Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти Тоҷикистон аз Эстония дар Ҷоми Иттиҳод


Мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Иттиҳод аз дастаи Эстония бо ҳисоби 1:4 шикаст хӯрд.

Дастаи мунтахаби ҷавонони зери 22-солаи Тоҷикистон дар дувумин бозиаш дар 24-умин давраи мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2016 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия аз тими Эстония бо ҳисоби бузурги 1:4 мағлуб гашт.

Ин бозии даври дувуми гурӯҳи “В” шаби сешанбеи 19-уми январ дар маҷмааи варзишию фарҳангии “Петербургский” баргузор шуд.

Дар нимаи аввали дидор бозигарони мунтахаби Эстония Салисте ва Ярва ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон ду голи беҷавоб заданд.

Баъди танаффус, Парвизҷон Умарбоев, бозигари мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, дар дақиқаи 60-ум тӯбро аз ҷаримаи 11-метра ба ҳадаф расонд ва ҳисобро тағйир дод. Вале пас аз ду дақиқа голи севуми эстониҳоро Миллер вориди дарвозаи тими Тоҷикистон намуд. Голи чаҳоруми мунтахаби Эстонияро Каубер дар дақиқаи 90-ум ба самар расонд.

ТОҶИКИСТОН – ЭСТОНИЯ - 1:4 (0:2)

Голҳо: Салисте, 23 (0:1). Ярва, 28 (0:2). Умарбоев, 60 – аз пеналтӣ (1:2). Миллер, 62 (1:3). Каубер, 90 (1:4).

Тоҷикистон: Сониев (Хайриев, 76), Ҳакимов (Ҷалилов, 82), Табрези Давлатмир, Ҷӯрабоев, Умарбоев, Фаридун Шарифов, Алиев, Бобоҷонов (Эҳсони Панҷшанбе, 76), Эргашев, Қараев, Фузайлов (Раҳматов, 55).

Эстония: Карофелд, Паю (Алоэ, 78), Юхкам, Авилов, Салисте (Синявский, 68), Шлейн (Кокла, 68), Мяги (Оямаа, 68), Миллер (Каубер, 68), Пеэтсон, Ярва (Кирсс, 58), Рооснупп (Марин, 78).

Огоҳонида шуданд: Қараев, 31. Пеэтсон, 65.

Доварон: Кукуян, Князев, Каруненко (ҳама – Русия).

19 январ. Санкт-Петербург. МВФ «Петербургский».

РУСИЯ – ЛАТВИЯ - 2:1 (1:1)

Голҳо: Корян, 30 (1:0). Климашевич, 37 (1:1). Саламатов, 82 (2:1).

Русия: Хайкин, Куфтин, Кирисов, Карпов, Серасхов, Петров (Милдзихов, 86), Букия (Саламатов, 59), Жабкин (Рудковский, 75), Корян (Зинковский, 46), Сутормин (Муллин, 46), Болов (Шейдаев, 46).

Латвия: Куракинс, Сорокинс, Черномордис, Беренфелдс, Флаксис, Воробёвс (Кирилинс, 68), Казачокс, Ивановс (Саврупс, 74), Шлампе (Литвинскис, 55), Тиденбергс (Шачсинс, 67), Климашевич.

Огоҳонида шуданд: Корян, 6. Казачокс, 66. Черномордис, 74. Куфтин, 85. Шачсинс, 90.

Доварон: Сараев, Новиков, Мухторов (ҳама – Русия).

19 январ. Санкт-Петербург. МФВ «Петербургский».

Ҷадвали сабқати гурӯҳи В

1. Эстония – 6 имтиёз, таносуби тӯбҳо - 6-2.
2. Русия – 6 имтиёз, 4-2.
3. Латвия – 0 имтиёз, 2-4.
4. Тоҷикистон – 0 имтиёз, 2-6.

Гурӯҳи А

ҚАЗОҚИСТОНБЕЛАРУС - 0:0

МОЛДОВА – ҚИРҒИЗИСТОН - 2:0

Голҳо: Ребенжа, 55 (1:0). Пайрели, 85 (2:0).

Ҷадвали сабқати гурӯҳи “А”

1. Молдова – 6 имтиёз, таносуби тӯбҳо - 3-0.
2. Қирғизистон – 3 имтиёз, 1-2.
3. Беларус – 1 имтиёз, 0-1.
4. Қазоқистон – 1 имтиёз, 0-1.

Мунтахаби Молдова новобаста аз натиҷаи бозии охиринаш бо дастаи Беларус дар гурӯҳи “А” мақоми аввалро касб карда, ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфт.

Мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон дар даври ниҳоии сабқати гурӯҳӣ рӯзи панҷшанбеи 21-уми январ бо мунтахаби Латвия вориди рақобат мешавад.

Мувофиқи дастури Ҷоми Иттиҳод-2016 ғолибони гурӯҳҳо ба бозии ниҳоӣ роҳ меёбанд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои дувумро мегиранд, барои ҷойи севум мубориза мебаранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои севумро ишғол менамоянд, барои ҷойи панҷум рақобат мекунанд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо дар ҷойҳои охир қарор мегиранд, барои ҷойи ҳафтум талош хоҳанд кард.

Ҷоми Иттиҳод-2016

Гурӯҳи «А»: Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон, Молдова.

Гурӯҳи «В»: Латвия, Эстония, Русия, Тоҷикистон.

Тақвими бозиҳои Ҷоми Иттиҳод-2016:

Даври 1-ум

17 январ (якшанбе)

Беларус – Қирғизистон – 0:1
Қазоқистон – Молдова – 0:1
Латвия – Эстония – 1:2
Русия – Тоҷикистон – 2:1

Даври 2-юм

19 январ (сешанбе)

Молдова – Қирғизистон – 2:0
Қазоқистон – Беларус – 0:0

Тоҷикистон – Эстония – 1:4

Русия – Латвия – 2:1

Даври 3-юм

21 январ (панҷшанбе)

14:00 – Беларус – Молдова
16:15 – Қирғизистон – Қазоқистон
18:30 – Латвия – Тоҷикистон
21:00 – Эстония – Русия

23 январ (шанбе)

13:00 – Бозӣ барои ҷойи 7-ум
15:15 – Бозӣ барои ҷойи 5-ум
17:30 – Бозӣ барои ҷойи 3-юм
21:00 – Бозии ниҳоӣ

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG