Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди Ғарб ва истиқболи Маскав аз интихобот дар Донбасс


ИА интихобот дар ба ном Ҷумҳурии мардумии Донетск” ва “Ҷумҳурии мардумии Луҳанск”-ро “ғайриқонунӣ ва ғайримашрӯъ” ва “мониа дар роҳи сулҳ” номид. Ҷудоиталабон аз пирӯзии Александр Захарченко ва Игор Плотнитский дар ин интихобот хабар медиҳанд.

Мақомоти ҷудоиталаби шарқи Украина эълон карданд, ки дар интихоботи рӯзи 2 ноябри раҳбари ба ном “Ҷумҳурии мардумии Донетск” ва “Ҷумҳурии мардумии Луҳанск” раҳбарони кунунии ҷудоиталабони ин ду минтақа Александр Захарченко ва Игор Плотнитский пирӯз шудаанд. Роман Лягин, як мақоми интихоботии Донетск бо эълони пирӯзии Захарченко гуфт: “Киев бояд дигар ба ин тан диҳад, ки Донбасс дигар як бахши Украина нест. Ин ки оё Киев изҳори иродаи мардуми моро қабул мекунад ё на?, ин мушкили Киев аст. Мо барои худ тамоми чизро ҳал кардем.”

Донбас номи умумии минтақаи аз нигоҳи саноатӣ пешрафтаи шарқи Украина аст, ки вилоятҳои Луҳанску Донетскро дар бар мегирад.

Мунтақидон аммо мегӯянд, Захарченко ва Плотнитский дар корзори рӯзи 2 ноябр ягон рақиби ҷиддие надоштанд. Ҳамроҳ бо роҳбарони ин ду ба ном “ҷумҳурӣ” дар ин раъйгирӣ вакилони ба ном “Шӯроҳои мардумӣ”-и ин ду минтақаро ҳам интихоб карданд.

Аммо Иттиҳодияи Аврупо гуфт, интихоботҳои баргузоршуда дар манотиқи таҳти назорати ҷудоиталабони тарафдори Русия дар шарқи Украина “мониа дар роҳи сулҳ”-анд ва Брюссел ин маъракаҳоро эътироф намекунад. Раҳбари идораи сиёсатии хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Федерика Могерини интихоботи ба ном “Ҷумҳурии мардумии Донетск” ва “Ҷумҳурии мардумии Луҳанск”-ро “ғайриқонунӣ ва ғайримашрӯъ” номид.

Вазири хориҷаи Олмон Франк-Валтер Штейнмейер дар Твиттер навишт, ин маърака бар хилофи “ҳарф ва амал”-и оташбаси рӯзи 5 сентябр аст, ки ба 5 моҳи ҷангҳо дар шарқи Украина асосан нуқта гузошт. Ӯ аз Русия хост, то ба “ваҳдати Украина” эҳтиром гузорад: “Мо Русия ва президенташ Владимир Путинро бар асоси баёнияҳояшон, ки ваҳдати Украина набояд зери суол гузошта шавад, қазоват хоҳем кард.”

Таҳлилгарон мегӯянд, интихоботҳо дар манотиқи таҳти назорати ҷудоиталабони тарафдори Русия ихтилоф байни Киев ва ҷудоиталабонро амиқтар карда, ба Кремл имкон медиҳад, ки Луҳанску Донетскро аз Киев боз ҳам дуртар карда, боз як низоъи дигари мунҷамидшуда дар паҳнои Шӯравии собиқро ба вуҷуд биорад. Русия даст доштан дар бӯҳрони шарқи Украинаро рад мекунад ва то ҳол мақомоти ҷудоиталаби он минтақаро расман эътироф накардааст.

Худи Путин ҳанӯз маъракаҳои ахир дар шарқи Украинаро шарҳ надодааст, вале аз изҳороти рӯзи 3 ноябри вазорати умури хориҷии Русия бармеояд, ки Маскав интихоботи ахирро дар Донетску Луҳанск қонунӣ мешуморад ва ба иродаи мардуми ҷанубушарқи Украина эҳтиром мегузорад.” Ин изҳорот мегӯяд, ки “намояндагони интихобшуда барои ҳалли масоили амалӣ ба манзури эҳёи зиндагии муқаррарӣ дар ин манотиқ мандат гирифтаанд.”

Корвони низомӣ дар роҳ ба сӯи фурудгоҳи Донетск

Корвони низомӣ дар роҳ ба сӯи фурудгоҳи Донетск

Низомиҳои Украина рӯзи 2 ноябр гуфтанд, ки Русия “интиқоли густардаи нирӯву таҷҳизоти низомӣ” аз қаламрави Русия ба манотиқи таҳти контроли ҷудоиталабони рӯ ба Маскав дар шарқи Украинаро шурӯъ кардааст. Хабарнигорони Франс Пресс гуфтанд, ки онҳо корвони иборат аз ҳудуди 20 мошин, бархеаш ҳомили силоҳҳои зиддиҳавоиро дар роҳ ба сӯи фурудгоҳи Донетск, ки ба фарқ аз қисматҳои дигари ин шаҳр дар дасти нирӯҳои давлатии Украина аст, ба чашми худ мушоҳида кардаанд. Чанд расонаи дигари ғарбӣ низ дар бораи ҳаракати нирӯҳои зиёди низомӣ дар атрофи Донетск хабар доданд.

Аз Донетск хабарнигорон дар бораи ҳузури силоҳбадастони тарафдори Русия дар дохилу беруни ҳавзаҳои интихоботӣ хабар доданд. Хабаргузории Ассошиэйтед Пресс хабар дод, ки як марди силоҳбадаст ва либоси низомӣ дар тан, бо вуҷуди онки аз вилояти Одессаи Украина буд, бомуваффақият дар интихоботи рӯзи 2 ноябр овоз додааст.

Интихобот дар Луҳанску Донетск аз сӯи нозирони байналмилалӣ рад карда шуд, вале як гурӯҳе аз намояндагони аҳзоби асосан тундрави ғарбӣ ва ҳизбҳои сиёсии Русия ва ҳамин тарв нозирон аз давлатҳои худхондае, чун Абхозистон, ҷараёни раъйгирӣ дар ин ду ба ном “Ҷумҳурии мардумӣ”-ро назорат бурдаанд.

Бисёре аз нозирон дар пушти таҳаввулоти шарқи Украина дасти Маскавро мебинанд. Амрико ва Аврупо ба ҳамин далел то имрӯз алайҳи Русия ба иллати дахолатҳояш дар бӯҳрони Украина 4 навбат таҳримот ҷорӣ кардаанд.

Русия дар моҳи марти соли равон, як моҳ баъд аз барканории раисиҷумҳури рӯ ба Маскави Украина Виктор Янукович дар натиҷаи эътирозҳо ва дар Киев ба қудрат омадани сиёсатмадорони тарафдори Ғарб вилояти аксари аҳолиаш русзабони Қрим дар ҷануби Украинаро ишғол кард ва бо баргузории як раъйпурсӣ ба қаламрави худ “часпонд.”

Ба дунбол, дар моҳи апрел ҷудоиталабони тарафдори Маскав дар вилоятҳои аҳолиаш низ умдатан русзабони Донетску Луҳанск сар бардоштанд ва бо забти қисматҳое аз ин ду вилояти аз нигоҳи саноатӣ пешрафтаи Украина алакай дар моҳи май бо баргузории ду раъйпурсии алоҳида аз таъсиси “Ҷумҳурии мардумии Донетск” ва “Ҷумҳурии мардумии Луҳанск” хабар доданд.

Баъдан ин ду “Ҷумҳурӣ” дар як “иттиҳодия” бо номи “Новороссия” гӯё муттаҳид шуд, то дар оянда ба ҳамин ҳайс ба Русия бипайвандад. Вале сохтори идорӣ дар қаламравҳои таҳти назорати ҷудоиталабон чунон мубҳаму нофаҳмост, ки маълум нест, оё “Новороссия” ҳамчун сохтори идорӣ то куҷо амал мекунад.

Интихоботи 2 ноябр дар Донетск

Интихоботи 2 ноябр дар Донетск

Ба фарқ аз тасарруфи Қрим, ки тақрибан бидуни хунрезӣ ба Русия ҳамроҳ карда шуд, қазияи Луҳанску Донетск ба ҷангҳои шадиде печид, ки то имрӯз, ба ҳисоби СММ, беш аз 4000 кушта ба ҷо гузоштааст.

Дар моҳи сентябр дар Минск қарордоди оташбасе имзо шуд, ки ба ҷангҳои густарда дар шарқи Украина асосан хотима гузошт, вале даргириҳои пароканда бахусус дар атрофи фурудгоҳи Донетск, шаҳри Мариупол ва чанд рустои атрофи маркази вилояти Луҳанск то ҳол идома доранд ва тақрибан ҳаррӯз аз ин манотиқ дар бораи кушта ё захмӣ шудани ҷанговарон аз ҳарду тараф ва ҳам аз ҳисоби мардуми мулкӣ гузоришҳо ба даст мерасанд.

Дар Киев ва ҳамин тавр, дар Аврупову Амрико бар инанд, ки ҷунбишҳои ҷудоиталабиро дар Донетску Луҳанск ва вилоятҳои дигари Украина аз Маскав таҳрик ва бо силоҳу пул ва нирӯ таъмин мекунанд. Маскав инро рад мекунад ва аз Киев тақозо дорад, то бо намояндагони ҷудоиталабон вориди музокироти мустақим шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG