Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳбари намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон умедвор аст, ки мақомоти тоҷик дар нишасти Брюссел, ки ба наздикӣ баргузор мешавад, дар бораи ҳодисаҳои ахири кишвар, аз ҷумла бастани ҲНИТ, шарҳу тафсил хоҳанд дод.

Мақомоти Тоҷикистон дар нишасти қарибулвуқӯи Шӯрои ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар Брюссел дар робита ба ҳаводиси ахири ин кишвар, аз ҷумла, мамнӯъияти ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва созмони террористӣ эълон шудани ин ҳизб, гузориш медиҳанд. Ҳидоят Бишчевич, раҳбари намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе рӯзи 11 феврал зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки “мавзӯи меҳварии ин нишаст, ки ба таърихи 16 феврал доир мешавад, вазъи амниятӣ дар Тоҷикистон ва минтақа ва хатару таҳдидҳои ахир хоҳад буд.”

Ба гуфтаи ҷаноби Бишчевич, Тоҷикистонро дар ин нишаст Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷӣ намояндагӣ мекунад ва “зимни ироаи гузориш аз вазъият ва ҳаводиси кишвар умедворем, мақомоти Душанбе дар робита ба масоили риояти ҳуқуқи башар, плюрализм, озодии баён, фаъолияти аҳзоби сиёсӣ, мамнӯъяти ҲНИТ, террористӣ эълон шудани он ва боздошти фаъолони ин ҳизб, сӯҳбат хоҳанд кард.”

Ҳидоят Бишчевич дар посух ба суоли хабарнигорон, ки “дар сурате ҷониби Тоҷикистон бо ироаи гузориш ва сӯҳбатҳо натавонад, Иттиҳодияи Аврупоро дар заминаи риояи ҳуқуқи башар, озодии баёну виҷдон ва дигар масоил қонеъ кунад, оё ин созмон дар нисбати Тоҷикистон вокунише нишон хоҳад дод?” гуфт, “аз ҳоло чизе гуфтан зуд аст ва танҳо бояд интизор шуд, ки нишасти Шӯрои ҳамкории байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо чӣ гуна сурат мегирад."

Вай афзуд, "аз он, ки дар Тоҷикистон ва минтақа чӣ мегузарад, мо дар ҷараён ҳастем. То ҳол ҳеҷ кишваре, аз ҷумла Амрико, Чин ва созмоне амалкарди баръаксе дар муносибат бо Тоҷикистон иттихоз накардааст. Яъне, равобиту ҳамкориро бо Тоҷикистон қатъ накардаанд. Иттиҳодияи Аврупо аз шарикони умдаи Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва ин созмон бо дарназардошти мавқеи ҷуғрофӣ ва геостратегии ин кишвар дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ҳамкориро дар бахшҳои мухталиф идома медиҳад”.

Ҳамчунин, аз раҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо пурсида шуд, ки “ҳукумати Тоҷикистон бо мамнӯъ ва террористӣ эълон кардани ҲНИТ, раҳбари он – Муҳиддин Кабириро аз тариқи "Интерпол" дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дода ва дар баъзе аз тазоҳуротҳо ин ҳам садо дод, ки кишварҳои узви ИА, аз ҷумла Олмон, ки раҳбари ҲНИТ-ро, ки дар он ҷо ба сар мебард, ба Тоҷикистон бидиҳад, вокуниши Иттиҳодияи Аврупо чӣ хоҳад буд?” Ҳидоят Бишчевич дар посух ба ин суол гуфт, “ин ба Иттиҳодияи Аврупо рабте надорад, балки ба худи ҳамон кишварҳо марбут мешавад. Ҳар кишвар дар алоҳидагӣ бояд амал кунад.”

Дар идомаи нишасти матбуотӣ раҳбари намояндагии Иттиҳодияи Аврупо таъкид кард, ки талоши иттиҳодия ин аст, то рақобати бозигарони асосӣ дар минтақаро кам кунад ва Тоҷикистон, ки аз кишварҳои калидӣ дар Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад, бояд рушду тараққӣ ёбад.

Ин аст, ки ба гуфтаи сафири Иттиҳоди Аврупо, ин созмон стратегияи дарозмуддатеро барои солҳои 2014 - 2020 ба маблағи 251 миллион евро барои Тоҷикистон рӯи даст дорад, ки ҳадафи он, таъмини босуботи иқтисодӣ ва ба ин васила таъмини суботу амният дар ин кишвар аст.

Ба гуфтаи Ҳидоят Бишчевич, таҳаввуллоти ахир дар минтақа, ба хусус фаъол шудани гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро дар шимоли Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст ва ин амр хатару таҳдидҳоеро барои ин кишвар ва минтақа ба бор меорад, аз шарикон талаб мекунад, то барои таҳкими марзи давлатӣ ва мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм кӯмаки худро дареғ надоранд.

Ба иттилои ҷаноби Бишчевич, “дар ҳоли ҳозир Иттиҳоди Аврупо Барномаи БОМКА-ро, ки мақсадаш таҳкими марз ва ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир мебошад, дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон рӯи даст дорад ва ҳазинаи он маблағи 5 миллион долларро ташкил медиҳад."

Қарор аст, нишасти Шӯрои ҳамкориҳои миёни Тоҷикистон ва иттиҳоди Аврупо дар ҳафтаи оянда дар Брюссел баргузор шавад. Ба иттилои Ҳидоят Бишчевич, мақомоти тоҷик бо раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо ва аз ҷумла, вазири корҳои хориҷии Ҳолланд, ки раёсатро бар дӯш дорад, дидору гуфтугӯ хоҳад кард. Ба таъкиди ҷаноби Бишчевич, ин нишаст барои густариши равобиту ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо гоми муҳиме хоҳад буд ва маҳз дар ин нишаст марҳалаи баъдии музокироти тарафҳо марбут ба ҳуқуқи башар ва ҳамчунин муколамаи амниятӣ баррасӣ ва мушаххас хоҳад шуд.

Нишасти Шӯрои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар ҳоле баргузор мешавад, ки моҳи декабри соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Брюссел бо мақомоти баландпояи ин созмон дидор ва умдатан таҳдидҳо ба амнияти минтақа, назири терроризм, ифротгароии динӣ ва қочоқи маводи мухаддирро баррасӣ карда буд.

Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 29 ноябр ҷиҳати ширкат дар Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим, ба Фаронса сафар карда буд, рӯзи 1-уми декабр аз Порис озими Бруссел шуд ва бо сарони Иттиҳодияи Аврупо мулоқоту гуфтугӯ намуд.

Ӯ дар Брюссел бо Федерика Могеринӣ, Намояндаи олии Иттиҳодияи Аврупо дар умури хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ, Доналд Туск, Президенти Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо ва Жан Клод Юнкер, Раиси Комиссияи Аврупо мулоқоту гуфтугӯ кард.

Равобиту ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо аз соли 1994 оғоз шуда ва то кунун дар бахшҳои мухталиф ин ҳамкориҳо идома дорад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG