Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хислатҳои "тоҷикӣ": вафодор, ҷафокаш, таърифдӯстдор...


Як сомонаи илмии русӣ тоҷиконро халқе орому бовиқор, содиқ, бенозу пуртоқат ва дар айни замон тавсифдӯстдор ва дар кор каме "баҳузур" тасвир мекунад.

Як сомонаи илмии русӣ бо номи academic.ru дар бахши фарҳанги қавмиву равонӣ (этнопсихологӣ)-аш тоҷиконро қавме ба қалам додааст, ки “бо ақли амалӣ, тафаккури мантиқии мабнӣ бар натиҷагириҳои абстракт, эҳсосоти мӯътадил, оромиву виқор, як андоза инзивоъгароӣ дар байни муҳитҳои бисёрқавмӣ ва баъзан – бархӯрди ташвишолуда нисбат ба қавмҳои дигар ва баҳои баландаш ба муносибати боэҳтироми қавмҳои дигар нисбат ба ин мардум фарқ мекунад.”

Комроншоҳи Устопириён - як намояндаи мардуми тоҷик
Комроншоҳи Устопириён - як намояндаи мардуми тоҷик
Бино бар ин таъриф, ки бар пояи “Этнопсихологический словарь»-и Владимир Криско, яке аз донишмандони маъруф дар илми психологияҳои қавмӣ таълиф шудааст, тоҷикон қавми заҳматдӯстанд, “вале одат кардаанд, ки бидуни шитоб, оҳиста, бидуни беш аз ҳадд маҷбур кардани худ ва бо танаффусҳои пайваста кор кунанд." Аммо дар айни замон “таҳқири маънавиву ҷисмониро намебахшанд.” Хусусияти дигари зикршуда дар таърифи мардуми тоҷик, муносибати боэҳтироми онҳо ба насли калонсол ва барояшон хуш омадани кори савоб ва сухани тавсифомез будааст: “Онҳо қадри афродеро, ки ба комёбии онҳо, ба комёбии ҷумҳуриашон ва ба расму анъанаҳои ин мардум таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд, мешиносанд.”

Тоҷикон ҳамин тавр, дар роҳи расидан ба ҳадафи гузошташуда қатъият ва устуворӣ нишон медиҳанд, бахусус агар ҳадаф марбут ба манфиати шахсии онҳо бошад. Вале аз тарафи дигар, гуфта мешавад, ки “баробари расидан ба ҳадаф, ин мардум ором мегиранд ва то даме ки машғули кори наве нашаванд, рафторашон башиддат тағйир мекунад.“ Ин сомона ба онҳое ки бо мардуми тоҷик кор мекунанд, барои идораи хубтари тоҷикон тавсия медиҳад, ки мунтазам дар пеши онҳо ҳадафҳои навбанав гузоранд ва ҳатман ҳадафҳое, ки ба манфиати шахсии ин мардуми "ҷафокаш" ҳам бихӯрад.

Владимир Криско садоқат ва вафодориро аз он хусусиятҳои табиати мардуми тоҷик номидааст, ки дар зеҳни ҳар намояндаи ин мардум аз овони тифлиаш талқин мешавад. Бино бар ин навишта, барои мардуми тоҷик “макони асосии тарбияи инсон оила аст. Тоҷикон оилаҳои бузурги ба ҳисоби миёна ҳар кадом иборат аз 5-6 нафар доранд. Дар зеҳни кӯдакон аз хурдӣ ҳисси итоати бечунучаро ва эҳтиром нисбат ба калонсолон ва волидонро тарбия мекунанд.“

Тоҷикон, ҳамин тавр, як қавми ҷафокаши бенозунуз ва босабру пуртоқат тасвир мешаванд, ки “мушкилот ва маҳрумиятҳои зиндагиро бо осонӣ пушти сар мегузоранд. Онҳо ҳамчунин бо ҷасорат, меҳнатдӯстӣ ва ҳамдардӣ нисбат ба бадбахтии дигарон фарқ мекунанд. Гоҳо ростқавлии густохонаи тоҷик ҳамчун саркашиву гарданкашӣ қабул мешавад.”

Халқи "ҳокимпарвар"

Ҷомиашиносони тоҷик аммо мегӯянд, чунин таърифи мардуми тоҷик зоҳиран бар пояи пажӯҳишҳои этнопсихологии замони Шӯравист ва тағйиротеро ки дар портрети психологии ин мардум бахусус дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ва дар маҷмӯъ дар 21 соли гузашта аз замони суқути СССР ба вуҷуд омад, дар бар намегирад. Яке аз ин тағйироти дар ин муддати аз назари илми этнопсихология хеле ночиз, яъне аз соли 1991 ба ин сӯ, дар хислати мардуми тоҷик таҳкимёфта, ба назари равоншиносон, эҳсоси тарс аст, ки як омилаш даҳшатҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 90 ва омили дигараш – муҳоҷирати кории тақрибан саросарӣ ба Русия ва моҳҳову солҳо кору иқомати ҳамеша дар ҳоли фишор аз тарси таъқиб дар мулки ғурбат будааст.

Зери пои пулиси Русия
Зери пои пулиси Русия
Имрӯз сарони ҷамъиятҳои муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва ҳатто худи муҳоҷирон аз он шиква мекунанд, ки мардикорони тоҷик нисбат ба мардуми Қафқоз дар талаби ҳаққи худ ва ҳатто дар амри дифоъи ҷисмонӣ аз шахси худ дар Русия хеле ҳақиру бечоратар ба назар мерасанд.

Нуктаи дигар дар психологияи мардуми тоҷик, ба таъбири Бозори Собир, “ҳокимпарварӣ”-и ӯст( “эй халқи ман, эй халқи ман, умре ту ҳокимпарварӣ”). Равоншиносон мегӯянд, ин хислат, албатта, “мева”-и беш аз 1000 солест, ки мардуми тоҷик зери султаи ақвоми ғайр ба сар бурд, вале баъди суқути Шӯравӣ, ҳокимони наваш ҳамчунон барои таъйиди бештари ҳаққи раёсати худ бар ин мардум ҳамвора ҳамин фалсафаи шукрона аз раҳбарро дар зеҳнаш талқин мекунанд. Ба ин далел, ин хислати тоҷикӣ дар шароити муосир як шакли нисбат ба гузашта барҷастатареро ба худ гирифтааст.

Дар баҳси ин мавзӯъ дар шабакаҳои интернетӣ Мирзои Ҳоҷимуҳаммад навиштааст, “Албатта, як нафари берун аз Ислом ин миллатро дуруст шинохта наметавонад, чун сутунмӯҳраи фарҳангу урфи тоҷиконро Ислом ташкил медихад. Ин хӯйи ғуломонаи тоҷикони асри нав маҳсули дуршавии ин қавм аз оини аҷдодиаш - Ислом аст. Золимиву сарватпарастии баъзе давлатмардонаш низ аз ноошноияшон бо Ислом аст.” Имоммуҳаммад Ғоибов афзудааст, “як хислати дигаре, ки ҳама нокомиҳоро замина мегузорад, маҳалгароии мардуми тоҷик аст.” Кошиф Сулаймонӣ аз Иқбол овардааст, ки:
“Ҳанӯз андар ҷаҳон одам ғулом аст,
Низомаш хому кораш нотамом аст.”


Хислатҳои монанди тоҷику узбак

Владимир Криско
Владимир Криско
Владимир Криско дар китобаш портрети этнопсихологии қавмҳои дигар, аз ҷумла наздиктарин ҳамсояи тоҷикон – узбакҳоро низ кашидааст. Дар таърифи узбакҳо аз ҷумла мехонем, ки ин қадимтарин қавми сокини Осиёи Марказист, ки психологияаш таҳти таъсири мардумони шаҳрнишини эронитабору турктабори минтақа ва қавмҳои кӯчии Осиёи Марказӣ такомул ёфтааст. Ба навиштаи ин манбаъ, такомули хислатҳои мардуми узбак тақрибан ҳамзамон ва ҳамсон бо мардуми тоҷик сурат гирифта, дар бисёр гӯшаҳое, ки ин ду миллат муштаракан ба сар мебаранд, як нафари бегона байни инҳо фарқи зиёде гузошта наметавонад, ило ба забон, ки он ҳам ба якдигар хеле махлут шудааст.

Узбакҳо ба сурати умум мардуми тозакор таъриф мешаванд, ки “аз қадим пайваста рӯфтани хонаву ҳавлӣ ва ҳатто кӯчаи атрофи дарвозаашон барои ин мардум ҳатмист. Ва агар узбак дар ягон минтақаи дигар бо ибтикори худ тоза кардани ҳудудеро ба ӯҳда бигирад, метавон мутмаин буд, ки тозагӣ ва тартиб дар онҷо ба сурати доим ва аз рӯи инсоф таъмин хоҳад шуд.”

Узбакҳо, бино ба бардошти Криско, мардуми то ҷое шармгину камгап ва дар муносибат бо бегонаҳо боэҳтиёт ба назар мерасанд, вале дар айни замон бо дили соф, зудбоварӣ ва қотеъияти худ фарқ мекунанд. Узбакҳо низ мисли тоҷикҳо нисбат ба маҳрумиятҳои рӯзгор сабру тоқати тамом нишон дода, ба калонсолони худ эҳтироми тамом қоиланд ва мисли тоҷикҳо дӯст медоранд, ки тавсифашон кунанд. Бахусус агар сухан дар бораи фанҳагу таърих, урфу одатҳо ва эҳсосоти миллии ин мардум равад.
XS
SM
MD
LG