Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сухангӯи Иттиҳодияи Аврупо - ҳамсари "одами" Газпром


Кетрин Рей бо Томас Баррос- Тастетс соли 2013 издивоҷ кардааст.

Кетрин Рей бо Томас Баррос- Тастетс соли 2013 издивоҷ кардааст.

Кетрин Рей, яке аз сухангӯёни асосии Фредерика Моҷерини, масъули нави сиёсати умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ҳамсари фардест, ки манфиатҳои ширкати Газпроми Русияро дар Аврупо ҳимоят мекунад. Катрин Рей, рӯзи 19-уми октябри соли 2013 бо Томас Баррос-Тастетс аз Фаронса издивоҷ кардааст, ки ӯ шарики намояндагии ширкати лоббигари G+ дар шаҳри Брюссел аст.

Дар шарҳи ҳоли Баррос-Томас дар вебсайти ширкат омадааст, ки ӯ дар корҳои ин ширкат дар Аврупо кӯмак мекунад. Ва G+ ба “як ширкати азими энержии ҷаҳон дар масоили робита ба ҷомеа ва иттилоот” кӯмак мекардааст. Бо вуҷуди онки номи ин ширкати бузургро набурдаанд, аммо Томас Баррос Тастетс дар матбуот пайваста бо номи “мушовири Газпром барои равобити умумӣ дар Аврупо” ном бурда мешавад. Дар як эълони ширкати G+ аз моҳи августи соли 2013 омадааст, ки Баррос-Тастетс “ба ҳайси мушовири Газпром дар умури муносибот бо мақомҳои умури рақобат дар Иттиҳодияи Аврупо” таъйин шудааст.

Дар феҳрасти “Шаффофияти Иттиҳодияи Аврупо” ширкати “Diversified Energy Communications (for Gazprom Export)” ба ҳайси як муштарии асосии G+ ном бурда шудааст ва фоидаи он солона аз 300 то 350 ҳазор евро мерасидааст. Томас Баррос- Тастетс ба ҳайси яке аз кормандони ширкат ном бурда шудааст, ки “иҷозаи вуруд ба долонҳои порлумони Иттиҳодияи Аврупоро” дорад. Баррос-Тастетсро охирин дафъа рӯзи 29-уми октябр бо Александр Новак, вазири энержии Русия дар Брюссел дида буданд, ки ӯ барои музокироти содироти газ ба Украина ба онҷо рафта буд.

Маргаритис Шинас, сухангӯи Кумиссиёни Аврупо, ки дар ҷараёни қабули Кетрин Рей ба кор ширкат доштааст, дар посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ навишт, ки Кетрин Рей қабл аз қабул шудан ба кор расман Иттиҳодияи Аврупоро дар бораи кори шавҳараш дар ҷараён гузоштааст ва аз ҷумла дар бораи кораш дар Газпром низ огаҳ кардааст. Маргаритис Шинас навиштааст, ки “Кетрин Рей тамоми меъёрҳои этикии муқарраркардаи Кумиссиёни Аврупоро” риоят кардааст. Ба қавли Шинас, худи масъули умури сиёсати хориҷиии Иттиҳодияи Аврупо дар қабули Кетрин Рей ба кор ширкат доштааст, вале номзадиашро пешниҳод накардааст.

Маргаритис Шинас ба Радиои Озодӣ навишт, ки Кетрин Рей, масъули умури Африқо, Амрикои Лотин ва кишварҳои Халиҷи Форс аст. Ҳамкори ӯ Мая Косианчич, масъули умури Аврупо ва аз ҷумла Русия мебошад. Дар номаи Маргарти Шинас омадааст, ки “Аз ин рӯ мо ҳеҷ гуна бархӯрди манофеъро дар кори Кетрин Рей ва Кумиссиёни Аврупо намебинем.” Худи Кетрин Рей дархости шарҳ барои ин мақоларо рад кард.

Фредерика Моҷеринӣ, вазири собиқи умури хориҷии Итолиё, номзади баҳсбарангезе ба мақоми масъули умури сиёсати хориҷии Аврупо буд, ки ин мақомро Кетрин Эштон бар ӯҳда дошт. Мунтақидон мегуфтанд, ки Моҷерини, камтаҷриба аст ва ҳам бисёр моил аст, ки Иттиҳодияи Аврупо бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия канор биёяд.

Эдвард Лукас, муҳаррири масоили энержӣ ва манобеъи табиӣ дар маҷаллаи “Экономист”, ки мухолифи таъйини Фредерика Моҷеринӣ ба мақоми масъули умури сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо буд, ба Радиои Озодӣ гуфт, аз мавзеъгириҳои Моҷеринӣ нигарон аст:

“Ман аз тамоюли ӯ нисбат ба Путин бисёр нигарон будам. Зоҳиран ӯ Путинро хуш дорад, мехоҳад бо ӯ канор биёяд ва намехоҳад, ҷаҳонро ба чашми он кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо бубинад, ки бо Русия ҳаммарз ҳастанд.”

Эдвард Лукас ва теъдоди дигаре аз соҳибназарон далел меоварданд, ки масъули умури сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо бояд аз кишварҳои Аврупои Марказӣ ба мисли Радек Сикорски, раиси порлумони Лаҳистон, таъйин мешуд.

Фредерика Моҷеринии 41-сола, сиёсатмадори камтаҷрибаест, ки ӯро Маттео Рензи, нахуствазири Итолиё моҳи феврал ба ҳайси вазири умури хориҷӣ баргузид. Маттео Рензи баъди чанд моҳ барои пешбарии Моҷеринӣ ба мақоми масъули умури сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо саъйу кӯшиши зиёд кард ва ба ҳадафаш ноил шуд. Маттео Рензи ягона раҳбар аз кишвари Иттиҳодияи Аврупо буд, ки моҳи октябр ба эъмоли таҳримот алайҳи Русия дар Брюссел мухолифт кард. Дар он замон, Иттиҳодияи Аврупо бинобар амалкардҳои Русия дар Украина, ба зидди Маскав таҳримҳои иқтисодӣ ҷорӣ кард. Маттео Рензи ҳамчунин аз иҷрои тарҳи лулаи гази Маҷрои Ҷанубӣ ҳимоят кардааст, ки ширкати Газпром мехоҳад бисозад ва гази Русияро аз тариқи Юнон, Булғористон, Сербистон ва Руминия ба Итолиё ва дигар дигар кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо интиқол бидиҳад. Кумиссиёни Аврупо соли 2013 баъд аз як баррасӣ ба ин натиҷа расид, ки созишномаи байнидавлатӣ дар бораи сохтмони ин лӯла бар хилофи меъёру муқаррароти Иттиҳодияи Аврупо дар заминаи рақобати одилона будааст.

Иттиҳодияи Аврупо пеши худ ҳадаф гузоштааст, ки пойбандиаш ба ширкати Газпромро камтар кунад, чун аз як се ҳиссаи гази иттиҳодияро Русия таъмин мекунад. Кетрин Рей аз соли 2000-ум дар дафтари равобити умумии Иттиҳодияи Аврупо кор мекунад ва барои муддати кӯтоҳе дар солҳои 2007-2008 дар Барномаи Рушди Созмони Милал кор кардааст. Ӯ дар гузашта сухангӯи кумиссионерҳои Иттиҳодияи Аврупо ба мисли Паскал Лами, Янеш Поточник ва Андрис Пиелбагс буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG