Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси марказҳои забономӯзӣ: ақаллиятҳо истиқбол мекунанд


20 дар сади аҳолии Тоҷикистонро ақаллиятҳои миллӣ ташкил медодаанд
20 дар сади аҳолии Тоҷикистонро ақаллиятҳои миллӣ ташкил медодаанд

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон қарор кардааст, дар минтақаҳои зиндагии сарҷамъонаи ақаллиятҳои миллӣ марказҳои омӯзиши забони тоҷикиро таъсис диҳад.

Гуфта мешавад, бо ин роҳ ва ҳам нашри луғатҳои дузабонаи гуногун барои шаҳрвандони кишвар шароите муҳайё мегардад, ки забони давлатиро биомӯзанд ва аз он истифода кунанд.

Бибиосия Ғуломова, муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон гуфт, дар солҳои аввали татбиқи ин барнома дастурҳои таълимии омӯзиши забони давлатӣ барои ақаллиятҳои миллӣ таҳия ва нашр хоҳанд шуд:

«Барои роҳандозии марказҳои омӯзиши забони тоҷикӣ таҳияи муҳовараҳои тоҷикӣ-ӯзбекӣ, тоҷикӣ-қирғизӣ ва тоҷикӣ-русӣ дар назар гирифта шудааст».

Барномаи таъсиси марказҳои омӯзиши забон барои ақаллиятҳои миллӣ дар ҳоле роҳандозӣ мешавад, ки ҳукумати Тоҷикистон як тарҳи чаҳорсолаи рушди забонро амалӣ мекунад.

Раҷабалӣ Сангов, сармутахассиси раёсати илм ва инноватсияи вазорати маорифи Тоҷикистон гуфт, мувофиқи хоҳиши ақаллиятҳои миллӣ раёсату шуъбаҳои маориф вазифадор шудаанд, ки барои омӯзиши забони давлатӣ гуруҳҳоро таъсис дода, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ба фаъолият шурӯъ кунанд:

«Барои мисол, ин марказҳо дар назди мақомоти иҷроияи маҳалҳо, яъне, ҳукуматҳои ноҳияву шуъбаҳои маориф бояд фаъолият бикунанд, ки ин бевосита ба кормандони ҳукуматҳову шуъбаву раёсатҳо дахл дорад . Аммо барои аҳолӣ бошад, ки бевосита хоҳиши аз худ кардани забони тоҷикиро дорад, чунин марказҳо дар деҳотҷойҳо низ бояд амалӣ карда шавад».

Толиб, як сокини узбактабори шаҳри Турсунзода, аз роҳандозии чунин марказ истиқбол кард: «Медонед, дар хонаи мо 90 фисад бо забони узбекӣ суҳбат мекунанд, ман бошам тоҷикиро хуб медонам. Як ҳодисаро бояд гӯям, ки писари холаам, вақте мактабро хатм кард, бояд ба донишгоҳ дохил мешуд, аммо забони тоҷикиро тамоман намедонист. Холаам ӯро муддати 2 моҳ ба хонаи мо овард ва бо ман бо забони тоҷикӣ суҳбат карда каму беш аз худ кард ва баъд ба донишгоҳ дохил шуд. Агар ин хел марказҳо бошад, албатта, ин ба фоидаи мо аст».

Валентина, як намояндаи оҷонсии федеролии Русия “Россотрудничество” дар Тоҷикистон гуфт, ҳарчанд фарзандонаш дар ин кишвар нестанд, вале набераҳояш дар мактабҳои русии пойтахт таҳсил мекунанду забони тоҷикиро низ меомӯзанд. Вай афзуд, онҳо мехоҳанд, дар баробари омӯзиши забон аз фарҳангу таърихи тоҷикон низ огоҳ шаванд:

«Набераҳои хурди ман ҳам тоҷикиро намедонистанд, вале ҳоло дарсҳои забони тоҷикӣ дар мактабҳои русӣ низ хуб ба роҳ монда шудааст. Таъсиси марказҳои махсус, фикр мекунам, беҳтару хубтар аст».

Аммо чанд ҳамсӯбати дигари мо таъсиси марказҳои омӯзиши забони тоҷикиро чандон зарур нашумориданд. Светлана ва Руслан низ дар суҳбати сарироҳӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ба омӯзиши забони тоҷикӣ майл надоранд.

Шаҳринисо Қодирова, як сокини шаҳри Душанбе, ки миллаташ узбак аст, мегӯяд, барои ӯ ва фарзандонаш омӯзиши забони тоҷикӣ мушкил аст. Ин ҳамсуҳбати мо ворид шудани калимаҳои бегонаро ба забони тоҷикӣ яке аз омилҳои нофаҳмо шудани ин забон донист:

«Бале, ман дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунам ва барои ман донистани забони тоҷикӣ зарур аст. Аммо бояд дар баробари таъсиси ин марказҳо омӯзиши забони тоҷикӣ аз калимаҳои сода шурӯъ шавад. Вақте замони Шӯравӣ забони русӣ зиёд тарғиб мешуд, он вақт омӯзиши ин забон барои ҳама бепул буду дастрас. Агар марказҳои омӯзиши забони тоҷикӣ низ ройгон бошад, ман ҳатман кӯдаконамро ҷалб мекунам».

Таҳлилгарон мегӯянд, бо вуҷуди он ки дар гузашта ақаллиятҳои миллӣ дар кишвар кам набуданд, онҳо ба омӯзиши забони тоҷикӣ рағбат надоштанд ва мегуфтанд, ҳукумат барои ин шароит фароҳам наовардааст.

Ба ақидаи профессор Баҳриддин Камолиддинов - забоншиноси тоҷик, он вақт барои намояндагони миллатҳои дигар омӯзиши забони тоҷикӣ зарур намеомад:

Баҳриддин Камолиддинов - забоншиноси тоҷик
Баҳриддин Камолиддинов - забоншиноси тоҷик
«Дар баробари коргузорӣ бо забони русӣ, он вақт мактабҳои русӣ ҳам дар кишвар зиёд буду барои русзабонҳо омӯзиши забони русӣ хубтару осонтар. Ана аз ҳамин лиҳоз дар дили ақаллиятҳои миллӣ дилгармӣ нисбат ба забони тоҷикӣ набуд».

Ба таъкиди профессор Камолиддинов, марказҳои омӯзиши забони давлатӣ мебоист дар давоми бист соли истиқлолият таъсис ёфта, кайҳо мушкили ақаллиятҳои миллиро осон мекарданд.

Ин дар ҳолест, ки аз кай ба кор оғоз кардани марказҳои омӯзиши забони тоҷики ҳанӯз рӯшан нест.

Радиои Озодӣ
XS
SM
MD
LG