Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аврупо аз Туркия хост бо ҳамсояҳояш раводид ҷорӣ кунад


Аврупо мехоҳад, ки Туркия бо ҷорӣ кардани раводид ё виза барои ҳамсояҳои худ, вуруди муҳоҷирон ба кишварҳои аврупоиро камтар кунад. Дар ҳоли ҳозир Туркия бо ҳудуди 20 кишвари минтақа низоми рафтуомади бидуни раводид дорад.

Даврон Ҷумадилов ҳеҷ гоҳ фикр намекард, ки бӯҳрони муҳоҷират дар Аврупо ба кору даромади вай таъсир мерасонад. Вале воқиеят ин аст, ки агар Брюссел Туркияро ба ҷорӣ кардани раводид бо кишварҳои ҳамсояаш водор кунад, дар он сурат Ҷумадилов - раиси яке аз ширкатҳои ҷаҳонгардии Қазоқистон дар Алмаато, зарар хоҳад дид.

Аврупо мехоҳад, ки Туркия бо ҷорӣ кардани раводид, вуруди муҳоҷирон ба кишварҳои аврупоиро коҳиш бидиҳад. Ҷумадилов мегӯяд, “агар чунин шавад ва Туркия барои шаҳрвандони Қазоқистон раводид ҷорӣ кунад, онҳо хеле зарар мебинанд.”

Ҳоло Иттиҳодияи Аврупо бо Туркия ҷузъиёти пешнависи созишномаи 7 марти худро дар бораи муҳоҷирон баррасӣ мекунад. Аврупо дар ҷавоб ба ҷорӣ кардани муқаррароти раводид қавл додааст, ки ба шаҳрвандони Туркия то охири моҳи июн рафту омади бидуни раводид ба кишварҳои аврупоиро иҷоза медиҳад, агар Туркия бо кишварҳои ҳамсояи худ раводид ҷорӣ кунад.

Дар сурати ризояти Туркия ба ин пешниҳоди Аврупо, шумораи сайёҳон ё ҷаҳонгардон дар Туркия дар оянда ба маротиб камтар хоҳад шуд. Ҳоло ҳамаи кишварҳои Шӯравии пешин, аз ҷумла Тоҷикистон бо Туркия муқаррароти раводид надоранд. Шаҳрвандони ин кишварҳо, Эрон ва баъзе кишварҳои Ховари Миёна ва Шимоли Африқо ба Туркия бидуни раводид ворид мешаванд.

Даврон Ҷумадилов мегӯяд: “Сайёҳии Қазоқистон аслан ба саёҳатҳои хориҷӣ вобаста аст ва Туркия кишвари асосӣ ба шумор меравад. Сайёҳон Туркияро интихоб мекунанд, барои он ки Туркия раводид надорад”. Ҷумадилов меафзояд, дар сурати ҷорӣ шудани раводид бо Туркия, сайёҳони онҳо бештар соҳилҳои Хорватияро интихоб мекунанд, зеро ин кишвар дар мавсими сайёҳии тобистон раводидашро бо Қазоқистон соддатар мекунад.

Ҳоло ки музокироти Иттиҳодияи Аврупо бо Туркия дар Брюссел пушти дарҳои баста идома дорад, соҳибкороне мисли Ҷумадилов чандон хотирҷамъ нестанд. Натиҷаҳои ин музокирот танҳо 17 ё 18 март маълум мешавад. Дар яке аз ин рӯзҳо Доналд Туск, раиси Шӯрои Аврупо роҷеъ ба натиҷаҳои мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар Брюссел роҷеъ ба ин масъала маълумот медиҳад.

Сиёсати дарҳои боз ё бидуни раводиди Туркия, ки бар он Ҳизби адолат ва тавсеа раҳбарӣ мекунад, сабаби он шудааст, ки ин кишвар дар сиёсати хориҷии худ бо кишварҳои мусулмоннишини ҳамсояаш мушкил надоштааст. Вале акнун чунин сиёсат мавриди интиқоди Брюссел қарор гирифтааст ва Аврупо мегӯяд, ки чунин сиёсат сабаб шудааст, ки муҳоҷирон тавассути Туркия мехоҳанд ба Аврупо дохил шаванд.

Бино ба маълумоти Иттиҳодияи Аврупо, аз 1 миллиону 200 ҳазор муҳоҷире, ки ба Аврупо ворид шудаанд, 888 ҳазори онҳо аз роҳи Туркия омадаанд. Бештари онҳо аз Сурияву Афғонистон ва Ироқ мебошанд. Вале шаҳрвандони Эрону Марокаш, Покистону Бангладеш, Сомалӣ ва Лубнон низ ҳастанд.

Дар ҳар сурат, агар Иттиҳодияи Аарупо ҷорӣ кардани раводид бо ҳамсоягонашро пешниҳод кунад, боз ҳам худи Туркия аст, ки бояд тасмими ниҳоиро бигирад, то ба ҳадафҳои худ дар бораи узвият дар Иттиҳодияи Аврупо ва пеш аз он рафту омади бидуни раводиди шаҳрвандони Туркия ба Иттиҳодияи Аврупо бирасад.

Хонум Аманда Пол, таҳлилгари аршади Маркази сиёсатҳои Аврупо дар Брюссел мегӯяд, фикр намекунад, ки Иттиҳодияи Аврупо дар мавқеияте қарор дошта бошад, ки билофосила аз Туркия иҷрои дархостҳояшро талаб кунад, вале метавонад ба хубӣ онро дархост намояд. Хонум Пол мегӯяд, Туркия ба хубӣ дарк мекунад, ки дар ин музокирот дасти қавӣ дорад ва Иттиҳодияи Аврупо наметавонад ба осонӣ бидуни кӯмаки Туркия бӯҳрони муҳоҷиратро ҳал кунад.

XS
SM
MD
LG