Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияи Аврупо: Барои Эрон пешниҳоди хубе дорем


Саид Ҷалилӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон (аз чап) ва Катрин Эштон, ҳамоҳангсози сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо(аз рост). Акс аз бойгонӣ.
Саид Ҷалилӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон (аз чап) ва Катрин Эштон, ҳамоҳангсози сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо(аз рост). Акс аз бойгонӣ.

Дар остонаи гуфтугӯҳои ҳастаӣ миёни Эрон ва гуруҳи 5+1 дар Қазоқистон, сухангӯи Катрин Эштон мегӯяд, ки ин гуруҳ бо пешниҳоди «хуб» ба мизи музокирот хоҳанд омад.

Ба гузориши хабаргузории Франс-пресс, Майкл Манн, сухангӯи Кетрин Эштон- ҳамоҳангсози сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо рӯзи душанбеи 25-уми феврал изҳор дошт, «мо як пешниҳоди хуб барои ин гуфтугӯҳо омада кардаем ва бар ин боварем, ки ин пешниҳод барои гуфтугӯҳо созанда аст."

Гуфтугӯҳои Эрон ва панҷ қудрати соҳиби вето ба иловаи Олмон қарор аст имрӯз сешанбеи 26-уми феврал дар шаҳри Алмаато баргузор шавад. Ҳайати эронӣ, ки ба сарпарастии Саид Ҷалилӣ дар ин музокирот ширкат мекунад, ҳамакнун дар Қазоқистон қарор дорад.

Майкл Манн, сухангӯи ҳамаҳангкунандаи ин музокирот дар бораи пешниҳоди гуруҳи 5+1 ба Эрон гуфт: «Ин пешниҳод нигарониҳои байналмилалиро мадди назар дорад…аммо ҳамчунин идеяҳои ҷониби Эронро низ мадди назар мегирад.»

Сухангӯи Эштон ибрози умедворӣ кард, ки Эрон дар ин гуфтугӯҳо аз худ «нармӣ» нишон диҳад то битавон ба як пешрафти назаррас барои «эътимодсозӣ» даст ёфт.

Хабаргузории Франс-пресс ба нақл аз як манбаи огоҳ аз муҳтавои пешниҳоди гуруҳи 5+1 гузориш додааст, ки ин гуруҳ аз Эрон хоҳад хост ғанисозии 20 дарсадии ураниюмро дар Форду мутаваққиф кунад. Ба гуфтаи ин манбаи огоҳ, таваққуфи ғанисозии 20 дарсадӣ, «ҳамчунин пояи дархостҳои гуруҳи 5+1» аст.

Пештар хабаргузории Ройтерз низ гузориш дода буд, ки гуруҳи 5+1 эҳтимолан аз Эрон хоҳад хост ғанисозии 20 дарсадиро мутаваққиф кунад ва дар ивази он таҳрими тилло ва сангҳои қиматбаҳо лағв хоҳад шуд.

Аз сӯи дигар Саид Ҷалилӣ, дабири Шӯрои олии Амнияти миллии Эрон рӯзи шанбе дар Теҳрон гуфта буд, ки фишор ва таҳримҳо боис намешавад Эрон аз мавқеи худ ақибнишинӣ кунад.
XS
SM
MD
LG