Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вокуниши Иттиҳодияи Аврупо ба митингҳои Душанбе


Қароргоҳи ИА дар Брюссел

Қароргоҳи ИА дар Брюссел

Ду рӯз баъди баргузории як гирдиҳамоии эътирозӣ дар муқобили намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе, ин ниҳод изҳороте пахш кард ва гуфт, ки ин корпуси дипломатӣ дар таъмини амнияташ ба ҳукумати Тоҷикистон умед мебандад.

Ду рӯз баъди баргузории як гирдиҳамоии эътирозӣ дар муқобили сохтмони корпуси дипломатии Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе, намояндагии ин ниҳод изҳорот пахш кард. Дар изҳороте, ки Маргус Солнсон, фиристодаи Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон ба радиои Озодӣ қироат кард, чунин гуфта шудааст:

“Намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе дар масъалаи таъмини амният ва бехатарии тамоми намояндагиҳои дипломатӣ, консулгариҳои хориҷӣ ва ҳам кормандонаш дар Душанбе ба ҳукумати Тоҷикистон умед мебандад. Ҳукумати Тоҷикистон ӯҳдадор шудааст, ки риояи тамоми қонунҳои марбута, аз ҷумла баргузории ҳама гуна гирдиҳамоиҳои ғайримуҷозро замонат медиҳад. Дар чаҳорчӯби созишномаи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Иттиҳодияи Аврупо ду ҷониб бо ҳам пайваста мулоқот мекунанд. Ғайр аз ин, чунин мулоқотҳо масоили марбут ба ҷилавгирӣ аз ҷинояткорӣ, таъмини адолати додгоҳӣ ва ҳам ҷилавгирӣ аз ҷиноятҳои хусусияти террористӣ доштаро дар бар мегиранд”.

Солнсон ёдовар шуд, ки рӯзи 16 феврал дар шаҳри Брюссел ҷаласаи Шӯрои ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон баргузор шуд, ки ҳайати Тоҷикистонро вазири умури хориҷа Сироҷиддин Аслов раҳбарӣ мекард. Дар поёни ин нишаст хабарномае пахш шуд, ки мегӯяд, Иттиҳодияи Аврупо бори дигар ваъда медиҳад, ки ба Душанбе дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои дуҷониба дар тӯли солҳои 2014-2020 дар ҳаҷми 251 миллион евро кӯмак мекунад. Ин маблағ асосан барои рушди деҳот, тандурустӣ ва маориф равона хоҳад шуд. Инчунин, ба иттилои манбаъ, Шӯрои ҳамкорӣ масъалаҳои энержӣ, идоракунии марз ва ифротгароӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро баҳс кардаанд. Таъкид шудааст, ки “ҳифзи сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ ба манфиати Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо аст ва ҷонҳо талош хоҳанд кард, то ҳамкориҳоро дар ин бахш бештар кунанд.”

Изҳороти намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе рӯзи 24 феврал дар посух ба таҷаммӯи гурӯҳи ҷавонони тоҷик дар пушти дарҳои намояндагии Иттҳодияи Аврупо дар Душанбе пахш шуд. Даҳҳо ҷавоне, ки худро аз ташаккули то ҳол ноошнои “Пешоҳангони ҷомеа” намояндагӣ мекарданд, рӯзи 22 феврал нахуст дар муқобили дафтари Иттиҳодияи Аврупо ва баъдан сафорати Туркия дар шаҳри Душанбе гирди ҳам омада ба Душанбе истирдод шудани раҳбарони мухолифини Тоҷикистонро талаб карданд. Тазоҳургарон талаб карданд, ки мақомоти Аврупо ба раҳбарони мухолифини тоҷик паноҳгоҳ надиҳад, балки онҳоро ба Тоҷикистон баргардонад. Онҳо ҳамин тавр, талаб доштанд, ки ба эътирозҳои мухолифини тоҷик дар назди сафоратҳои Тоҷикистон, ки ба рӯзи 23 феврал барномарезӣ шуда буд, иҷозат надиҳанд. Дар дасти эътирозгарон дар Душанбе шиорҳое ба мисли "Иттиҳодияи Аврупо, хоинони миллатро ба ватан бозгардон!" баланд мекарданд. Вале касе аз дипломатҳо ба назди эътирозгарон набаромад ва бо онҳо сӯҳбате ҳам накард. Намояндагии Иттиҳодияи Аврупо таъкид мекунад, ки кори ин сохтори дипломатӣ аз рӯи реҷаи маъмулӣ пеш меравад ва ҳамкориҳои ин ниҳод бо ҳукумати Тоҷикистон дар чаҳорчӯби созишномаҳо ва ҳам қонунҳои амалкунанда ба роҳ монда шудааст.

Айни замон, рӯзи 23 феврал ду гурӯҳи хурди мухолифини ҳукумати кунунии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Истамбули Туркия ва Венаи Австрия тазоҳуроти эътирозии худро барпо карданд. Дар Истамбул ин эътироз дар назди бинои консулгарии Тоҷикистон ва дар Вена дар назди дафтари Иттиҳодияи Аврупо доир шудааст. Эътирозгарон шиорҳоеро бо талаби хатми таъқиби дигарандешон аз сӯи мақомоти Тоҷикистон ва озодии маҳбусони сиёсӣ дар даст доштанд.

Баёнияи Иттиҳодияи Аврупо дар бораи ҲНИТ

Изҳороти намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе чанд соат баъди он пахш шуд, ки матни баёнияи рӯзи 18 феврал нашршудаи дафтари ин созмон дар Брюссел рӯзи 24 феврал ба дасти хабарнигорон дар Тоҷикистон расид.

Иттиҳодияи Аврупо ин баёнияи вижа бо номи “Баёнияи ИА дар бораи мурофиаи ҷиноии аъзои ҲНИТ дар Тоҷикистон” гуфтааст, ҳамчунон “амиқан нигарони вокуниши ҳукумати Тоҷикистон ба хушунатҳои моҳи сентябри соли гузашта ва талошаш барои масъули он ҳаводис кардани ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) боқӣ мемонад.”

Дар ин баёния инчунин гуфта мешавад, дар натиҷаи ин маърака аъзои зиёди ҲНИТ ба ҳабс гирифта шуда, онҳо, “бахусус раҳбарони ҲНИТ ба мурофиаҳои ҷиноии бидуни замонати муҳокимаи одилона кашонда мешаванд.” Иттиҳодияи Аврупо афзудааст, “таъкиди ин нукта низ муҳим аст, ки ҲНИТ дар ягон рӯйхати байналмилалии созмонҳои террористии мамнӯъ шомил нест.”

http://www.eeas.europa.eu/delegations/vienna/documents/eu_osce/permanent_council/2016/pc_1090_eu_on_tajikistan.pdf

Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, ки “мо аз ҳабси вакилони мудофеъ Бузургмеҳр Ёров, Нодира Додоҷонова ва Нуриддин Маҳкамов, ки мехостанд аз аъзои муттаҳамшудаи ҲНИТ ҳимоят кунанд, изҳори нигаронии ҳамсон мекунем.” Боздошти ин вакилон, бино ба ин баёния нигарониҳои қобили мулоҳизаеро дар робита ба қонунияти боздоштҳо ва додгоҳҳои мунсифона ба миён меорад ва “ба фаъолияти қонунии бахши ҳимоят дар низоми адлияи Тоҷикистон зарба мезанад.”

Иттиҳодияи Аврупо дар анҷоми баёнияаш мегӯяд, ки “мо ба аҳамияти ҷорӣ кардани ҳукми қонун такроран таъкид мекунем ва аз ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунем, то замонат бидиҳад, ки мурофиаҳои ҷиноии марбут ба аъзои боздоштшудаи ҲНИТ ва вакилони онҳо бо шеваи одилона ва шаффоф ва тибқи ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон ва муқаррароти САҲА баргузор мешаванд.” Иттиҳодияи Аврупо афзудааст, ки ба навбати худ омода ҳаст, то ба Тоҷикистон дар амри иҷрои ӯҳдадориҳои ба САҲА супурдааш кумак кунад.

Ин баёния рӯзи 18 феврал, як рӯз баъд аз анҷоми иҷлосияи навбатии Шӯрои ҳамкории Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистон дар шаҳри Брюссел нашр шудааст. Ба гуфтаи манобеи дипломатӣ, дар канори масоили ҳамкориҳои иқтисодиву сиёсӣ ва баҳси вазъи амниятӣ дар Тоҷикистону минтақа як мавзӯе, ки дар ин нишаст бо мақомоти Тоҷикистон матраҳ шуд, шадидтар шудани саркӯби мухолифини сиёсӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла бастану созмони террористӣ эълон кардани ҲНИТ будааст.

Сироҷиддин Аслов дар Брюссел

Сироҷиддин Аслов дар Брюссел

Аммо Сироҷиддин Аслов, вазири хориҷаи Тоҷикистон, ки дар нишасти Брюссел ҳайъати расмии кишварашро раҳбарӣ мекард, баъди анҷоми он иҷлос дар як нишасти хабарӣ гуфт, ҳамкорони аврупоӣ бояд вазъи Тоҷикистонро дарк кунанд: “Мо дар рӯбарӯи таҳдидҳои экстремизму терроризми ҷаҳонӣ қарор дорем. Тоҷикистон дар фосилаи наздик аз манотиқи ноамн қарор дорад. Аксари сокинони мо мусалмонанд, аммо дар миёни онҳо дарсади муайян афроди мутаассиб ҳам ҳаст, ки ба ақидаҳои бегонаи мазҳабӣ бовар мекунанд ва дасисабозони мазҳабӣ аз ин вазъият мехоҳанд сӯиистифода кунанд.”

Аслов дар робита ба ошӯбҳои моҳи сентябр ва ба ташкили ин ошӯбҳо айбдор шудани ҲНИТ гуфт: “Гурӯҳи террористон бо гурӯҳҳои дигари мавҷуд дар дохили кишвар ва ҳам аз берун мехостанд, ки табаддулоти давлатӣ кунанд. Мо тадбирҳое андешидем, ки аз амали ин гурӯҳҳои ҷилавгирӣ кард. Шумо медонед, ки ҳоло вазъ дар Тоҷикистон мӯътадил аст.”

Рӯзҳои 20 ва 22 феврал як гурӯҳ, ки худро "ҷавонони фаъол" меноманд, дар назди дафтари Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе гирди ҳам омада, талаб карданд, ки кишварҳои Аврупо ба раҳбарони мухолифин паноҳ надиҳанд ва онҳоро, аз ҷумлаи раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабириро ба Тоҷикистон баргардонанд. Бино ба маълумоти дарёфтӣ, Кабирӣ феълан дар яке аз кишварҳои Аврупо ба сар мебарад.

Рӯзи 4 сентябр афроди силоҳбадаст ба шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ва як гурӯҳи милисаҳо дар гардиши Фурудгоҳи Душанбе ҳамла карданд. Мақомот ҳамон рӯз масъулияти ин ҳамлаҳоро ба дӯши муовини вазири дифоъ генерал Абдуҳалим Назарзода бор карданд. Амалиёти зидди гурӯҳи Назарзода, ки дар дараи Ромит паноҳ бурда буд, то 16 сентябр давом кард. Дар ҷараёни ин амалиёт, бар асоси иттилои расмӣ, 14 тан аз кормандони мақомоти интизомӣ ва 25 тан аз гурӯҳи Назарзода, бо шумули худи ӯ, кушта шуданд.

Дар пайи анҷоми ин амалиёт 13 тан аз аъзои раёсати ҲНИТ боздошт шуданд. Рӯзи 28 сентябр Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизбро манъ ва онро ба рӯйхати созмонҳои ифротиву террористӣ шомил кард. Худи раҳбарони ҲНИТ ҳар навъ даст доштанашон дар ошӯби Абдуҳалим Назарзодаро рад мекунанд ва мегӯянд, ин ҳодиса барои мақомот баҳонае барои бастани ин ташаккули умдаи мухолифин дод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG