Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти қарзҳои ҷанҷолии Бонки Миллӣ чӣ шуд?


Бонки Миллии Тоҷикистон муҳосиботи молии худ дар соли 2011-ро нашр кард, ки дар он моҷарои сӯистифода аз қарзҳо ҳамчун доғи сиёҳ боқӣ мондааст.

Гуфта мешавад, маблағҳои чашмгир, ки барои рушди соҳаи кишоварзӣ буданд, зоҳиран барҳадар рафтаанд. Дар муҳосиботи Бонки Миллӣ, ки ширкати «Ernst and Young» анҷом додааст, гуфта мешавад, дар муддати ду соли гузашта, муассисаву афроди алоҳидае, ки он замон бо воситаи ширкати «КредитИнвест» аз Бонки Миллӣ қарз гирифтаанд, танҳо андаке бештар аз 220 ҳазор долларро баргардондаанд.

Бар асоси созишномаҳое, ки Бонки Миллӣ то охири соли 2011 бо қарздорон бастааст, бояд 106 миллион доллар қарзҳои напардохтаи худро баргардонанд. Дафтари Бонки Миллии Тоҷикистон дар шарҳи ин мавзӯъ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки муассисаҳои қарздор барои комилан баргардонидани пули Бонки Миллӣ панҷ соли дигар мӯҳлат доранд:

«Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади ҳаллу фасли қарзҳои сармоягузорон, ки ба воситаи Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “КредитИнвест” барои коркард ва содироти маҳсулоти пахтагӣ маблағгузорӣ шудаанд, шартномаҳои қарзӣ ба имзо расонида, ҷадвали пардохти қарзҳоро аз 1 апрели соли 2010 то 31 марти соли 2018 омода ва тасдиқ намуд. Дар айни замон пардохти қарзҳо аз ҷониби сармоягузорон дар мӯҳлатҳои муқарраргардида идома дорад.”

Моҷарои ин қарзҳо ба солҳои 2004 то 2007 ба аҳди раёсати Муродалӣ Алимардонов дар Бонки Миллии Тоҷикистон бармегардад, ки бо замонатҳои давлат ба ширкати “КредитИнвест” бештар аз 800 миллион доллар қарз додааст, то он дар навбати худ барои пахтапарварӣ ба деҳқонони тоҷик қарз бидиҳад. Аммо тайи ин солҳо, хоҷагиҳои пахтапарвар, ба гуфтаи худашон бинобар “беинсофии сармоягузорон” то баногуш ба қарз фӯру рафтанд ва қарзи онҳо аз марзи 700 миллион доллар ҳам гузашт.

Моҷарои қарзҳо баъд аз он бузургтар шуд, ки Бонки Миллӣ ба хотири дарёфти қарз, ба Сандуқи Байналмилалӣ гузориши бардурӯғ дод. Баъди ошкор шудани ин пинҳонкориҳо, Сандуқи Байналмилалии Пул аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ки 49 миллион долларро пеш аз мӯҳлат баргардонад ва ҳукумат ҳам онро то поёни соли 2009 бозпас дод. Моҷарои мазкур сабаби коста шудани обрӯи кишвар дар арсаи байналмилалӣ шуд ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар номае ба Сандуқи Байналмилалии Пул аз амалкарди Бонки Миллӣ ибрози таассуф намуд.

Баъди ин моҷаро дар соли 2009 ҳукумати Тоҷикистон бо тавсияи Сандуқи Байналмилалии Пул, шӯъбаи қарзҳо барои хоҷагиҳои пахтапарварӣ дар Бонки Миллиро барҳам дод ва аз баҳри садҳо миллион доллар қарзи хоҷагиҳои кишоварзӣ гузашт. Дар ҳамон сол, ширкати “КредитИнвест”-ро ҳам барҳам доданд ва Бонки Миллӣ ба ҷойи ин ширкат 218 миллион долларро ба бонкҳои хориҷӣ, аз ҷумла Швейтсария баргардонид.

Аммо бар асоси як фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон дар соли 2010, 154 миллион доллари боқимонда, ки барои маблағгузории соҳаи пахтапарварӣ набуданд ва бо ҳадафҳои дигар истифода шудаанд, бояд ба хазинаи давлат баргардонда мешуданд. Аз ҷумла дар бозрасии пешинаи «Ernst and Young» омадааст, ки 235 ҳазор доллар на ба соҳаи кишоварзӣ, балки барои бозсозии як тарабхона дар Истаравшан ихтисос ёфта буд."

То ҳол исми бисёре аз ин ширкатҳое, ки ин қарзҳоро гирифтаанд, маълум нест, аммо номи чанде аз онҳо дар муҳосиботи «Ernst and Young» зикр шудааст. Яке аз ширкатҳо корпоратсияи «Хима» будааст, ки гӯё ба Муродалӣ Алимардонов, раиси пешини Бонки Миллӣ ва Изатулло Ҳаёев, нахуствазири собиқи Тоҷикистон тааллуқ дорад. Дигар аз ширкатҳое, ки аз «саховатмандии» Бонки Миллии Тоҷикистон дар он замон баҳра бурдаанд, ҷамъиятҳои саҳҳомии «Тамер ИНБ», «Олими Каримзод», «Хуҷанд Инвест Коттон», «Ёрирасони бепарастон» аст, ки раиси ахирӣ Қурбон Чолов аз фармондеҳони собиқи замони ҷанги шаҳрвандист. Муассисаи дигар, ки аз қарзҳои Бонки Миллӣ ба истилоҳ баҳра бурдааст, ширкате бо номи "Баракат" будааст, ки ба гуфтаи бозрасон ба "бародар ва падари Муродалӣ Алимардонов тааллуқ дорад.

Муродалӣ Алимардонов, раиси пешини Бонки Миллии Тоҷикистон ва ҳоло муовини нахуствазир, баъд аз моҷарои қарздиҳӣ гуфта буд, ки дар он замон ночор буданд, ки соҳаи пахтакориро ҳифз ва сармоягузорӣ кунанд, агарчи медонистанд, ин муассисаҳо чизе барои баргардондан надоранд. Ҳоло маълум нест, бештар аз 100 миллион доллари боқимондаи Бонки Миллиро ширкатҳои қарздор кай ва чӣ гуна бармегардонанд. Дар муҳосиботи Бонки Миллӣ дар соли 2011 омадааст, бо назардошти онки, баъзе аз ин муассисаҳо таҷрибаи қарзгирӣ ва амволе барои замонат надоранд, бонк бо баргардонидани қарз, онҳоро аз рӯйхати қарздорон пок хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG