Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Туркия бо Аврупо наздиктар мешавад, вале аз дигарон - дуртар


Гурӯҳи паноҳҷӯёне, ки худро аз Туркия ба Аврупо расондаанд

Гурӯҳи паноҳҷӯёне, ки худро аз Туркия ба Аврупо расондаанд

Лағви раводиди миёни Туркиву Иттиҳодияи Аврупо, ки ҷорӣ шудани виза байни Туркия ва кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистонро дар назар дорад, оё ба сокинони Тоҷикистон чӣ таъсир хоҳад дошт?

Умар, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Истамбули Туркия ба сар мебарад ва бо тиҷорат машғул аст, аз эҳтимоли ҷорӣ шудани раводид миёни Туркияву Тоҷикистон хушнуд нест. Вай озодона байни Тоҷикистону Туркия рафту омад мекунад ва бо тиҷорат машғул аст. Вай мегӯяд, агар байни ин ду кишвар раводид ҷорӣ шавад, нархҳо дар бозорҳои Тоҷикистон боло хоҳанд рафт ва он ба кисаи мардум низ таъсир хоҳад дошт. Ғайр аз ин, аз имкон дур нест, ки молу колоҳои Туркия дар бозорҳои Тоҷикистон камтар шаванд.

Масъалаи ҷорӣ кардани раводид бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо Тоҷикистон, дар шарту шароити пешниҳодкардаи Кумиссиюни Аврупо ба Туркия зикр шудааст ва дар ин шартҳо онҳоро кишварҳои севум ном бурдаанд, ки Туркия бо онҳо раводид надорад.

Кумиссиюни Аврупо рӯзи 4 май барои аз миён бардоштани раводиди киршварҳои Иттиҳодияи Аврупо бо Туркия 72 шартро пешниҳод кардааст. То ҳол Туркия 67 шарти онро иҷро кардааст ва 5 шарти боқимонда, яъне шартҳои шумораҳои 17, 18, 19, 20 ва 21 ба ҷорӣ кардани раводид бо кишварҳои севум иртибот дорад, ки бояд бо меъёрҳои Аврупо мутобиқ бошад. Кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистону Узбакистон, Қирғизистону Қазоқистон ва Туркманистон ба ҳамин гурӯҳи ба истилоҳ кишварҳои севвум дохил мешаванд, ки Туркия ҳангоми вуруди шаҳрвандони онҳо ба қаламраваш раводид намепурсад, балки ба онҳо дар фурудгоҳҳо ё посгоҳҳои марзҳо ба ҷои раводид марка медиҳад ва бо ин марка шаҳрвандони ин кишварҳо то 90 рӯз метавонанд дар Туркия гашту гузор кунанд.

4 май Кумиссиюни Аврупо ба Шӯрои Аврупо ва Иттиҳодияи Аврупо пешниҳод кард, ки муқаррароти раводид бо Туркия аз миён бардошта шавад, то шаҳрвандони ин кишвар битавонанд бидуни раводид ба 26 кишвари Иттиҳодияи Аврупо, яъне бо кишварҳои узви қарордоди Шенген рафту омад кунанд.

Туркия бояд ин 5 шарти боқимондаро низ то 30 июни соли ҷорӣ иҷро кунад ва соҳиби имтиёзи рафту омади бе раводид бо кишварҳои Аврупо гардад. Аз эҳтимол дур нест, ки Туркия барои ин имтизҳо, аз ҷумла дарёфти 6 миллиард евро (6,8 миллиард доллар) кӯмаки Аврупо ин 5 шарти боқимондаро низ иҷро кунад.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров - иқтисоддони тоҷик мегӯяд, “дар бозорҳои Тоҷикистон 30 дарсади колоҳои воридотиро молҳои Туркия ташкил медиҳад. Молҳои Туркия нисбат ба молҳое, ки тоҷирону соҳибкорони мо аз Чину Эрон ё Афғонистон ворид мекунанд, сифати беҳтар доранд. Агар раводид ҷорӣ кунанд, рафту омади тоҷирони мо маҳдуд мешавад, вуруди коло кам мешавад ва нархҳо дар бозорҳо боло мераванд. Ман намефаҳмам, ки раводиди Аврупо бо Туркия чӣ иртиботе бо раводиди Туркияву Тоҷикистон ё кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ дошта бошад. Ин масъала бояд ба таври ҷудогона аз раводиди Аврупову Туркия баррасӣ шавад. Тоҷикистон ба Туркия террорист ё экстремист содир намекунад-ку ё шаҳрвандони мо бидуни иҷозаи Туркия ба Аврупо рафта наметавонанд.”

Ба ақидаи Умаров, фурудгоҳҳои Туркия, ба вижа шаҳри Истамбул яке аз марказҳои ҳавоии рафту омади шаҳрвандони Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Миёна ба кишварҳои дигари дунё низ ба шумор меравад. Вале Туркия дар фикри кишварҳои Осиёи Марказӣ нест ва аз тиҷорати ба истилоҳ ”ҷомадонӣ” ё тоҷирони хусусӣ чандон зарари иқтисодӣ нахоҳад дид.

Қадири Гулкориён - устоди донишгоҳи равобити байналмиллалии Қибрис ва коршиноси умури Туркия мегӯяд, “иқтисоддонони Туркия ҳисоб кардаанд, ки тиҷорати соҳибкорони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар маҷмуъ сеяки тиҷорат ё доду гирифти Туркия бо ин кишварҳоро ташкил медиҳад, ки бо аз даст додани он Туркия зараре нахоҳад дид, балки бо гирифтани имтиёзҳо аз Иттиҳодияи Аврупо сӯди бештар ба даст хоҳад овард. Вале доду гирифти миёни кишварҳо бар асоси протокол ва ё қарордоҳои ҳамкории миёни ин кишварҳо ҳамон тавр боқӣ мемонад.”

Сарвазири Туркия Аҳмад Довудуғлу

Сарвазири Туркия Аҳмад Довудуғлу

Ҳукумати Туркия метавонад ҳар барномаи дигар, ба вижа тиҷоратҳои хусусии хурду резаро дар ивази ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи Аврупо маҳдуд кунад, зеро пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо ва ҳамкории наздик бо он дар садри барномаҳои ҳизби ҳокими Адолат ва Тарақиёти ин кишвар қарор дорад. Бинобар ин намехоҳад бо ҷорӣ накардани раводид бо Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Миёна худро аз оғӯши Аврупо дар канор нигоҳ дорад.

Дар сурати аз миён бардоштани раводид бо Иттиҳодияи Аврупо мизони бекорӣ дар Туркия коҳиш меёбад. Гузашта аз ин ҳукумати кунунӣ дар интихоботҳои оянда аз ҳимояти мардум бархӯрдор хоҳад шуд ва заминаро барои узвияти Туркия дар Иттиҳодияи Аврупо фароҳам хоҳад кард.

Вале ин имкон ҳам вуҷуд дорад, ки ҳукумати Тоҷикистон ва ҳамин тавр кишварҳои Осиёи Миёна бо ҳукумати Туркия дар бораи додани сабукӣ ба соҳибкорону тоҷирони ин кишварҳо санадҳои зарурӣ имзо кунанд ва онҳо дар рафту омади худ дучори маҳдудият нашаванд.

Агар пешниҳоди Кумиссиюни Аврупоро порламони Аврупо ба тасвиб расонад, дар он сурат шаҳрвандони Туркия ҳақ хоҳанд дошт, ки бидуни раводид 90 рӯз дар қаламрави ҳар кишвари узви қарордоди Шенген иқомат кунанд. Дар ин муддат онҳо метавонанд барои худ дар ин кишварҳо кор ҳам пайдо кунанд ва бо хатми 90 рӯз соҳиби раводиди доимии он ҷо шаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG