Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд эълон кард, ки барои ба роҳ мондани истеҳсоли нӯшобаи маъруфи Coca-Cola дар Тоҷикистон 45 миллион евро ва ё ҳудуди 50 миллион доллар қарз медиҳад.

Дар баёнияи расмии Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд, ки рӯзи 7-уми август нашр шуд, гуфта шудааст, ки таъсиси корхонаи истеҳсоли Кока-Кола дар Тоҷикистон имкон медиҳад, воридоти ин нӯшоба аз берун камтар шавад ва истеҳсоли маҳсулот дар дохили Тоҷикистон афзоиш ёбад.

Қарзи мазкур ба ширкати ССВТ, Coca-Cola Beverages Tajikistan дода мешавад, ки ба ширкати Кока Кола Ичечеки Туркия тааллуқ дорад. Корхонаи истеҳсоли Кока-Кола дар ҳошияи шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон сохта мешавад ва қодир ба тавлиди 100 миллион литр нӯшокӣ дар як сол аст.

Наталия Ханженкова, мудири Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд барои Туркия ва Осиёи Марказӣ гуфтааст, “ин корхона дар Душанбе аҳамияти стротежӣ дорад, зеро нахустин корхонаи як ширкати байналмилалӣ дар арсаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Сармоягузории мустақими хориҷӣ мавриди истиқболи гарми Тоҷикистон аст ва бахусус дар замоне, ки иқтисоди кишвар ба сабаби кунд шудани рушди иқтисоди минтақа, зери фишор мондааст.”

Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд мегӯяд, бо вуҷуди рушди муназзами саноати тавлиди нӯшокӣ дар Тоҷикистон дар вақтҳои ахир, ин бахши иқтисоди кишвар дар муқоиса ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ рушд наёфтааст ва имкони тавсиаи зиёд дорад. Ба гуфтаи бонк, корхонаи нав бо таъсиси ҷойҳои корӣ ба иқтисоди маҳаллӣ ва рушди дигар фаъолиятҳои тиҷоратӣ кӯмак мекунад.

Созишнома дар бораи таъсиси корхонаи Кока-Кола дар Тоҷикистон моҳи январи имсол миёни Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ ва ширкати Кока Кола Ичечеки Туркия баста шуд. Ба гуфтаи кумита, баъди мавриди баҳрабардории комил қарор гирифтани корхона, ки дар самти ноҳияи Варзоб ҷойгир аст, дар инҷо бештар аз 600 ҷойҳои корӣ ҳам дар корхона ва ҳам муассисаҳои кӯмакрасон ба вуҷуд меояд.

Ба гуфтаи мутахассисон, дар давоми панҷ соли аввали кор, мумкин аст, ба буҷаи кишвар бештар аз 21 миллион доллар ворид шавад. Ширкати "Кока-Кола", нӯшокии ҳамноми худро истеҳсол мекунад, яке аз бузургтарин ширкатҳои истеҳсоли нӯшокӣ дар ҷаҳон аст, ки маҳсулоташ дар 200 кишвари ҷаҳон ба фурӯш меравад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG