Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ваъдаи 251 млн евро ва даъвати ИА ба интихоботҳои шаффоф дар Тоҷикистон


Meeting of Tajikistan-EU Cooperation Council

Meeting of Tajikistan-EU Cooperation Council

Иттиҳодияи Аврупо ба Тоҷикистон ваъдаи боз 251 миллион евро кумак дода, хостори баргузории интихоботҳои шаффоф дар ин кишвари Осиёи Марказӣ шудааст.

Кумиссиюни Аврупо рӯзи 20 октябр дар анҷоми ҷаласаи чоруми Шӯрои ҳамкориҳои Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистон дар Люксембург эълон кард, ки тибқи Барномаи бисёрсолаи индикативӣ барои солҳои 2014-2020 ба Тоҷикистон 251 миллион евро кумаки бештар мерасонад.

Ҷамъи кумакҳои Иттиҳодияи Аврупо ба Тоҷикистон аз соли 1992 алакай ба 550 миллион евро расидааст ва бо изофаи кумакҳои нав аз марзи 800 миллион евро, яъне 1 миллиард доллар мегузарад.

Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунин бори дигар ба зарурати тазмини интихоботҳои фарогир ва шаффоф ва таъмини як суботи сиёсии дарозмуддат дар Тоҷикистон таъкид кардааст.

Ҷаласаи чоруми Шӯрои ҳамкориҳои Иттиҳодияи Аврупову Тоҷикистон рӯзи 20 октябр дар Люксембург доир шуд.

Нишасти Люксембург

Нишасти Люксембург

Ҳайати Иттиҳодияи Аврупоро дар ин ҷаласа Бенедетто Делла Ведова, котиби давлатии вазорати хориҷаи Итолиё ва ҳайати Тоҷикистонро вазири хориҷааш Сироҷиддин Аслов раҳбарӣ мекард. Кумиссиюни Аврупо дар ҷараёни ҷаласа барномаи нави кумакҳояш ба Тоҷикистон барои 7 соли оянда – аз соли 2014 то 2020-ро эълон кард, ки 251 миллион евроро дар бар хоҳад гирифт. Гуфта шуд, ки ин кумакҳо асосан рӯи риштаҳои муҳиме, чун рушди иқтисод ва имконоти иҷтимоӣ, аз ҷумла рушди деҳот, соҳаи тандурустӣ ва маориф тамаркуз хоҳанд кард.

Ҳарду ҷониб дар ин ҷаласа ба зарурати тақвияти ҳамкориҳо дар бархе риштаҳои муҳим ва пешрафтҳои бадастомада аз замони ҷаласаи сеюми Шӯрои ҳамкориҳои Иттиҳодияи Аврупову Тоҷикистон таъкид кардаанд. Ҷаласаи қаблии ин Шӯро моҳи октябри соли 2013 доир шуда буд.

Дар ҷаласаи Люксембург дар канори масоили муносибатҳои тиҷориву иқтисодӣ, масоили дигари муҳими мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн, аз ҷумла ислоҳоти сиёсиву маъмурӣ, ҳукми қонун ва мурооти ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон низ баррасӣ шудаанд. Дар чорчӯби масоили сиёсӣ, Иттиҳодияи Аврупо аз ҷумла аз Тоҷикистон хостааст, то баргузории интихоботҳои шаффофу фарогирро замонат дода, суботи сиёсии дарозмуддатро дар кишвар таъмин кунад.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар сомонааш менависад, “зимни ҷаласаи Шӯро ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои иқтисод, энергетика, фарҳанг ва маориф, татбиқи Стратегия ИА дар Осиёи Марказӣ ва лоиҳаву барномаҳои ИА дар Тоҷикистон мубодилаи афкор намуда, ҳамзамон масоили минтақавию байналмилалиро муҳокима карданд.Дар фарҷоми ҷаласа изҳороти муштарак оид ба истиқбол намудан аз қарори Комиссияи Аврупо роҷеъ ба қабул намудани Барномаи бисёрсолаи индикативӣ барои солҳои 2014-2020 дар ҳаҷми 251 млн. евро, ки дар чаҳорчӯби Стратегия нави ИА барои Осиёи Марказӣ амалӣ хоҳад шуд, ба имзо расид.”

Дар нишасти Люксембург ҳамчунин масоили минтақаиву байналмилалӣ баҳс шуда, аз ҷумла ба зарурати ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистони ҳамсоя таъкид шудааст. Иттиҳодияи Аврупо аз нақши Тоҷикистон дар ҳамкориҳои минтақавӣ, аз ҷумла дар масъалаи идораи марзҳо, гумрук, таъсисоти тиҷорӣ ва мубориза бо маводи мухаддир ситоиш кардааст.

Шӯрои ҳамкориҳои Иттиҳодияи Аврупову Тоҷикистон аз шариконаш дар Осиёи Марказӣ даъват кардааст, то дар масоили барои ин минтақа ҳассосе, чун масоили энержӣ, тақсими об ва муҳити зист роҳкорҳои собитеро ҷустуҷӯ ва пайдо кунанд.

Ҷаласаи чоруми Шӯрои ҳамкориҳои Иттиҳодияи Аврупову Тоҷикистон дар Люксембург дар ҳоле баргузор мешавад, ки қарор аст, то поёни соли равон, яъне то 2 моҳи дигар, нирӯҳои ҷангии эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистон хориҷ шаванд. Тоҷикистон бо ин кишвари ҷангзада 1370 километр марзи муштарак дорад, ки рӯи рӯди Омӯ (Панҷ) мегузарад ва ба далели релефи мураккаби кӯҳистонии ҳарду соҳилаш чандон ҳифозати хуб намешавад.

Ин марзҳо ба як масири умдаи қочоқи ҳероину афюни афғонӣ табдил ёфтаанд ва нигаронии вуҷуд дорад, ки баъди хуруҷи нирӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон гурӯҳҳои ифротӣ низ талош хоҳанд кард, то аз тариқи марзи Афғонистону Тоҷикистон ба ин сӯи Омӯ нуфуз кунанд.

Душанбе дар ин росто барои таҳкими марзҳояш ба кумакҳои беруна, аз ҷумла ба ёриҳои Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои узви ин созмон ниёз дорад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG