Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порошенко хотираи қурбониёни Бабий Ярро гиромӣ дошт


"Украина куштори дастаҷамъии яҳудиҳоро дар солҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ҳамчун андӯҳи худ медонад"- гуфт раиси ҷуҳмури Украина Петр Порашенко дар маъракаи бахшида ба 75- умин солгарди фоҷеаи Бабий Яр дар Киев. "Лавҳаи хотира дар Бабий Яр бояд намоде бошад, ки чунин фоҷеаҳо дигар ҳеҷ гоҳ такрор нашаванд, намоди эҳтироми ҳамаи украиниҳо, сарфи назар аз миллати онҳо бошад"- гуфт Порашенко ва афзӯд ки барои яҳудиситезӣ дар Украина ҷой нест.

Дар замони ишғоли Киев аз ҷониби Олмон Бабий Яр макони қатлҳои дастаҷамъии яҳудиҳо, лӯлиҳо, чирикиҳо ва аъзои Созмони миллатгароёни Украина буд. Танҳо дар ду рӯз- 29-30 уми сентябри соли 1941 дар ин мавзеъ 34 ҳазор яҳудӣ кушта шуданд. Қатлҳои дастаҷамъи то соли 1943, то озодшавии Киев идома доштанд. Бинобар арзёбиҳои таърихшиносон дар тамоми ин муддат аз 70 то 200 ҳазор нафар дар ин "Дараи Марг" маҳв шуданд.

Баъди Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ҳукумати Шӯравӣ талош кард, ки фоҷеаи Бабий Яр пинҳон монад, аммо моҳи ноябри соли 1966, дар 25 умин солгарди фоҷеа қарор шуд ки дар он ҷо муҷассама гузоранд.

XS
SM
MD
LG