Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бишчевич: Ҳайронам, ки чаро бархе ИА-ро "душман"-и Тоҷикистон медонанд


Ҳидоят Бишчевич, раҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, аз гирдиҳамоии гурӯҳе аз занону ҷавонон дар рӯ ба рӯи дафтари ин ниҳод дар Душанбе изҳори ҳайрат кард.

Раҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон рӯзи 19 май аз гирдиҳамоии гурӯҳе дар рӯ ба рӯи дафтари ин ниҳод дар Душанбе изҳори ҳайрат кард. Ҳидоят Бишчевич дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, эътирозгарон метавонанд фикру назарҳои мухталиф ва ҳаққи ақидаи худро дошта бошанд, "вале намоиши эътирозӣ дар муқобили як сохтори дипломатии хориҷӣ қобили қабул нест."

Ӯ гуфт: "Намехоҳам дар бораи сабабҳои ин ҳодиса ҳадс бизанам. Вале тарзи ҷамъ омадани ин афрод каме тааҷҷубовар буд. Раҳбарии ин эътирозро чанд зани солхӯрда ба ӯҳда дошт, ки хеле таблиғ мекарданд ва ҳамроҳи онҳо чанд писари ҷавоне буд, ки шояд донишҷӯ буданд. Барои ман ин чиз тааҷҷубовар буд. Онҳо пайваста ҳаяҷон эҷод мекарданд."

Раҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо гуфт, ки ҷамъомадагон бовар доштанд, ки баъзе раҳбарони мухолифин дар Аврупо ҳастанд. Аммо ӯ гуфт, "дар ин сурат дафтари Иттиҳоди Аврупо бояд макони охирин барои баргузории чунин намоишҳои эътирозӣ бошад. Мо масъули ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ нестем. Иттиҳоди Аврупо маконе нест, ки қаҳру ғазаб аз раҳбарони собиқи

оппозитсиюн бар сари он рехта шавад. Ин сиёсати Иттиҳоди Аврупоро баъди ҳодисаҳои ҳамсон ман ба мақомоти тоҷик ҳам шарҳ дода будам. Мусалламан, мо мухотаби ингуна эътирозҳо нестем."

Ҳидоят Бишевич изҳори ҳайрат кард, ки бо назардошти суръати ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо, мизони кумакҳое, ки ба Тоҷикистон мерасонанд, "чаро бархе Иттиҳоди Аврупоро ба истилоҳ “душмани” Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд?”

Ҳидоят Бишчевич дар идома гуфт, ки дар давоми се соли охир ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо хеле хуб пеш меравад, ва ин ҳам дар ҳоле ки ин ниҳод аз мушкилоти Тоҷикистонро дар бахши ҳуқуқи башар, ҷомеаи шаҳрвандӣ, озодии баён, озодии мазҳаб огаҳӣ дорад.

Рӯзи панҷшанбеи 19 май ҳудуди 30 зан ва ҷавони тоҷик дар назди дафтари Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе ҷамъ омада, талаб карданд, ки дипломатҳои аврупоӣ Муҳиддин Кабирӣ – раҳбари ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва, ба гуфтаи онҳо, “хоинони дигарро” ба Тоҷикистон супоранд.

Эътирозгарон либоси азодорӣ пӯшида, дар даст акси чанде аз қурбониёни ҳамлаҳои хунини моҳи сентбяри 2015 дар Душанбеву Ваҳдатро доштанд. Онҳо гуфтанд, ки дар ин ҳамлаҳо наздикони пулисашонро аз даст додаанд ва ҳоло мехоҳанд, ки “ҳақ ба ҳақдор бирасад”. Ҳатто яке аз занҳо худро дар пеши мусофирбар партофта ва бо ёрии одамон ба бемористон интиқол ёфт. Аксари ин занон саъй мекарданд, ки рӯяшон намудор нашавад.

Умар, яке аз эътирозгарон, дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, тағояш Исмоил Пиров дар ҳамлаҳои моҳи сентябр кушта шуда ва аз ӯ се фарзанди ятим мондааст. "Мо мехоҳем, ки сармоягузорони ин ҳамлаҳо, ки ҳоло дар хориҷа ҳастанд, ба Тоҷикистон оварда шуда ва муҷозот шаванд," – гуфт ӯ.

Яке аз занҳо худро дар пеши мусофирбар партофт

Яке аз занҳо худро дар пеши мусофирбар партофт

Ин эътирози занону ҷавонон дар назди дафтари Иттиҳоди Аврупо каме бештар аз як соат идома карда, танҳо баъди омадани маъмурони пулис пароканда шуд. Дар ин муддат касе аз намояндагони Иттиҳоди Аврупо ба назди онҳо набаромад.

Яке аз эътирозгарон дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ҳадафи онҳо суботи комил дар Тоҷикистон аст ва онҳое, ки аз берун ба сӯи кишвар санг меандозанд, бояд аз тарафи мақомоти Иттиҳоди Аврупо боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шаванд: “Хоинҳоро пуштибонӣ мекунанду ба онҳо минбар медиҳанд. Онҳо ҷанг мехоҳанд, мо – сулҳ”. Ӯ гуфт, онҳо моҳҳост, ки аз раҳбарияти дафтари Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон чунин тақозо доранд, аммо то ҳанӯз посухи расмӣ нагирифтаанд.

Қабл аз ошӯби хунин ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли гузашта, раҳбари ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ кишварро тарк кард ва баъди он низ теъдоде аз аъзои ҳизб аз Тоҷикистон рафтанд ва гуфта мешавад, дар кишварҳои аврупоӣ зиндагӣ мекунанд. Теъдоди дигаре аз мухолифони давлат, ки худро аъзои "Гурӯҳи 24", як созмони мамнуъ дар Тоҷикистон меноманд, дар кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Олмон зиндагӣ мекунанд ва мақомоти расмӣ дар гузашта истирдоди онҳо ба Душанберо талаб кардаанд.

Ин эътирози гуруҳи занҳову ҷавонони тоҷик дар ҳоле баргузор мешавад, ки рӯзҳои 18 ва 19-уми май дар шаҳрҳои Бонни Олмон ва Истанбули Туркия гурӯҳҳои хурди мухолифони тоҷик аз ҷумла аъзои Гурӯҳи 24 бо баргузории тазоҳурот карда, аз нақзи ҳуқуқу озодиҳои мардум шикоят карданд.

Аз ин пеш, рӯзҳои 20 ва 22 феврали соли ҷорӣ як гурӯҳ, ки худро "ҷавонони фаъол" меноманд, дар назди дафтари Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе гирди ҳам омада, талаб карданд, ки кишварҳои Аврупо ба раҳбарони мухолифин паноҳ надиҳанд ва онҳоро, аз ҷумлаи раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабириро ба Тоҷикистон баргардонанд. Бино ба маълумоти дарёфтӣ, Кабирӣ феълан дар яке аз кишварҳои Аврупо ба сар мебарад.

Баргузории раҳпаймоиҳои бидуни иҷозат дар Тоҷикистон манъ аст, вале дар солҳои охир алакай чанд бор аст, ки гурӯҳҳои "ҷавонони фаъол" ё "занони фаъол" дар назди сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ ё дар қароргоҳҳои аҳзоби мухолиф бо шиорҳои тарафдори ҳукумати кунунӣ таҷаммӯъ мекунанд.

Мақомоти Тоҷикистон даст доштани худ дар ташкили ин гирдиҳамоиҳоро рад мекунанд ва бархе аз тазоҳургаронро барои як муддати кӯтоҳ боздошту бозпурсӣ ва ҳатто ҷарима ҳам мекунанд. Вале мунтақидон мегӯянд, баланд кардани шиорҳои ҳамраъйӣ бо хостҳои мақомот ва ҷаримаҳои сабук барои ташкили чунин тазоҳуроти ғайриқонунӣ нишон медиҳанд, ки ин ҳаракатҳо худҷӯш нестанд, ки мехоҳанд намудор кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG