Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши тоҷикон барои ширкат дар ҳаёти сиёсии Қирғизистон


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар интихоботи маҷлисҳои маҳаллии Қирғизистон, ки имрӯз, 25-уми ноябр баргузор мешавад, беш аз 120 номзади тоҷиктаборон барои курсии вакилӣ талош мекунанд.

Беҳбуд бахшидан ба вазъи таълим дар мактабҳои тоҷикии Қирғизистон, бештар кардани соатҳои омӯзиши забони тоҷикӣ дар мактабҳо, рушди ҳамкориҳои марказҳои фарҳангии тоҷикони Қирғизистон бо ниҳодҳои фарҳангии ин кишвар, таъмини хонаводаҳои ҷавони тоҷиктабор бо замин, аз умдатарин масъалаҳоест, ки дар барномаи пешазинтихоботии беш 120 номзади тоҷиктабори Қирғизистон пешбинӣ шудааст, ки барои курсӣ дар маҷлисҳои маҳалӣ талош мекунанд.

Мухторҷон Дадоев, муовини раиси Ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон дар суҳбат Радиои Озодӣ, аз нақши тоҷикон дар арсаҳои гуногуни ин кишвар ёдоварӣ карда ва саъйи номзадҳои тоҷикро боз кардани роҳ барои иштирок дар ҳаёти сиёсӣ унвон кард: «Дар Қирғизистон 48 олимони тоҷик ҳаст. Онҳо дар соҳаҳои гуногуни илм кор карда истодаанд. Дар корхонаҳои давлатӣ ҳам намояндагони тоҷикон кор карда истодаанд. Фақат як масъала ҳаст, ки тоҷикон забонӣ қирғизиро нағз наомӯхтаанд. Барои ҳамин мо ҷамъияти тоҷикон кор карда истодаем, ки забони давлатиро нағзтар омӯзанд. Зиёда аз 120 нафар тоҷикон номзадии худашонро барои депутатӣ мондаанд. Ин ҳам яке аз роҳи иштироки тоҷикон дар ҳаёти сиёсии Қирғизистон мебошад.»

Бино ба иттилои Марказҳои фарҳангии тоҷикон дар Қирғизистон, аз деҳаҳои Уҷқурғон 70 нафар, Ҳайдаркон 15, Қурғонча 3, Андарак 22 шаҳр Қизил қия 10 нафар аз ҷумлаи номзадҳои тоҷиктаборанд. Ҳоҷиназир Тойиров, як тан аз номзадҳои тоҷики деҳаи Андараки вилояти Ботканд мегӯяд, ки ҳадафи асосиаш боз ҳам беҳбуд бахшидан ба муносиботи мардуми қирғизу тоҷик дар ҷамоатҳо ва деҳот аст: «Ман барои бо бародарони қирғиз муносибатҳоро нағз кардан, номзадиамро гузоштам. Дуюм, аз 7 ҳазор тоҷике, ки дар Андарак ҳаёт ба сар мебаранд, дар 20 соли исқлдолияти Қирғизистон, ҷавононе, ки то чор фарзанд доранд, як сотих замин нагирифтаанд. Барои онҳо, ки навбат истодаанд, кӯмак кардан. Сеюмин мақсади ман ин ки, се мактабе, ки дар Андарак ҷой доранд. Дар онҳо 20 талаба мехонанд ва масъалаи китоби дарси ниҳоятдараҷа вазнин аст.»

Аз мӯҳтавои барномаҳои номзадҳои тоҷиктаборон ба маҷлисҳои маҳаллии Қирғизистон ба назар мерасад, ки онҳо бештар дар фикри беҳбуд бахшидани муносиботи тоҷикҳо ва қирғизҳо дар деҳоту ҷамоатҳо мебошад. Мавлонҷон Абдураззоков, номзад аз деҳшӯрои Учқурғони вилояти Ош мегӯяд, ки солҳои ахир масъалаи таниш миёни миллатҳо ҷиддӣ мешавад ва барои пайдо кардани роҳҳои беҳтари муносибат миёни ақвом, мехоҳад вакил маҷлиси маҳаллӣ шавад: «Дар қишлоқи мо бисёр масъалаҳои ҷиддӣ пайдо шуда монд, бисёр вақт масъалаҳои миллӣ. Соли 2010 ҳамин масъала яке аз масъалаҳои муҳим шуда монд. Албатта, дӯстии байни миллатҳоро дар ҷои якум мемонам. Барои мо тинҷӣ ва дӯстии миллатҳо даркор аст. Мо қонунҳои давлати Қирғизистонро ҳимоя ва риоя мекунем. Лекин ҷонсӯзи миллат ҳастем. Чунки намехоҳем ҳукуқи конститутсионии миллати мо поймол шавад.»

Дар Қирғизистон системаи нави интихоботи вакилон роҳандозӣ шудааст. Мувофиқи он вакилон ноҳиявӣ ва вилоятӣ интихоб нагашта, ба ҷои онҳо вакилони деҳа ва шаҳрҳо бевосита ба парлумон тобеъ мешаванд. Коршиносон, ин шеваи интихобро аз системаи қаблӣ беҳтар медонанд, зеро ба андешаи онҳо, аз ин роҳ ҷузътарин мушкилот ҳам ба парлумон мерасад.
XS
SM
MD
LG