Пайвандҳои дастрасӣ

Бозиҳои варзишии авруосиёии наврасон: Натоиҷи 5 рӯзи мусобиқот


Имрӯз, 20-уми сентябр, Бозиҳои III варзишии авруосиёии наврасон дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон ба анҷом мерасанд.

Дар ин бозиҳо, ки бо тасмими кумитаи ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё баргузор шудаанд, варзишгарони навраси солҳои таваллудашон 1996 – 2000-ум аз Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ширкат доранд.

Баъди натиҷагирии панҷ рӯзи мусобиқот дар ҳисоби умумидастаӣ аз рӯи медалҳои тилло мунтахаби Русия бо 236 медал, аз он ҷумла 135 нишони тилло дар ҷойи аввал, Қазоқистон бо 198 медал (71 нишони тилло) дар ҷойи дувум, Беларус бо 50 медал (7 нишони тилло) дар ҷойи севум, Қирғизистон бо 72 медал (3 нишони тилло) дар ҷойи чорум ва Тоҷикистон бо 56 медал (3 нишони тилло) дар ҷойи охирин - панҷум мебошанд.

Мавқеи кишварҳо дар ҳисоби умумидастаӣ
баъди натиҷагирии 5 рӯзи мусобиқот (15-19 сентябр)

Ҷой аз рӯи медалҳои тилло Кишварҳо Медалҳо Ҷой аз рӯи
шумораи
медалҳо
Тилло Нуқра Биринҷӣ Ҳамагӣ
1 Русия 135 73 28 236 1
2 Қазоқистон 71 86 41 198 2
3 Беларус 7 18 25 50 5
4 Қирғизистон 3 15 54 72 3
5 Тоҷикистон 3 13 40 56 4
Ҳамагӣ: 219 205 188 612
XS
SM
MD
LG