Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Coca-Cola” ба Тоҷикистон меояд


“Coca-Cola”, аз маъруфтарин ширкатҳои ҷаҳонии тавлиди нӯшобаҳои беалкоҳол мехоҳад дар Тоҷикистон ҳам корхонаашро боз кунад.

Иқтидори тавлидотии ин корхона, қарор аст, 100 миллион литр дар солро ташкил диҳад. Мустафо Метен, мудири кулли ширкати “Coca-Cola нӯшокиҳои Тоҷикистон” ба “Азия Плюс” гуфтааст, онҳо барои сохтани ин корхонаи нави тавлиди нӯшоба дар марҳалаи аввал 30 миллион доллар масраф хоҳанд кард ва агар музокирот бо мақомоти Тоҷикистон саривақт анҷом шавад, ин корхона алакай аз соли 2014 ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард.

Мустафо Метен гуфтааст, ҳоло як масъалаи асосӣ интихоби макони бунёди корхона ва масъалаи дувум шароити оғози фаъолияти “Coca-Cola” дар Тоҷикистон аст. Ба гуфтаи оқои Метен, ҷониби Тоҷикистон ба онҳо сохтани корхона дар яке аз минтақаҳои озоди иқтисодиро пешниҳод кардааст, ки аз имтиёзҳои вижае дар шурӯъи бизнес бархӯрдоранд.

Вале ӯ мегӯяд, барои “Coca-Cola” “омили муҳим наздик будани маҳалли корхона ба истеъмолкунандагон, мавҷудияти роҳҳову нирӯи барқ ва амсоли ин аст.” Масъулони ширкати “Coca-Cola нӯшокиҳои Тоҷикистон” умедворанд, ки барои сохтани корхона ба онҳо дар шаҳр ё наздикии ягон шаҳр 5 гектар замин ҷудо хоҳанд кард.


Аз тарафи дигар, гуфтааст Мустафо Метен, “Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳое медарояд, ки мизони хатари пешбурди тиҷорат дар онҷо хеле зиёд аст.” Ӯ аз ҷумла ба фоизи баланди қарзҳои бонкӣ ва сатҳи пасти даромади мардум ишора мекунад. Мустафо Метен мегӯяд, ба ширкаташ барои оғози фаъолият дар Тоҷикистон имтиёзҳои молиётиву гумрукӣ лозиманд. Дар ҳар сурат, меафзояд ӯ , “мо азм дорем ки дар Тоҷикистон кор кунем ва ин бозорро ояндадор мешуморем.”

Мудири кулли ширкати “Coca-Cola нӯшокиҳои Тоҷикистон” ба “Азия Плюс” ҳамчунин гуфтааст, дар сурати ба кор даромадни корхонаи тавлиди нӯшобаҳои “Coca-Cola” дар Тоҷикистон ба таври мустақим 150 ҷои корӣ ва ба сурати ғайримустақим то 1500 ҷои кории дигар ба вуҷуд хоҳад омад.

“Coca-Cola”, марказаш дар шаҳри Атланта - маркази аёлати Ҷорҷияи Амрико – яке аз бузургтарин ширкатҳои тавлиди нӯшобаҳои бидуни алкоҳол дар ҷаҳони муосир ба шумор меравад. Нӯшобаи “Coca-Cola”, ки бино ба ривоятҳо, соли 1886 аз сӯи Ҷон Стит Пембертон ихтироъ шудааст, дар ҳоли ҳозир дар беш аз 200 кишвари дунё фурӯхта мешавад. Дар соли 2011 “Coca-Cola” гаронбаҳотарин тамғаи тиҷоратии дунё эътироф шуда буд.

Ба навиштаи "Азия Плюс", ширкати “Coca-Cola нӯшокиҳои Тоҷикистон” аз сӯи як ширкати туркӣ, ки аз ҷониби ширкати “Coca-Cola” муҷаввизи тавлиди ин навъи нӯшобаро дорад, таъсис ёфтааст.

Дар ҳоли ҳозир, дар бозори Тоҷикистон асосан нӯшобаҳои беалкоҳоли сохти маҳаллӣ, назири “Шоҳона”, “СССР” ва амсоли ин, фурӯхта мешаванд. Аз тамғаҳои маъруфи байналмилалӣ дар Тоҷикистон то кунун танҳо “RC Cola” тавлид мешуд, ки муҷаввизашро ширкати “Оби зулол” ба даст овардааст.
XS
SM
MD
LG