Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикҳо дигар “Равшану Ҷамшуд” нестанд?


“Тоҷикҳо. Кистанд онҳо?” – ин суол дар меҳвари гуфтугӯ дар нишасте дар Маркази пажуҳишии “Мактаби олии иқтисодии Маскав” қарор гирифт.

Дар нишасте дар Маркази пажуҳишии “Мактаби олии иқтисодии Маскав” бо такя ба таҳқиқоти Бонки Ҷаҳонӣ ва як пажуҳиши донишманди рус Евгения Чернина тимсол ё портрети муҳоҷири тоҷик тасвир шуд. Бар пояи он, муҳоҷири тоҷик - узви хонаводаи бузургест, ки дар он мардҳо бештаранд ва ӯ писари сарвари оила аст.

Дар Русия муҳоҷир назар ба кишвараш 5 баробар бештар маблағ ба даст меоварад. Аз се ду ҳиссаи муҳоҷирони тоҷик дар Русия сабтином шудаанд ва аз 10 нафар нӯҳ нафарашон иҷозаи кор доранд. Муаллифи пажуҳиш гуфтааст, тақрибан 65 дарсади муҳоҷирони корӣ маълумоти миёна доранд. Миёни онҳо афроди маълумоти олидор ва дар аспирантура таҳсилкарда 15 дарсадро ташкил медиҳанд ва аз ин рӯ муаллиф ба натиҷае расидааст, ки афроди маълумоти олидор дар Тоҷикистон монданро авлотар мехонанд.

92 дарсади муҳоҷирони тоҷик мардҳоянд ва синни миёнаи онҳо 29 аст. Миёни онҳо сокинони шаҳр кам - ҳамагӣ 19 дарсаданд. 85 дарсади муҳоҷирон забони русиро каму беш медонанд. Дар робита ба шуғли муҳоҷирон гуфта шудааст, ки 40 дарсади онҳо дар сохтмон кор мекунанд, 11 дарсад дар бахши хизматрасонӣ ва тиҷорат, боқимонда ба "корҳои сиёҳ" машғуланд. Маоши миёнаи муҳоҷири тоҷик дар як моҳ 350 долларро ташкил медиҳад, ки аз он 234 долларашро ба ватан мефиристад. Аз нигоҳи коршиносон, муаллифон талоши анҷоми як пажуҳиши воқеъбинона дар тасвири тимсоли муҳоҷири тоҷик кардаанд, ки солҳо боз дар расонаҳои Русия бештар мавриди танқиду таҳқиру истеҳзо қарор дошт.

Абдулло Давлатов, раиси созмони Иттиҳодияи тоҷикони Русия мегӯяд, ҳоло гурӯҳҳое дар ҷомеаи Русия иқрор мекунанд, ки бештари муҳоҷирони кории тоҷик воқеан ҳам заҳматкашу софдиланд ва агар ҳукумати Тоҷикистон барои забони русиву фарҳангу таърихи Русияро омӯхтани онҳо талош мекард, ба кишвар фоидаи бештар мерасид.

Валерий Аҳадов
Валерий Аҳадов
Валерий Аҳадов, таҳиягари тоҷики муқими Маскав, низ мегӯяд, ба мушоҳидаи ӯ симои муҳоҷири тоҷик, ки қаблан бештар чун ҷинояткору террорист ва қочоқбари маводи мухаддир рӯи навори синамо меомад, моҳҳои охир тағйир мехӯрад ва синамогарон талоши тасвир кардани хислатҳои нек ва чеҳраи воқеии ӯро доранд. Ба гуфтаи Валерий Аҳадов, айни ҳол ҳадди аққал ду таҳиягари рус – Лариса Садилова ва Сергей Николаев машғули навори филмҳои ҳунарӣ аз рӯзгору муҳаббату мушкилоти тоҷикони Русияанд. Ӯ меафзояд, “соли гузашта як филми хело хуби ҳамватанамон Фарҳод Абдуллоев дар бораи рӯзгори муҳоҷирон рӯи навор омад, ки дар чанд ҷашнвора соҳибҷоиза шуд”.

Чанде пеш шабакаи телевизионии НТВ ҳам филми чаҳорсериягиеро намоиш дод, ки қаҳрамони асосии он як тоҷики муҳоҷир буд. Ин ҳама, аз нигоҳи ӯ, паёмади сиёсати нави Маскав аст, ки талоши таъмини ҳамзистии осоиштаи ҳама миллатҳо дар кишварро дорад. Аммо, меафзояд Валерий Аҳадов, аз зеҳни мардум пок кардани он ҳама тасаввуроти манфӣ дар бораи муҳоҷирони тоҷик, ки расонаҳои Русия солҳо дар майнаҳо ҷой кардааст, саҳлу осон нест.

Ӯ гуфт, “бубинед, дунё ҳамин аст, дар он бист дарсад “сурхҳо”, бист дарсад миллатгароҳо ва шаст дарсад одамони дуруст ҳастанд. Бадбинӣ, мутаассифона, бештар дар сатҳи маишӣ ҳувайдо мешавад ва онро аз байн бурдан хело мушкил аст.” Таҳиягари маъруф меафзояд, “дар гуфтугӯҳо ҳамеша аз тоҷикон ситоиш мекунанд ва мегӯянд, ки онҳо заҳматкаш, дур аз машрубот ва самимиву меҳрубонанд. Чӣ қадар шиносҳои ман дӯстони тоҷик доранд, баъзе тоҷикон дар бӯстонсароҳои онҳо кор мекунанд ва ҳамеша фикрашон дар бораи тоҷикон мусбат аст. Аммо... аммо ин муборизаи тулонист, вале синамо метавонад кореро анҷом диҳад, шояд қатра-қатра, аммо метавонад, ҳарчанд, муттассифона, тавони анҷоми ҳама корро надорад.”

Абдулло Давлатов ҳам мегӯяд, тайғири бархӯрди мардуми бумии шаҳрҳои Русия ба муҳоҷирони тоҷик раванди хело мушкилу тулонист. Аз нигоҳи ӯ, моҳҳои ахир ин бархӯрд ҳатто бадтар шудааст. Ба гуфтаи Давлатов, сабаби ин шояд рафтори ғайри қобили таҳаммули баъзе аз ин муҳоҷирон дар кӯчаву хиёбонҳост, ки боиси асабонияти сокинони маҳаллӣ мешавад: “Муҳоҷирони корӣ фарҳанги гаштугузор дар шаҳрҳои Русияро надоранд. Масалан мебинанд, ки як ҷавони рус дар даст шишаи обҷав ва дар лаб сигор дар кӯча мегардад. Ҷавонони тоҷику ӯзбаку қирғиз гумон мекунанд, ки одами ҳозиразмон бояд ҳамин хел бошад ва ба ӯ тақлид мекунанд. Мардуми маҳаллӣ мегӯянд, ки мо аз бадмастҳои худ безор шудем, боз инҳо аз куҷо пайдо шуданд?”

Мушкили дигар, ба гуфтаи ӯ, албатта, надонистани забони русӣ ва надоштани таҷрибаи муошират бо мардуми ғайр аст, зеро аксари муҳоҷирон аз деҳа хеста, рост ба шаҳрҳои бузурге чун Маскав меоянд. Валерий Аҳадов мутмаин аст, ки ба хотири тағйири афкори ҷомеаи Русия дар бораи муҳоҷирони тоҷик бояд донишмандон ва аҳли фарҳангу санъат канори ҳам биёянд ва ҳар яке дар бахши худ кореро анҷом диҳад, зеро, ба гуфтаи ӯ, қатра низ метавонад рӯзи сангро шикофад.
XS
SM
MD
LG