиаи одилона баррасӣ шаванд. Ҳамчунин, гуфт ӯ, онҳо таҳқиқи мунсифона ва беғаразонаи парвандаи ашхосеро тақозо мекунанд, ки дар ин ҳаводис ҳалок шуданд.

Ӯ гуфт, сухан дар бораи қазияи раиси бахши вилоятии ҳизби назҳати ислом Сабзалӣ Мамадризоев, намояндаи шӯришиён Имумназар Имумназаров ва ҳамчунин парвандаи генерал Абдулло Назаров меравад.

Сафирони аврупоӣ гуфтанд, ҳамчунин дар мулоқот бо мақомоти Бадахшон дархост хоҳанд кард, ки созмонҳои байналмилалиро ба зудтарин фурсат иҷозаи идомаи кор дар вилояти Бадахшон бидиҳанд. Ба назари сафири Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон Эдвард Ауер дар авзоъи ВМКБ “пешравии чашмрас” мушоҳида мешавад ва сохторҳои ҳукумат, мардум ва тарафҳои дигар дар қазия бояд байни ҳам ҳамкории бештар дошта бошанд, то ки вазъ пурра ба эътидол ояд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG