Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина: Киҳо полисро алайҳи эътирозгарон таҳрик доданд?


Эътирозҳо дар шаҳри Киев ба марҳалаи нав ворид шуданд – рӯзи шанбе бо даъвати Ҳизби манотиқ ҳазорон ҷонибдорони раисиҷумҳур ва ҳукумат дар майдони Аврупоӣ гирди ҳам омаданд.

Гуфта мешавад, сокинони вилоятҳои Донетск, Луган ва Днепропетровск шурӯъ аз рӯзи ҷумъа вориди Киев мешаванд. Созмондиҳандагон мегӯянд, қарор аст, ки ҳамоиш ду рӯз идома ёбад ва аммо ба гирдиҳамоии бидуни мӯҳлат табдил шудани онро низ байид намедонанд.

Ба хотири ноором нашудани авзоъ ва ҷилавгирӣ аз бархӯрди ҷонибдорон ва мухолифини ҳамгароӣ бо Аврупо миёни ду майдон – майдони Аврупо ва майдони Истиқлолият теъдоди бузурги корманди милиса мустақар шудаанд.

Николай Азаров, нахуствазири Украина, дар ҳамоиши ҷонибдорони Ҳизби манотиқ дар майдони Аврупои Киев овозаҳо дар бораи тасмими ҳукумат барои имзои созишномаи вуруд ба Иттиҳодияи гумрукиро “дасиса” номид. Ӯ раҳбарони мухолифинро дар он айбдор кард, ки дар бораи билофосила баъд аз имзои созишномаи ҳамгироӣ бо лағв шудани раводид бо кишварҳои аврупоӣ ба
Николай Азаров
Николай Азаров
гӯши мардум афсонаҳо мехонанд, дар ҳоле, ки афзуд ӯ, Киев барои вуруд ба ин ниҳод бояд чадд шартро иҷро кунад. "Инҳо чӣ гуна шартҳоянд? Медонед ё не? Мо бояд никоҳи ҳамҷинсгароҳоро қонунӣ кунем. Мо бояд қонун дар бораи баробарҳуқуии аққалиятҳои ҷинсиро бипазирем. Оё ҷомеъаи мо ба ин омода аст?"-суол кард Азаров ва ширкаткунандагон бо як овоз "не" гуфтанд.

Дар майдони Истиқлолият, ки он ҷо намоиши мухолифини ҳукумат ва ҷонибдорони ҳамгироӣ бо Иттиҳодияи Аврупо идома дорад, эътирозгарон боз дар ду ҷой, аз ҷумла, дар канори бинои шаҳрдории Киев, хайма гузоштанд. Раҳбарони аҳзоби мухолифи ҳукумат аз мардум даъват намуданд, ки рӯзи якшанбе дар Майдон, дар вечеи мардумӣ таҳти унвони “Рӯзи шаъну шараф” ширкат кунанд. Ҳадафи ин ҳамоиш – ҷилавгирӣ аз имзои созишномаи вуруди Украина ба Иттиҳодияи гумрукӣ аз сӯи раисиҷумҳур Виктор Янукович унвон шудааст.

Рӯзи шанбе узви Сенати ИМА Ҷон Макейн ба хотири пуштибонӣ аз ширкаткунандагони ҳамоиши ҳамгироӣ бо Аврупо ва мулоқот бо аъзои ҳукумати Украина ба Киев омад. Сухангӯи ӯ Брайан Роҷерс ба нашрияи The Daily Beast гуфт, Маккейн дар вазъи барои Украина мушкил, ки мардум барои фардои худ мубориза мебаранд, вориди ин кишвар хоҳад шуд. Аз ин пеш Маккейн аз раисиҷумҳур Барак Обама хостори сиёсати фаъолтар дар робита бо Украина шуд. Ӯ аз мақомоти Украина барои бадрафторӣ бо эътирозгарон ва тасмими сарпечӣ аз имзои созишномаи ҳамгироӣ бо Иттиҳодияи Аврупо интиқод кард.

Дар ҳамин ҳол Додситонии кулли Украина рӯзи шанбе дар робита ба парокандасозии намоиши эътирозии мухолифин дар шоми 30 ноябр чаҳор нафар – муовини Дабири Шӯрои амнияти миллӣ ва мудофиа Владимир Сивкович, шаҳрдори Киев Александр Попов, раиси пешини милисаи пойтахт Валерий Коряк ва муовини ӯ Петр Федчукро дар сӯиистифода аз мақом гумонбар эълон кард. Виктор Пшонка, Додситони кулли Украина, гуфт, ки ин чаҳор нафар аз гумонбар буданашон огаҳанд ва айни ҳол мавзӯи ҳабси хонагии онҳо баррасӣ мешавад. Ӯ бо такя ба иттилои тафтишот афзуд, ки Сивкович ва Попов барои истифодаи нерӯ алайҳи эътирозгарон болои раҳбарони милисаи Киев фишор овардаанд.

Раисиҷумҳур Украина Виктор Янукович дар бораи аз мақом барканор кардани Владимир Сивкович ва Александ Попов амр содир кард. Шаби 30 ноябр кормандони милиса намоиши эътирозии ҷонибдорони ҳамгироӣ бо Аврупоро дар майдони Истиқлолият пароканда карданд, ки дар натиҷа даҳҳо нафар ҷароҳат бардоштанд. Аз ин пеш вазири адлияи Украина Елена Лукаш изҳор намуд, ки ба дасти кам се тан аз мансабдорони воломақом дар робита ба парокандасозии ҳамоиши мухолифин дар рӯзи 30 ноябр, расман айб эълон хоҳад шуд.

Намоишҳои эътирозӣ дар Украина баъд аз он оммавӣ шуданд, ки рӯзи 21 ноябр ҳукумат дар мавриди мутаваққиф кардани омодагиҳо барои имзои созишномаи ҳамгироӣ бо Иттиҳодияи Аврупо тасмим гирифт. Коршиносон аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки гирдиҳамоиҳои мухолифин ва ҷонибдорони ҳукумат аз чаҳорчӯб берун мешаванд ва ин паёмади номатлуберо барои Украина ба думбол хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG