Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгари тоҷик дар мусобиқаи Аврупо дувум шуд


Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия аввалин мусобиқаи кушодаи қаҳрамонии Аврупо оид ба якҳарбаҳои омехта баргузор шуд.

Дар ин мусобиқа, ки дар Қасри варзиши “Ледовый” (“Яхӣ”) барпо гардид, варзишгарони 30 кишвар дар 6 вазн рақобат карданд. Дар ҳамаи вазнҳо варзишгарони Русия пирӯз шуданд.

Варзишгари тоҷик Диловар Носиров дар рақобатҳо дар вазни то 93 кг, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Магомед Исмоилови русиягӣ мағлуб шуд, мақоми дувумро касб кард.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 6 варзишгар шомил буд:

Фарҳоди Саидмирзо (вазни то 65,8 кг), Камолиддин Муҳиддинов (то 70,3 кг), Лоиқ Раҷабов (то 77 кг), Муҳаммадҷон Ализода (то 84 кг), Диловар Носиров (то 93 кг) ва Эраҷ Холов (+93 кг).

Аз кишварҳои собиқ Шӯравӣ дар ин мусобиқа ба ғайр Русияву Тоҷикистон, инчунин, варзишгарони Беларус, Қазоқистон, Озарбойҷон, Узбакистон ва Украина ширкат доштанд. Ҳамчунин дар ин мусобиқа варзишгарони Австрия, Булғористон, Кореяи Ҷанубӣ, Испания, Исроил, Словакия, Туркия ва ғайра ҳунарнамоӣ карданд.

Варзишгарони тоҷикро ба ин мусобиқа Фёдор Емеляненко, раиси Созмони якҳарбаҳои омехтаи размӣ ММА-и Русия, даъват намудааст. Бояд гуфт, ки дар ин мусобиқа варзишгарони ҳаваскор иштирок карданд ва мусобиқаи мазкур баҳри онҳо як ҷаҳише буд барои дар оянда дар мусобиқоти варзишгарони ҳирфаӣ қувваозмоӣ кардан.

Натоиҷи мусобиқа:

Вазни то 65,8 кг
1. Магомед Магомедов (Русия)
2. Алихон Ҳасанов (Узбакистон)

Вазни то 70,1 кг
1. Раҳмон Маҳоҷиев (Русия)
2. Эҳтигат Адакишиев (Озарбойҷон)

Вазни то 77 кг
1. Расул Абдуллоев (Русия)
2. Мариан Якубик (Словения)

Вазни то 84 кг
1. Магомед Мутаев (Русия)
2. Марио Добричков (Булғористон)

Вазни то 93 кг
1. Магомед Исмоилов (Русия)
2. Диловар Носиров (Тоҷикистон)

Вазни беш аз 93 кг
1. Михаил Газаев (Русия)
2. Сергей Зубков (Қазоқистон)
XS
SM
MD
LG