Пайвандҳои дастрасӣ

Иттиҳодияи Аврупо аз таъқибу ҳабси мухолифини сиёсӣ ва наздикону вакилони онҳо дар Тоҷикистон изҳори нигаронии ҷиддӣ карда, аз ҳукумат хост, ки гузоришҳо дар бораи шиканҷаи шудани маҳбусони сиёсиро ба сурати фарогир тафтиш кунад.

Иттиҳодияи Аврупо (ИА) дар як баҳси муштараки масоили ҳуқуқи башар бо мақомоти баландпояи ҳукумати Тоҷикистон аз чанд қазияи таъқиби мухолифини сиёсии ин ҳукумат ва аъзои хонаводаву наздикони онҳо изҳори нигаронии ҷиддӣ кард. Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунин аз ҳукумтаи Тоҷикистон хост, ки гузоришҳо дар бораи шиканҷа шудани маҳбусони сиёсиро тафтиш ва фишор ба хабарнигорон ва таҷрибаи бастани сомонаҳои хабариро бас кунад.

Ин баёнияҳо аз забони намояндагони Иттиҳодияи Аврупо дар ҳаштумин муколамаи солонаи ин созмон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон садо додаанд. Ин нишаст рӯзи 9 июн дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон пушти дарҳои баста доир шудааст.

Маҳбуба Абдуллоева, сухангӯи намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон рӯзи 10 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳайъати ин созмонро дар нишасти Душанбе Тойво Клаар, мудири шӯъбаи Осиёи Марказӣ дар Хадамоти корҳои хориҷии Аврупо ва ҳайъати Тоҷикистонро муовини сардори раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони дастгоҳи раёсати ин ҷумҳурӣ Шараф Каримзода раҳбарӣ мекарданд.

Ба гуфтаи Маҳбуба Абдуллоева, ин мулоқот “як мубодилаи кушоду равшани афкор дар атрофи вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон” буд ва ҷониби Аврупо тавонист тақрибан ҳама мояҳои умдаи нигарониаш пиромуни вазъи озодиҳои сиёсиву демократӣ ва ҳуқуқи инсонро ба самъи мақомоти Душанбе бирасонад: Иттиҳоди Аврупо бори дигар нисбати якчанд қазияҳои соли гузашта, аз ҷумла таъқиб ва баҳабсгирии мухолифини сиёсӣ, аъзои хонаводаҳои онҳо ва вакилони дифоъи онҳоро изҳори нигаронии ҷиддӣ намуда, ҷониби Тоҷикистонро ба гузарондани тафтиши пурраи хабарҳои истифодабарии шиканҷа ва вайронкунии ҳуқуқ ба тафтишоти мунсифона дар қазияҳои мазкур даъват ба амал овард.”

Ҳайъати Иттиҳодияи Аврупо аз иқдомҳои нави Душанбе ҷиҳати тақвияти мубориза бо шиканҷа дар Тоҷикистон “бо хушнудӣ” истиқбол кардаааст, валое хостори талошҳои бештар дар амри иҷроӣ шудани ин иқдомҳо ва аз ҷавобгарӣ эмин намонядани афроди гумонбар ба истифодаи шиканҷа шудааст. Ҳамин тавр, ҷониби аврупоӣ мақомоти тоҷикро ба коҳиши фишор нисбат ба хабарнигорон ва хатми таҷрибаи бастани сомонаҳои хабарӣ даъват кардааст.

Маҳбуба Абдуллоева меафзояд: “Намояндагони Иттиҳоди Аврупо қайд намуданд, ки ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳозифони ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон нақшаи муҳиме мебозанд ва мақомоти ҳокимияти Тоҷикистонро лозим меояд, ки ба кори ин ташкилотҳо мусоидат карда, ҳангоми тарҳрезии тартиботи нав барои пешниҳоди ҳисоботи молиявӣ бо ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ машваратҳо гузаронанд. Инчунин, Иттиҳоди Аврупо мақомоти ҳокимияти Тоҷикистонро ба қоҳиши фишор нисбати хабарнигорон ва хотима додан ба бастани сомонаҳои ахборӣ даъват ба амал овард.”

Даври навбатӣ ва инак, нӯҳуми муколамаи ҳуқуқи башар байни Тоҷикистону Иттиҳодияи Аврупо соли 2017 дар Брюссел доир хоҳад шуд.

Аммо изҳори нигаронии навбатӣ ваё ба таъбири худи мақомоти аврупоӣ, “бори дигар”-и Иттиҳодияи Аврупо аз вазъи ҳуқуқи инсон ва таъқиби мухолифини сисёӣ дар ҳолест, ки тайи як ҳафтаи охир гурӯҳи вакилони парлумони Аврупо, сафорати Амрико, гузоришгари вижаи СММ дар умури озодии баён ва чанд созмони ҳомии ҳуқуқи инсон паи ҳам аз бадтар шудани вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон изҳори нигаронии шадид карданд.

Рӯзи 7 июн 35 вакил аз Ҷиноҳи мардумӣ дар парлумони Аврупо дар як қатънома бо ибрози ташвиши ҷиддӣ аз боздошти афзояндаи ҳомиёни ҳуқуқ, мухолифони давлату хешовандонашон ва маҳдудияти озодии баёну ҳуқуқи мазҳабӣ дар Тоҷикистон аз ҳуқумати ин кишвар раҳоии Зайд Саидов, вазири собиқи саноат, Маҳмадалӣ Ҳаит, Саидумар Ҳусайнӣ, муовинони раиси ҳизби наҳзати исломӣ ва дигар 12 аъзои дигари раёсати ҳизбро талаб карданд. Онҳо ҳамчунин хостори лағви парвандаҳои зидди соҳибкор Абӯбакр Азизхоҷаев ва вакилони мудофеъ Бузургмеҳр Ёров ва Шӯҳрат Қудратов шудаанд.

Вакилони парлумони Аврупо ҳамин тавр, аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, ки зимни муҳокимаи чеҳраҳои сиёсӣ ба қонунҳои худи ин кишвар ва ӯҳдадориҳои байналмилалиаш амал карда, мурофиаҳои сиёсиро шаффофу одилона барпо кунад ва иттиҳомоти зидди мухолифини сиёсиаш эълоншударо бо далелу бруҳони қотеъ собит намояд. Ин 35 вакил гуфтаанд, ки ҳукумати Тоҷикистон мубориза бо терроризм ва ифротгароиро ҳамчун баҳона барои қатъи фаъолияти мухолифон, маҳдуд кардани озодии баён истифода накунад ва ба ҳуқуқи мардумаш эҳтиром бигузорад. Порлумони Аврупо ҳамаи афроди боздоштшударо "маҳбусони сиёсӣ" номидааст.

Сафорати Амрико дар Душанбе ҳам рӯзи 9 июн гуфт, ба зиндон маҳкум шудани аъзои раёсати ҳизби наҳзати исломӣ "садои мухолифонро дар Тоҷикистон хомӯш мекунад." Ба гуфтаи сафорат, “ин ва дигар воқеаҳо, ки вақтҳои охир суръат гирифтаанд, садои мухолифинро сокит менамоянд ва ба ширкати озод дар раванди рушди демократӣ дар Тоҷикистон монеа эҷод менамоянд.”

Аз ин пештар Девид Кайе, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури озодии баёну эътиқод, низ зимни як баёнияи расмӣ гуфт, "ҷазои сахт ба раҳбаронимухолифони давлат, нишондиҳандаи босуръат маҳдуд шудани озодии эътиқод дар Тоҷикистон аст".

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG