Пайвандҳои дастрасӣ

Арманистон дар дуроҳаи байни Русияву Аврупо


Саркисиён ва Путин

Саркисиён ва Путин

Мақомоти Иттиҳоди Аврупо Арманистонро ҳушдор доданд, ки тасмимаш барои узвият дар Иттиҳоди гумрукӣ шансҳояшро барои имзои паймонҳои асосии сиёсӣ ва иқтисодӣ бо ИА зери суол мебарад.

Мақомоти Иттиҳоди Аврупо Арманистонро ҳушдор доданд, ки қарори он барои ҳамроҳ шудан ба Иттиҳоди гумрукӣ шансҳои Ереванро барои имзои қарордодҳои асосии сиёсӣ ва иқтисодӣ бо ИА зери суол мебарад.

Вазири умури хориҷии Литвониё, кишваре, ки раёсати даврии Иттиҳоди Аврупоро дар дӯш дорад, гуфт, тасмими Арманистон барои узвият дар Иттиҳоди таҳти сарварии Русия хилофи тарҳҳои густариши ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Арманистон аст. Линас Линкевичюс афзуд, Арманистон “наметавонад ҳамзамон узви ду созмон бошад.”



Вазири корҳои берунаи Шведсия Карл Билдт дар сафҳаи худ дар шабакаи Твиттер навишт, Арманистон, зоҳиран 180 дараҷа ақиб гаштааст ва “акнун президент (Серж Саркисиён) Кремлро болотар аз Бруссел медонад”.

Ини дар ҳолест, ки раисиҷумҳури Арманистон Серж Саркисиён рӯзи сешанбе, пас аз гуфтушунид бо ҳамтои руси худ Владимир Путин эълон кард, ки Арманистон омодааст, дар таъсиси Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё саҳим бошад:
"Ман хоҳиши Арманистонро ба узвият дар Иттиҳоди гумрукӣ ва ширкат дар ташаккули Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро тасдиқ кардам. Ин як қарори амалгароёна аст ва аз манфиатҳои миллии Арманистон бармеояд. Ин қарор ба маънои радд шудани муколамаи мо бо сохторҳои аврупоӣ нест. Мо қасд дорем, ин ислоҳотро дар оянда ҳам идома диҳем.”

Саркисиён аз омодагии кишвараш ба имзо кардани қарордоди вобастагӣ бо Иттиҳоди Аврупо ёдовар нашуд. Мақомоти Иттиҳоди Аврупо борҳо гуфтаанд, ки ин қарордод бо назардошти имконияти тиҷорати озод бо кишварҳои эътилоф узвияти эҳтимолии Арманистонро дар Иттиҳоди гумрукӣ номумкин мекунад. Интизор мерафт, Арманистон дар нишасти сарони Иттиҳоди Аврупо дар Вилнюс дар моҳи ноябр Қарордоди вобастагӣ бо ин эътилофро ба имзо мерасонд.


Аммо Иттиҳоди гумрукӣ созмонест, ки Русия, Беларус ва Қазоқистон дар соли 2010 ҳамчун повазни бахши иқтисодии Иттиҳоди Аврупо таъсис дода ва аз ҷамоҳири дигари шӯравии собиқ хостаанд, ки ба ин созмон шомил шаванд.

Қаблан, раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин борҳо гуфтааст, ки Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳам метавонанд аз аъзои ояндаи Иттиҳоди гумрукӣ бошанд. Путин ҳамчунин гуфтааст, ки эътилофи мазкур пойдевори Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё хоҳад буд ва таҳлилгарон ин тарҳро эҳёи Иттиҳоди Шӯравӣ дар шакли дигар унвон кардаанд.

Дар изҳороти худ рӯзи сешанбе вазири Литвониё Линкевичюс ва 7 ҳамтои ӯ аз кишварҳои Аврупои шимолӣ ва Балтика Русияро ҳушдор додаанд, ки ба фишорҳои худ зидди кишварҳои шӯравии собиқ хотима гузорад. Онҳо гуфтаанд, ҳама гуна таҳдид ё фишори иқтисодии Русия амале зидди Иттиҳоди Аврупо шумурда шуда, ғайри қобили қабул аст.
XS
SM
MD
LG