Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Керрӣ раиси ҷумҳури Сурияро ба “ҷинояти ҷанг” муттаҳам кард


Ҷон Керрӣ
Ҷон Керрӣ

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, Башор Асад – раиси ҷумҳури Сурияро ба “ҷинояти ҷанг” дар Ҳалаб муттаҳам кард. Вай аз Эрону Русия, ду муттафиқи Сурия, хост, ки Асадро барои хатми бомбаборонҳо водор намоянд. Ҷон Керрӣ рӯзи 10 декабр дар нишасти Порис гуфт, "Русияву Асад ин фурсатро доранд, ки аз худ мулотифат нишон диҳанд. Бо манъи бомбаборонҳо иҷоза диҳанд, ки ғайринизомиҳо аз Ҳалаб берун раванд." Дар нишасти Порис вазирони умури хориҷии чанд кишвари аврупоӣ ва арабӣ, инчунин, намояндагони мухолифини Сурия ҳузур доштанд. Аммо изҳороти Ҷон Керрӣ дар ҳоле садо дод, ки нерӯҳои давлатии Сурия рӯзи 10 декабр бомбаборони Ҳалабро аз сар гирифтанд. Дар хабари дигар фаъолони Сурия изҳор доштанд, ки гурӯҳи “Давлати исломӣ” бори дигар вориди шаҳри таърихии Палмира шудааст. ДИИШ соли гузашта наздики даҳ моҳ ин шаҳрро дар тасарруфи худ дошт.

XS
SM
MD
LG